Дар асоси ибтикори башардӯстонае ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишвари ҷангзадаи Ироқ ба Ватан 84 нафар кӯдаки тоҷик баргардонда шуда, ки модарони онҳо дар зиндонҳои шаҳри Бағдод маҳбусанду падарони гумроҳашон ҷон бохтаанд, ки дар натиҷа, ин кӯдакон бе парастору саробон монда буданд. Ин амали хайрхоҳона ва башардӯстона натанҳо боиси дастгириву ҳамовозии тамоми сокинони мамлакат, балки мавриди таваҷҷуҳи бисёр кишварҳои дунё гаштааст.
Бо заковати амиқи сиёсӣ ва ғаризаи дақиқи вазъшиносӣ ин тифлакони маъсумро, ки бо ҷурми волидайни ақлбохта миёни нуқтаҳои даргири ҷангу низои кишварҳои Сурияву Ироқ ҳаволаи тақдир буданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона ба Ватан бозпас хонданду шуълаи умеду эътимод ба фардои дурахшонро дар қалбҳои кӯчаки онҳо барафрӯхтанд. Мисле, ки волидайни ҷигарреш фарзандони ҳар сӯ парокандаи худро аз гирдоби даҳшатбор бо ҷаҳду талош берун оварда, ба хонадони гарм, ором ва умедбахши худ меоваранд…
Алҳол, ин ноболиғони аз меҳри падару модар маҳрумгаштаро дар оғӯши нарми табиати афсункори Ватан – дар осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» ҷойгир намуда, баҳрашон шароити хубу мусоидро фароҳам овардаанд. То ин дам ин кӯдакон дар муҳити носозгору ногувори Ироқ қарор дошта, аз ёрии зарурии тиббӣ бенасиб буданд. Кулли онҳо аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд ва равоншиносону табибони касбӣ бо мақсади аз ҳолати вазнини равонӣ берун овардани онҳо тадбирҳои ҳадафрас меандешанд, то бовариву эътимоди онҳоро ба зиндагии орому осоишта қавӣ гардонанд ва тадриҷан ба ҷомеа ворид созанд. Ҳукумати кишвар барои таъмин намудани манфиат ва шароити зиндагии арзандаи ин кӯдакон тамоми тадбирҳоро андешида, ҷиҳати ба ҳаёти осоишта баргардондани онҳо чораҷӯӣ менамояд.
Иқдоми ҷавонмардона, хайрхоҳона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат аст, ки кӯдакони бегуноҳу ҳанӯз шаҳди зиндагӣ начашидаро зери ҳимояи худ қарор доданд ва аз амали нангини волидайни онҳо – хиёнат ба Ватан чашм пӯшиданд. Бо итминон метавон гуфт, ки бо ин амали хайр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қалби ятимнавози хеш ташаббуси башардӯстонаеро пиёда намудаанд, ки оламиёнро ба сари андеша меоварданд, яъне ҷавонони гумроҳшудаеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста, аз асли воқеии ҳадафҳои ғаразноку нопоки онҳо хабар ёфтаву изҳори пушаймонӣ кардаанд, бозпас ба Ватан, ба зиндагии осоишта даъват менамоянд. Чунин иқдомро ҳукумати Россия низ аз тобистони соли 2017 ба роҳ монда буд ва фаъолона аъзои оилаи ҷангиён, аз ҷумла кӯдаконро аз Ироқу Сурия як муддат ба ватан овард ва сару садоҳо баланд мешуданд, ки Россия дар ҳалли ин қазия пешсаф аст. Вале, муддати тӯлонист, ки ҳукуматдорони ин кишвар аз ин амал даст кашидаанд. Расман эълон гардидани ҷараёни баргардондани аъзои оилаи ҷангҷӯён, аз ҷумла кӯдаконро ҳазорҳо мардуми ин кишвар солҳост интизоранд. Мутаассифона, эҳтимол меравад, ки ҳукуматдорони ин мамлакат аз баргардондани нафароне, ки ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайвастаанд, хавфи бузург доранд. Александр Бортников - директори Бюрои федералии тафтишотии Россия дар яке аз изҳороти худ гуфтааст, ки баргардондани собиқ иштирокчиёни сохтори мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ аз кишварҳои Шарқи Наздик барои мамлакат хатари воқеӣ эҷод хоҳад кард. Аммо, дар қиёс ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ройи нек ва бовариву эътимоди қавӣ ба ҷавонони тоҷике, ки ба чунин гурӯҳҳо пайвастаанду аммо аз карда пушаймонанд, имконияти бузургеро фароҳам оварданд: ба моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон замимаи 1 илова карда шуд, ки тибқи он ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳаракату амалҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ ихтиёран даст кашида, ба Ватан бармегардад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Тӯли чанд сол аст, ки иқдоми баргардондани ҷавонони фиребхӯрдаи тоҷик аз майдонҳои ҷанги Ироқ ва Сурия ба Ватан идома дорад ва то имрӯз аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористиву ифротгаро ба минтақаҳои «даргир»-и Ховари Миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонда шуд ва барои ҳамгироии онҳо ба ҳаёти осоишта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мусоидат карда мешавад.
Ҳар яки мо бояд амиқ дарк созем, ки ин амалҳои олии башардӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин миллату ин сарзамин аст, то ба ояндаи нек хурду калон гомҳои устувор гузоранду кинаву кудуратро аз тинати хеш батамом берун оранд ва дар рушди Ватани азиз саҳим бошанд. Ин нуктаро дар ҳар суханронии хеш Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди баору номус ва бонанги ҷомеа аз он иборат мебошад, ки маҷмӯи арзишҳои олии милливу диниамон - некиву накукорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намояд».
Анвори меҳанхоҳӣ ва ҷуръату ҷасорати фавқулодаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар марҳалаҳои мухталифи ҳассоси тақдирсози музокироту муборизот бо сеҳри каломи адолатхоҳонааш ба сарзамини тоҷикон Сулҳу Ваҳдат овард, ҳама неруҳои мухолифро афв кард ва муҳоҷирону фирориёну ғарибафтодаҳои деринро самимона сӯи Ватан хонд. «Ман кафил мешавам», - гуфтани ӯ дар ҳалли тамоми монеаҳо дар гуфтушунидҳо нақши калидӣ бозид, то сулҳу суботи минтақа таъмин ва тақвият ёбанд. Ҷоизаи заррини ҷаҳонии сулҳ, ки аз ҷониби намояндагони давлатҳои гуногун - аъзои корпуси ҷаҳонии сулҳ, ки рӯзи таҷлили ҷашни 9 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурданд, далели гуфтаҳои болоянд. Вале, бархе аз нотавонбинон ҳанӯз ҳам кишвари моро ба арсаи муноқишаҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ табдил доданианд, то ин оташпораҳои ҷаҳанда ба сӯхтори фарогире мубаддал шаванд. Ҳадафҳои муғризонаи чунин гурӯҳҳои ифротиву тундгаро, ки гӯё тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд, дар асл ҳадафи дигар доранд – ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва аз байн бурдани сохти дунявии давлатдории на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа. Новобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат тамоми чораҳои заруриро меандешад, то ки вазъ дар ин самт муътадил нигоҳ дошта шавад. Мебояд, ки мо ба қадри ин заҳматҳо бирасему ҳамеша даст ба дуо бошем, ки тифлакони тоҷик дигар ба минтақаҳои ҷангзада пой наниҳанду дар Тоҷикистон то абад сулҳу оромӣ пойдор бошад ва тири душманони миллат хок хӯрад!
Шоҳона ОДИНАЗОДА