Бозгул ДОДХУДОЕВА:
- Дар ҳуҷраи корӣ қарор доштам, ки хабари дар Москва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро шунидам. Бо шунидани ин навид гӯё абри тираи ғаму андуҳ, ки сари мо ҳукм меронд, ба куллӣ пароканда ва офтоби оламоро моро нурпошӣ кард. Хурсандиам то ба ҳадде буд, ки як вақт бинам, бо рӯймолчаам ашконамро пок дорам.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбарии хеш ҷонибдори сулҳ буданду аз зарурати оштӣ намудан бо мухолифин сухан меронданд. Бо вуҷуди аз мо ҷавонтар будан, суханони бисёр оқилона мезаданд. Мо он касро дар ин кори хайр ҷонибдорӣ мекардем ва дастурҳояшонро ба иҷро мерасондем.
Ман ифтихор дорам, ки қадре ҳам бошад, дар барқарорсозии сулҳу истиқрори тоҷикон дар паҳлуи Президент, дар ин кори хайру савоб саҳм гузоштаам. Бовар дорам, ки сулҳу ваҳдати бадастомадаро мардуми шарифи Тоҷикистон барои ҳамеша ба худу ояндагон ҳифз хоҳанд кард.
Гулафзо САВРИДДИНОВА:
- Дар он вазъияти ҳассосу мушкил, ки ба сари мардуми тоҷик омада буд, инсоне сари қудрат омад, ки бо иродаву матонати фӯлодин ба ин миллату ин сарзамин хушбахтӣ ва шодиву сурур овард. Тақдир ба ман имконият дод, ки дар гурӯҳи кории ҳамонвақтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ шуда, заррае бошад ҳам, дар рафти таҳкими сулҳ саҳм гузорам, ки аз ин бениҳоят хушбахтам.
Ваҳдати миллӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллие, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст, ки дар ҷаҳон назир надорад. Сулҳу ваҳдат ва якдилии тоҷикон, ки бо душвориҳои зиёд ба даст омаданд, ҳамеша пойдору кишвари мо то абад пояндаву шукуфо бошанд.
Дар роҳи расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ саҳми занон назаррас аст. Равандҳои музокироту муросои миллии ҳамон давраро ҳамаҷониба омӯхта, миёни ҷамъият – дар маҳалҳо, оилаҳо, мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва бахусус байни занҳо сиёсати Ҳукумати кишварро тарғиб менамудем.
Рафиқа МӮСОЕВА:
- Солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳайати гурӯҳи кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кардан бароям муҳиму хотирмон аст. Таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия, қонунҳои нави конститутсионӣ, сохти давлатдорӣ, сохтори парлумон, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ бо назардошти амнияти озуқаворӣ, оғози гуфтушунидҳои Ҳукумати кишвар бо мухолифин, баргардондани гурезаҳо, муттамарказонидани давлат – ин ҳама бо сарварии фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд, ки он айём тавонистанд Ҳукумати президентии устуворро таъсис дода, сарзамини порагашта ва неруҳои ба ҳам зидро ба сулҳу ризоят расонанд. Дар ҳайрат будам, ки чӣ гуна Президенти ҷумҳурӣ дар самти бартараф намудани мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар шабу рӯз заҳмат мекашиданду роҳбарӣ мекарданд.
Бароям хотирмонтарин лаҳза он айёмест, ки аввалин маротиба дар таърихи тоҷикон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи генералӣ аз минбари баланди СММ аз номи Тоҷикистон сухан гуфтанд. Мо, ҳайати намояндагони кишварамон, ки он ҷо ҳузур доштем, ашки шодӣ мерехтем, ки Тоҷикистон низ рӯи харитаи ҷаҳон баробари дигар кишварҳо арзи ҳастӣ менамояд.
Лаҳзаи дигари ҳассос бароям соли 1997 аст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо ашки шодӣ ва хушбахтӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба сарзамини тоҷикон Сулҳу Ваҳдат овард, истиқбол намудем. Хурсандиву нишоти мардумро ҳадду канор набуд, ки фавҷ - фавҷ ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр рехта, Сарвари давлатро истиқбол мегирифтанд.
Адолат РАҲМОНОВА:
- Дар он даврони ниҳоят ҳассоси соли 1992-юм, ки тоҷик хуни тоҷик мерехт, барои мо муҳимтар аз ҳама нигаҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон ва сулҳу оромии он зарур буд. Дар ҳар суханрониам ин нуктаро батакрор таъкид мекардам.
Модарони тоҷик ҷигарбандонашонро аз даст медоданду ашки хунин мерехтанд. Мо, калонсолон, даҳшати ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар дидем ва ба ҷавонон гуфтаниям, ки аз гузаштаи начандон дур ба худ сабақ гиранд ва заҳмату фидокориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаргиз фаромӯш насозанд, зеро сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азиз маҳз бо сарварӣ ва раҳнамоии ин ҷавонмарди ғаюру фидоии ин миллату меҳан ба даст омадаанд.
На ман ва на дигарон ҳақ надорем, ки гузаштаи талхи начандон дури тоҷикро ба ҳукми фаромӯшӣ партоем. Агар ҷавонони мо таърихи чӣ гуна ба даст омадани сулҳу ризоияти тоҷиконро, ки бо уқубатҳо ба даст омадааст, ба хубӣ омӯзанд, бовар дорам, ки сипарвор ин давлату ин миллатро аз чашми бадхоҳон ҳимоят хоҳанд кард.