Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ВМКБ Анорсултон Раҳматхудоева, яке аз чеҳраҳои фаъоли оғози Ҳаракати ваҳдати миллӣ, нақши занонро дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар бориз медонад.
Солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ дар Хоруғ раҳпаймоии густардаи бонувон бар зидди силоҳ ба вуқӯъ пайваст. Мавҷи он кӯчаҳоро пуропур карда, то назди қароргоҳи мухолифин расид. Барои расондани талаби гирдиҳамомадагон ба роҳбарони мухолифин панҷ зан бо раъси Анорсултон Раҳматхудоева ва марҳум Ғулғунча Қадамшоева намоянда шуданд. Барои ҳар дуи ин бонуи соҳибэҳтиром, ки яке 24 сол муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Шуғнон буду вазифаи раиси ифтихории Шӯрои занони ноҳияро бар дӯш дошт ва дигаре собиқадори меҳнат, ки солиёни зиёд дар сохторҳои мақомоти шаҳрӣ ва вилоятӣ кор карда, таҷрибаи зиёди муошират бо мардум дошт, гуфтугӯ бо роҳбарони мухолифин дар он давраи ҳассос шояд душвортарин лаҳза дар ҳаёташон буд.
Мавқеи қотеонаи занону модарон чун баёнгари афкори умум, ки халъи силоҳ ва баргашт ба зиндагии мулкии фарзандонашонро кафолат медонистанд, ба раванди минбаъдаи ҳодисот бетаъсир намонд.
Мардум Наврӯзро қадимтарин ва муқаддастарин ҷашн медонад ва сокинони шаҳр ёдовар мешаванд, ки рӯзи Наврӯзи яке аз он солҳои ноамнӣ ва буҳронии иқтисодиву иҷтимоӣ бо ибтикори А. Раҳматхудоева бо аҳли хонаводааш 8 навъи таоми миллӣ омода ва пешкаш намуд. Бонувони маҳаллаҳои шаҳр аз маҳсули кадбонугӣ ва фаровардаҳои дастиашон намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор ва дар кӯчаҳо ба намоиш гузоштанд, ки он баъдҳо ба ҳукми анъана даромад.
Ин бонуи хоксору масъулиятшинос дар бораи фаъолиятҳои сиёсии хеш кам мегӯяд. Дигарон ӯро яке аз пешоҳангони ташаббусҳои ҳаракати бонувон ном мебаранд, ки дар беҳбуд бахшидани паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон Ваҳдат ва Истиқлолиятро «ду боли иқбол» номиданд, ки барҳақ аст. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мафҳумҳои ягона ва баробар азизу муқаддасанд. Ин дастовардҳо ба шарофати хиради азалии мардум ва талошҳои хастанопазиру иродаи сиёсии фарзанди фарзонаи халқ - Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба даст омада, занону модарон ва собиқадорон барои тарғиби ин арзишҳои воло, ки бо гузашти солҳо қадру манзалати онҳо бештар эҳсос мешавад, худро масъул мешуморанд,- баён медорад собиқадори меҳнат.
А. Раҳматхудоева аз рӯйдоди фараҳбахше ёдовар мешавад, ки ба бовари вай гардиши куллиеро дар афкори ҷомеаи кишвар ба сӯйи созандагӣ ва бунёдкорӣ ба вуҷуд овард:
- Моҳи марти соли 1994. Маросими ба кор андохтани чархи аввали НБО «Помир - 1» дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон. Чархбол бо Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи деҳа фуруд омад. Мардум ва бинокорони неругоҳ меҳмононро хуб пазироӣ намуданд. Суханронии Сарвари давлат кӯтоҳ буду суханонашон сахт дар ёдам нақш бастанд, ки гуфтанд: «Агарчанде барф ҳанӯз зиёд аст, аз нурҳои офтоби баҳорӣ об шуда истодааст ва дар ин рӯзи хурсандӣ табиат ҳам ба шодии мо шарик гардидааст». Дар мулоқот бо собиқадорон, вақте ки меҳмони олиқадр ба кадом ёрӣ ниёз доштанашонро пурсиданд, ҳозирон танҳо як хоҳиш карданд: «Ба мо сулҳ биёред, муҳтарам раис…».
Аз мулоқоти зиёди Президенти кишвар собиқадори меҳнат хотироти рангин дорад, вале мулоқоти дигари рӯ ба рӯ бо Сарвари давлатро барояш хеле азиз медонад. Ҳангоми яке аз ташрифҳои Сарвари давлат ба ВМКБ дар шароите, ки орзуву омоли мардум ба сулҳу созандагӣ ва пешрафт комилан бароварда шуд, баргузор гардид. Дар фурудгоҳи Хоруғ байни пешвозгирандагони зиёд собиқадорон низ ҳузур доштанд. Ба Сарвари давлат гулчанбари хеле зебо тақдим гардиду Эмомалӣ Раҳмон пас аз қабули он ба назди собиқадорон омада, чун нишони эҳтиром ба дасти Анорсултон, ки дар мобайни саф меистод, доданд. Анорсултон, ҳангоме ки пас аз анҷоми пазироӣ бо гулчанбар ба хона мерафт, ҳайрат ва кунҷковии ашхоси зиёди шиносу ношиносро барангехт ва онҳо мегуфтанд:
- Чи хел гулчанбари зебову гаронбаҳо.
