Ваҳдати миллӣ - ибораи гуворо ба ранги вожаҳои Истиқлолият, Сулҳ, Модар – Ватан дар радифи арзишҳои муқаддас дохил мешавад, ки дар таъбиру тавсифи онҳо саду ҳазорсолаҳо достону маснавиҳо бисароем, боз ҳам, ба қадри як қатра аз баҳри ин саодати беназирро нагуфтаем. Чаро ки ҳама буду набуди миллату давлатдории мо аз он лаҳзаҳои фархундаи сарнавишти миллат ибтидо мегирад, ки дар фурудгоҳи Душанбе ҳазорон тан пиру барнои кишвар ашки шодӣ дар дидаҳо наҷотбахши худ - Сарвари Тоҷикистонро истиқбол мегирифтанд, ки аз мулоқоти Москва барои халқи ранҷбар башорати сулҳу ваҳдати миллиро оварда буданд. Сулҳе, ки ба шарофати бахшишу оштӣ ба даст омада буд, ба халқи тоҷик умеди зиндагӣ бахшид, ба олам аз ҳастии миллати тамаддунофар мужда расонд.
Солҳо паси ҳам мегузаранду маданияту фарҳанги зиндагии мардум дар баробари шарту шароитҳои иҷтимоӣ тағйир ёфта, ҳатто дар ин сарзамин меъёрҳо дигар мешаванд, аммо он ҳодисаҳои сангини таърих ва фарҷоми неки он, ки бо миёнҷигарии фарзандони фарзонаи тоҷик мухолифонро ба сулҳу оштӣ овард, аз ёдҳои мардум зудуда нахоҳад шуд. Чун ҳамеша дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ он рӯзҳои сахти миллатро ба ёд меорем, то сабақи талхи таърих дарси ибрате барои наслҳои имрӯзу оянда бигардад.
-Худоё, он даҳшатеро, ки соли 1992 паси сар кардем, дигар ягон халқи ҷаҳон набинад. Ба хусус, сокинони ноҳияи дурдасти Панҷ, ки барои аз марг наҷот ёфтан, ба ҷуз убури дарёи пурталотум роҳи дигар надоштанд, - мегӯяд Зайтуна Қаландарова, сокини шаҳраки Панҷ. - Ба ростӣ, дар он солу замон ба фаҳми касе намеомад, ки аз миёни халқ шахсияте зуҳур намуда, бо азму иродаи матин «Ман ба шумо сулҳ меорам!», - гуфта, дар қалбҳои мардуми хонабардӯш, боварӣ ба ояндаи неки ҳаёт мебахшад. Бо мурури солҳо дарк намудем, ки дар иҷрои рисолати ваҳдатофарию бунёди давлати соҳибистиқлол, рушду пешрафтҳои бузург ва бахту саодати имрӯзи мо, дасти сарнавишт бароямон Пешвоеро ато кардааст, ки бо ҷасорати бузургу таҳаммулпазирӣ ва гузашту бардоштҳои хирадмандона мардумро дубора ба ҳам меорад.
Дар он шабу рӯз барои боварии мардумро ба Ҳукумати нав баргардондан зиёиёнро дар маҳалҳо муборизаву ҷонфидоӣ мебоист, чаро ки аз кибру кинаву адоват иддае аз силоҳбадастон пайғоми сулҳро напазируфта, қатлу кушторро идома медоданд. Бузургсолони ноҳияи Панҷ дар мисоли пайравони сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз корномаҳои бонуи шуҷоъ Зайтуна Қаландарова қисса мекунанд, ки барои монеъ шудан ба вуруди силоҳбадастон ба деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, тани танҳо дар пешорӯи танк қиём бардошта буд.
- Он рӯзҳои даҳшатбор, ки мурдаҳоро дар аробаҳо занон бурда гӯру чӯб мекарданд, бояд барои ҳафтод пушти наслҳои мо дарси ибрат бошад, ки аз бесаводӣ фирефтаи фитнагарон шуда, қариб буд миллатро ба нестӣ бирасонем, - изҳор дошт Насима Муродалиева, омӯзгори МТМУ №14 ноҳияи Панҷ. – Мардум дар қавли ба Сарвари давлат додаашон: «Шумо сулҳу амонӣ биёред, мо Ватанро бо обилаи дастон обод мекунем» содиқанд. Ҳолиё, ки дар фазои осуда зиндагӣ дорем, тарбияи наслҳои ояндаро дар рӯҳияи меҳандӯстию ҳифзи якпорчагии Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллату давлатдорӣ вазифаи муқаддаси худ дониста, бетарафӣ дар мубориза бо равандҳои хатарзоро хиёнат ба миллату давлат мешуморем.
- Дар таълиму тарбияи солими фарзандон модарон бояд нисбат ба дигарон масъулиятшинос бошанд, чунки аз оқибатҳои фоҷиабори бесаводию гумроҳии ҷавонон пештару бештар аз ҳама мо, офарандаву парварандаи фарзандон, азият мекашем,- андешамандона иброз медорад сокини деҳаи Гӯшони ноҳияи Панҷ Мавлуда Ҷӯраева. – Дар ҷанг замири ҷавон пиру фартут мегардад, ки ин ҳоли табоҳро ман дар вуҷуди хеш эҳсос кардаам. Дар базми хайрбодӣ бо ҳамдарсони мактабиамон будем, ки хабари шуми ҷангро шунида, ба чаҳор тараф пароканда шудем. Бегоҳии он рӯз савори аспу аробаҳо занону кӯдаконро сӯи дарё раҳсипор намуданд. Корвони мо чанги кӯчаро ба сару рӯи дарахтони деҳа бардошта буду пиразанҳои рӯйпӯшида мисли арӯсоне, ки аз хонаи падар мерафта бошанд, гиряву нола мекарданд. Дар зери бештари фаранҷиҳо мо - духтарони 17–18 - сола аз хавфи силоҳбадастон сарулибоси кампирона пӯшида будем…
Шоҳидони он рӯзҳои фоҷиабори миллат, ки заҳри ғарибиро чашидаанд, аз сукунат дар ғарибӣ дида, марг дар Ватанро афзал мешумурданд ва бо гузашти чаҳоряк аср он манзараҳои дилшикани дар ғарибӣ дафн намудани наздикону пайвандони худро аз пеши чашм дур накардаанд ва то ҳанӯзам нидои ҷонгудози гурезаи тоҷике, ки вопасин суханаш Тоҷикистон буд, дар ҳушу гӯши баватанбаргаштаҳо садо медиҳад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Панҷ