Соли 1997 дар шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар анҷумани сеюми „Иттиҳодияи занони Тоҷикистон“ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ баргузор гардид ва он вазифаҳои минбаъдаи занони ҷумҳуриро дар давраи гузариш, инчунин барномаи кории солҳои минбаъдаи кумитаро дар асоси қарори анҷуман равшану мукаммал намуд. Аз ҷумла,баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, омода сохтани барномаҳои муштарак бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар масъалаҳои сиҳатии модару кӯдак, танзими оила ва пешгирии касалиҳои сирояткунандаи бачагонаю занона, инкишофи ҳаматарафаи соҳаи маориф, ба мактаб ҷалб намудани бачаҳо, бахусус духтарон, беҳгардонии шароити оилаҳои камбизоате, ки фарзандонашон аз мактаб қафо мондаанд, бо ин васила инкишоф додани алоқаи оила ва мактаб, ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар масъалаи бартараф намудани бекорӣ дар байни занон, аз ҳисоби ҷавондухтарони лаёқатманд ташкил намудани мактаби захираи кадрӣ ва ҷалби духтарони кӯҳистони дурдаст барои таҳсил дар макотиби олӣ, корбарӣ оид ба тозагии муҳити зист ва муҳити рӯҳии занҳо, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалии муқими Тоҷикистон бо мақсади ҳалли нақшаҳои зикргашта.
–Ба андешаи Шумо шарти муҳими ширкати занон дар сиёсат дар чӣ аст ва оё имрӯз дар ҷомеаи мо масъалаи гендер ҳалли худро ёфтааст?
–Шарти муҳими пешравии занон дар сиёсат ин баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳост. Аз ин лиҳоз, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии занон ҷиҳати зоҳир намудани таваҷҷуҳи дучанд ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбинӣ ва донишҳои амиқи касбию сиёсӣ, интихоб намудани ҷавонон ва занону духтарони лаёқатманду соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилоят машғулиятҳои омӯзишии курси „Занони роҳбар“ дар як сол чор маротиба доир карда мешаванд.
Дар соли 2010 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон аз ҳисоби занон 700 нафар вакил интихоб гардид, аз ҷумла 1 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 143 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 545 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот интихоб шуда буданд.
Дар соли 2015 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят аз ҳисоби занон 842 нафар вакил интихоб гардид, аз ҷумла 1 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 173 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 655 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Ташхиси гендерии дар вилояти Суғд гузарондашуда маълум намуд, ки аз 2084 нафар хизматчии давлатӣ 592 нафар ё 28,4 дарсадро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 179 нафар ё 30,2 дарсад кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон аст. Ин шумора, агар дар соли 2013 564 нафарро ташкил диҳад, пас дар соли 2014 ба 580 нафар ва дар соли 2015 ба 592 нафар расидааст.
Бо мақсади ҷавонгардонии саривақтии кадрҳои роҳбарикунанда дар асоси талаботи Барномаи давлатии „Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016“ дар давраи солҳои 2007–2014 дар хадамоти кадрии дастгоҳи раиси вилояти Суғд рӯйхати 95 нафар занону духтарони фаъоли то 35 сола ба захираи кадрҳо ворид карда шудаанд. Бо мақсади тайёр намудани ҷавондухтарони болаёқат ба кадрҳои роҳбарикунанда дар назди коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мактаби захираи кадрии назди раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят таъсис дода шудааст. Таҳлили вазъ дар ВМКБ нишон медиҳад, ки теъдоди хизматчиёни давлатӣ 706 нафарро ташкил медиҳад, ки 179 нафар ё 26,3 дарсадро занон ташкил медиҳанд.
–Таъсиси Квотаи президентӣ, ки иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлат аст, роҳро барои духтарон ба сиёсат ва ҷомеа ҳамвор кард.Ҳосили иқдоми амали оқилона чиро нишон медиҳад?
– Духтароне, ки савод доштанд, аз сабаби дурии роҳ ва вазъи иҷтимоӣ имкони таҳсил надоштанд. Сарвари давлат бо ин иқдом ба онҳо шонси донишҷӯ гардиданро фароҳам оварданд, инчунин аз ҳисоби худ додани ҷойи хоб ва стипендияро туҳфа карданд. Ҳоло аз ҳар деҳот қариб, ки донишҷӯ ҳаст. Аз соли 1997 то соли 2005 тибқи Квотаи президентӣ 5548 нафар ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар ин муддат тибқи квота 10482 нафар духтар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул гардида, 7889 нафар донишгоҳро хатм намуд. Айни замон 2608 духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил дорад, дар соли таҳсили 2015–2016 аз 1312 нафар ҷавононе, ки тибқи квота қабул гардидаанд, 678 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. 123 нафар духтарони тибқи квота соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар сатҳҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият намуда истодаанд.
–Яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумат масъалаи демографӣ аст, дар бахши танзими оила чӣ корҳо анҷом ёфтанд?
–Масъалаи танзими оила, ки хоси мамлакатҳои сераҳолии дунё асту Тоҷикистони мо низ аз он орӣ нест, новобаста аз корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ то ба имрӯз ҳалли худро наёфтааст. Зеро ҳамаи мо бояд хуб дарк кунем, ки вазифаи зан дар ҷамъияти имрӯзаи мо на танҳо таваллуд намудан, балки, пеш аз ҳама, саломатии хешро эҳтиёт ва хуб кардан, мавқеи худро дар оила ва ҷомеа пайдо намудан, барои тарбияи фарзанд шароит муҳайё сохтан, худро рӯҳан ва ҷисман ба масъулияти модарӣ тайёр намудан ва сониян мувофиқи иқтидори таъминоти иҷтимоию молиявӣ фарзанд ба дунё овардан аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зуҳуроти дигари ба солимии оилаҳо таъсиррасонанда ин риоя накардан ва ба танзим надаровардани расму оин ва одату анъанаҳои мардумӣ аст. Гарчанде аз рӯзҳои аввали ба миён омадани ин масъала бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ комиссия таъсис дода ба фаъолият шурӯъ намуда буд, мушоҳида нишон медод, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо гузарондани тӯйҳои пурдабдабаю рӯзҳои таваллуд, гаҳворабандону зиёфати духтарон, истифодаи мошинҳои зиёд ҳангоми ақди никоҳ, ҷиҳози сершумори қиматбаҳо барои арӯсу домод, ба иштирокчиёни тӯй аз тарафи маъракадор либоспӯшонӣ ва тимсоли инҳо, ки на б???? арои ