Сабабу мақсад ва зарурати баргузории мулоқоти мазкурро Сарвари муаззаму баргузидаи давлатдар ибтидои суханронии амиқу пурмуҳтавои худ ба таври фишурда бад –ин тартиб шарҳу тавзеҳ дод: „Ҳадафи мулоқоти мову шумо, вакилони мардумӣ, роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ҳамчунин аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва соҳибкорону тоҷирон баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷудаи пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад“. Баргузории мулоқоти мазкур басо рамзӣ буду саривақтӣ, чаро ки дастуру супоришҳо, маслиҳату тавсияҳои додаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои тақвияту тавсеа бахшидани иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии пойтахт на танҳо ба масъулони мақомоти шаҳрдории Душанбе мутааллиқ мебошанд, балки дастуруламали мукаммалу муфассали фаъолияту буду бош барои кулли масъулини сохтору созмонҳои гуногуну сокинони тамоми нуқтаҳои маъмурию ҷуғрофии Тоҷикистони ягона аст, ки чанде пеш 25-умин ҷашни соҳибистиқлолиашро мутантану шукӯҳманд таҷлил намуда буд. Воқеан ҳам истиқлолияти давлатӣ, ин неъмати душворёби деринтизору созгории бахти миллати бостонии тоҷик аст, ки шаҳри Душанбе дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллати сарбаланду сарҷамъи мо, давлатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, меъмори сулҳ ва мунодии меҳану фарҳангу тамаддуни он Эмомалӣ Раҳмон тарҳу симои худро куллан дигар намуд ва ба қиблаи саодату суҷуди ҳама тоҷикони олам табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳеҳтараш иродаи сиёсии қавии ӯ, кор дод, ки дар фосилаю фурсати начандон тӯлонӣ ба рағми бадхоҳони табори тоҷик Муҷтамеи муҳташами Исмоили Сомонӣ дар дили шаҳри Душанбе қомат афрохт, ки на танҳо ифодагари таърихи қадимаи мову тимсоли рамзии тахтгоҳамон буд, балки ба гунаи намое ба хидмат омад аз тантанаи бебозгашти сулҳу субот дар кишвар ва устувории давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон. Чун ҳамеша ин иқдоми миллатхоҳ тақвияту тамдиди дигарро тақозо мекард, чаро ки ҳанӯз ҳам чашмҳои хираву ақлҳои тираи нохушбинҳо инро як худнамоии истисноӣ меангоштанду дар ин замина аз фақру бенавоию касодии иқтисоди Тоҷикистон ҳадсу фол мезаданду дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳангома бармеангехтанд. Вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик чун ворису меросбари давлати паҳновари сулолаи тоҷиктабори Сомониён Эмомалӣ Раҳмон дар афзудани эътибору шукӯҳу шаҳомати шаҳри Душанбе ҳамчун маъману маъво, саҳеҳтараш шаҳри миллии муосир, кӯшишу талошҳои фидокорона нишон доду дар баробари Парчами беназири бас баланду Нишони давлатӣ эҳдосу эъмори садҳо иншооти бузургандозаи истиқоматию маъмурӣ, боғҳои тафреҳию фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва толору майдонҳоро роҳандозӣ карду раҳнамоӣ. Ҳамакнун сайёҳону меҳмонони хориҷӣ чун ба шаҳри дилорои Душанбе имрӯзҳо ташриф меоранд, аз ин ободиҳо дар ҳайрат мемонанд, ба хусус аз тамошою мушоҳидаи Кохи Наврӯзу Осорхонаю Китобхонаи миллию Қасри миллат. Ин ҳама ободию сарсабзиҳо самараю натиҷаи чунин мулоқоту маҷлисҳо, ҳамоишу ҷамъомадҳо ва вохӯрию машваратҳо бо Пешвои баргузидаи миллати тоҷик, сиёсатпешаи ҷаҳоншумул, давлатмадори муқтадир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бад-ин андешаву ангору пиндорҳо ва интизороти ободкориҳо тамоми мардуми шарафманду шукргузори тоҷик аз ин мулоқоти ҷонфизою рӯҳбахш гарму самимӣ истиқбол намуда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳо, тавсияву маслиҳатҳо ва машварату ҳидоятҳои дар суханронии Сарвари давлат зикршуда камари ҳимматро маҳкам бастаанд. Махсусан қишри ояндасози ҷомеа - ҷавонон, хусусан духтарони соҳибиродаи тоҷик, азму мақсади қавӣ доранд, ки дар заминаи як ҷаҳон ифтихору рӯҳбаландӣ аз ин ҳамоиш солвораи худро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намоянд.
Шоҳона Сулаймон