- Барои ман ин гулчанбар қимат ва азиз аз он ҷиҳат аст, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ба ман доданд, - мегуфт ин бонуи равшанзамир.
Мегӯянд, Анорсултон дили беқарор дораду ҳар доғеро, ки дар ҷомеа мебинад, аз лиҳози мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ нисбаташ бетараф буда наметавонаду талош меварзад бо сухани созанда ва амал дар бартараф намудани он ширкат варзад. Соле буд, ки гулгашти майдони Ғалабаро юнучқа зер кард ва алаф ба навиштаҷоти рӯи лавҳаҳо соя афканд. Чаро ки аз коштани гулу парвариши онҳо дида, посбонҳо аз дараву фурӯши юнучқа бештар фоида медиданд. Дили собиқадор аз дидани чунин манзара ва фарҳанги муносибат ба таърих ба дард омад. Аз хона досу зоғнӯл оварда, ба дараву решакан намудани юнучқа ва кандани решаҳои он сар кард. Ба посбон, ки бо дидани ин ҳолат давида омаду доду вой бардошт, гуфт: - Додар, ба фикрам вақти подабонӣ дар шаҳр кайҳо гузашт, қаҳрамонҳо меарзанд, ки гирдогирдашон гулпӯш бошад.
Собиқадорон ба ин ташаббус ҳамроҳ шуданд ва майдон аз нав гулзор гардид.
Анорсултон аз овони хурдсолӣ бо меҳнат қаринӣ дошт. Овони бачагиаш ба солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Падар омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, дар ин давра чанд мактаби шаҳрро пайи ҳам роҳбар буд. Модар зарбдори меҳнат, духтарон дар ҷамъоварии ҳосил ба модар ёвар. Анорсултон ёд дорад, аз варзишгоҳи марказӣ, ки акнун кулли тантанаҳои бузург дар ин ҷо мегузаранд, он вақт замини колхоз буд, сабзавот ҷамъ меоварданд. Меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, нармгуфторӣ, росткориву ростқавлӣ, муносибати нек бо атрофиён ва хулқу атвори ҳамидаро духтарон - Анорсултону Давлатсултон аз модар омӯхта буданд.
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ кадри ҷавону боғайрат фаъолияташро дар раёсати омор оғоз ва дар раёсати молия идома бахшида, барои иҷрои софдилонаи корҳои хидматӣ ба вазифаи иқтисодчии калон мушарраф гардид. Сипас, ӯро муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Шуғнон таъйин намуданд. Вай 24 сол дар ин вазифа кор кард. Онҳое, ки бо А. Раҳматхудоева кор карданд, сабаби «дарозумриаш» - ро дар ин вазифа дар он мебинанд, ки ин зани зиёӣ, бозаковату боандеша, ростқавлу росткор ва меҳнатдӯст худ аз мардум буду ҳеҷ гоҳ аз касе хешро боло намегузошт ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии шаҳрвандон аз диди адолат ва имконоти мавҷуд шарик мешуду қонунмандиро авлавият медонист. Агар хоҷагие дар ноҳия дар ҷамъоварии ҳосил қафо мемонду хатари зери барфу борон нобуд шудани маҳсулот таҳдид мекард, бо ташаббуси муовини раис дастаи зарбдори бонувони коргар ба ёрӣ мешитофтанд.
Боре қуттии кирмакро ба фарроши кумитаи иҷроияи ноҳия, ки дар манзили коммуналӣ дар шаҳр мезисту имконияти парваришашро надошт ва ҳомила ҳам буд, ҳавола карданд. Бо супориши А. Раҳматхудоева кирмакро дар бинои холимондаи як идораи шаҳр ҷой дода, агарчанде худ кӯдакони хурдсол дошт, парвариши онро ба зимма гирифт ва бо паси сар намудани машаққати зиёд ҳосили хуби пилла супурд. Ӯ намехост, ки бо баҳонаи рад намудани кирмак комиҷроия ангуштнамои мардум шаваду кормандонро ба меҳнатгурезӣ айбдор созанд ва аз ин рӯ, агарчи дар шаҳр мезист, кирмакпарвар ҳам шуд.
Тақдир Анорсултонро ба марди шариф Мамадэсо Ҳайдаров рӯ ба рӯ карду онҳо оила барпо намуданд ва фарзандор шуданд. Вале, марги бармаҳал шавҳарашро рабуд. Мамадэсо солҳои охири умраш сардори корхонаи нони Хоруғ буд. Коргоҳ шабу рӯз фаъол буд ва сокинони шаҳру ноҳияҳои гирду атрофро бо маҳсулоти нонӣ таъмин менамуд. Мавриде буд, мобайни шаб яке аз дастгоҳҳо аз кор монд ва коргарон ба сардори корхона телефон карданд. Ӯ дамидани субҳро интизор нашуда, худ барои таъмир намудани дастгоҳҳо ба коргоҳ шитофт. Дар ҷараёни таъмир фишори хунаш баланд шуду ба беморхона бурданд ва ӯ дар он ҷо ҷон дод. Фарзандонро модар ба воя расонд ва шукр дорад, ки номбардори волидонанд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
Хоруғ