Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
22 декабри соли 2016
Пешвои миллат дар Паём фаъолияти на танҳо яксола, балки чандинсолаи кишварро дар бахшҳои гуногун мӯшикофона таҳлил намуда, барои соли 2017 ва солҳои минбаъда ба тамоми масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Ин санад, воқеан ҳам, санади роҳкушо ва барномаи амал барои мардуми шарифи кишварамон аст. Дар бораи Паёми Президенти мамлакат ҳарфи гуфтанӣ зиёд аст, вале мо ин ҷо мехоҳем ба як бахши он, бахши ҷавонон таваҷҷуҳ намоем ва сухан аз бахшҳои дигарро ба шумораҳои оянда во гузорем.
Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон хонданд ва ин фоли нек аст. Зеро, вақте мавзӯи ҷавонон аз оғози сол мавзӯи аслӣ мешавад, ин солро метавон соли наку номид ва то поёни он дигаргуниҳо ва пешравиҳои ҷиддиеро дар ин самт интизор бояд шуд. Соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост.
Гарчӣ маҳз имсол Соли ҷавонон ном гирифт, ҷавонон дар кишвари мо пеш аз ин ҳам ва то имрӯзу баъд аз ин ҳам ҷойгоҳи шоистае доштанду хоҳанд дошт. Ҷавонон яке аз неруҳои пешбар не, балки неруи аслии имрӯз ва умеди ояндаи дурахшони ин марзу буманд. Албатта, бояд чунин ҳам бошад. Зеро, дар кишваре, ки аксарияти аҳолиаш ҷавононанд, ин навъи нигариш ба ҷавонон ва ин гуна сиёсат дар қиболи онҳо баргузидатарин ва мантиқитарин сиёсат аст.
Ин маъниро Роҳбари давлати мо чун ҳамеша пеш аз дигарон дарк кардаву амалӣ намуданд ва дар ин росто ҳамин мисол кофист, ки Тоҷикистон дар минтақа аввалин кишварест, ки сиёсати давлатии ҷавононро қабул кард ва Сарвари он таъкид намуданд, ки бояд сиёсати давлатии ҷавонон дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар ҳисобида шавад.
Аз нигоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Пешвои миллат аз ибтидои фаъолият пайваста ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд ва онҳоро мавриди ҳимоят қарор медоданд. Нахустин мулоқоти эшон бо ҷавонон дар шароите доир гардид, ки ҳанӯз тазоду муноқишаҳои дохилӣ бартараф нагардида буданд ва ин имкон намедод, ки Ҳукумати навтаъсис тадбирҳои судмандро дар мавриди ҷавонон андешад ва ҳама хостаҳои худро нисбат ба онон амалӣ созад. Вале дар ҳамон шароит низ, чун аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҷавон буд, ҷалби насли ҷавон ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва беҳтар гардондани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар комилан мувофиқи мақсад буд.
Аз тарафи дигар, ҷавонон дар он шабу рӯз дар ҳолати рӯҳшикастагӣ ва ноумедӣ қарор доштанд. Қуввае набуд, ки ба онҳо шавқи зиндагӣ ва умед ба оянда бахшад. 17 марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти таърихии худ бо ҷавонон таваҷҷуҳи ҷавонон ва кулли ҷомеаро ба муттаҳидӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳифзи урфу одату анъанаҳо, риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории ҷорӣ, гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, фаъолнокии созмони ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, омӯзиши илму ҳунар, ихтисосҳои нав ва техникаи ҳозиразамон ҷалб намуда, дастгирии кӯдакони бепарастор ва мактаб-интернатҳо, таъмини ҷавонон бо манзили истиқоматӣ ва рушди сиёсати демографӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, дуздию ғоратгарӣ ва нашъамандӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ахлоқии ҷавононро таъкид карданд.
Дар он рӯзҳое, ки ҷомеа ҷавонон, яъне ояндаи кишвар ва ҳатто имрӯзи худро фаромӯш карда буд, ин гуна масъалагузории Роҳбари давлат воқеан шуълаи умедро дар қалби ҷавонон барафрӯхт. Онҳо эҳсос карданд, ки оянда доранд, соҳиб доранд, Пешвое доранд, ки имрӯзу фардои онҳоро таъмин мекунад ва барои ин на танҳо ваъда, балки барномаи мушаххасе амал дорад.
Пешвои миллати мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳбари ташаббускор ва оянданигар шинохта шудаанд. Зеро дар чандин маврид собит шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ояндаи ҷомеа ва башариятро аз имрӯз пешбинӣ намуда, барояшон роҳи ҳал ва барномаи амал пешниҳод менамоянд. Дар сатҳи байналмилалӣ қабул ва амалӣ гардидани чор ташаббуси Президенти мо дар соҳаи об далели бебаҳси ин гуфтаҳост.
Дар ҳамин росто метавон таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду пешрафти онҳо яке аз намунаҳои олии оянданигарии Роҳбари давлат аст. Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонони имрӯз ин сохтани ояндаи миллат ва кишвар мебошад.
Дар айни ҳол, набояд фаромӯш кард, ки ҷавонон ҳам дар пешорӯи давлату миллат масъулиятҳое доранд ва бояд бо истифода аз шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои муҳим бикӯшанд, то посухи муҳаббатҳои роҳбарияти олии кишварро бо муҳаббату садоқат бидиҳанд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ интизориҳояшонро аз насли ҷавон чунин баён доштанд: „Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд“.
Бовар дорем, ки ҷавонони саодатманди мо ин фармудаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар Соли ҷавонон ибтикору навоварӣ ва лаёқату шоистагиҳои худро дар тамоми арсаҳо ба исбот мерасонанду ворисони барҳаққи ин давлати обод ва ин миллати бузург будани худро дар амал нишон медиҳанд.
Шоҳона СУЛАЙМОН