02

Июл, 2025
Чоршанбе

02

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНОНИ САОДАТМАНД

 

Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул карда шуданд.

Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардош­тани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бонувон мебошад. Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият - мақомоти олии қонунгузорӣ, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро мегузоранд. Зеро беҳтар намудани вазъи иҷти­моии мардуми кишвар, ба хусус фароҳам овардани шароити мусо­иди кору зиндагӣ барои занони мамлакат, минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат идома хоҳад ёфт.

Пешвои миллат дар паёмҳои хеш, дидору мулоқот бо аҳли ҷамоати кишвар мудом таъкид месозанд, ки: „Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад“.

Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст. Аммо, яке аз падидаҳои номатлуб, ки солҳои охир дар кишвари мо зиёд шудааст, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва хушунати хонаводагӣ мебошад. Ба андешаи мо, беҳтарин ҳадафи раҳоӣ ёфтан аз ин падидаи номатлуб, ин, пеш аз ҳама, корро дар байни занону духтарон ва хусусан навхонадорон вусъат бахшидан, дар ин самт имконияту таҷрибаи шахсони обрӯманд, зиёиён ва оилаҳои намунавиро васеъ истифода бурдан мебошад.

Аз ин рӯ, занон-модарон бояд бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, зеро амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кардан, аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуб Тоҷикистонро эмин нигоҳ доштан, ба тарбияи дурусти фарзанд аз ҷониби модарон бастагӣ дорад.

Вобаста ба ин, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба масъалаи пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавонмардон, ноболиғон, аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандӣ, нашъа­ҷаллобӣ, худкушию худсӯзӣ, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлидкории занону духтарон ба фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳо дар ҷомеа дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда шаванд.

Дар ин росто, ҷиҳати пешгирии роҳи ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, содиршавии ҷиноят ва ҳодисаҳои номатлуб, тақлид ба фарҳанги бегона, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ҷудошавии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии шаҳрвандон, махсусан занону духтарон, бо иштироки аҳли ҷомеа мунтазам вохӯриҳоро доир кардан зарур мебошад.

Пешвои миллат дар Паёми хеш аз 22 декабри соли 2016 ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ва „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ - ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.

Дастури муҳиме, ки Пешвои миллат дар Паём ироа намуданд, ин таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли бонувон дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занон мебошад.

Ҳарчанд Фармони Президенти Тоҷикистон „Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа“, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо“, „Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020“ барои беҳтар гардондани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда дошта, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият - мақомоти олии қонунгузорӣ, ҳокимияти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта бошад ҳам, Пешвои миллат дар Паёми хеш боз таъкид аз он намуданд, ки: „Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд. Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд. Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад“.

Шарофат МИРЗОЕВА,
директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Восеъ

 

:.  Сиёсат 20.02.2017 05:33 2148

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz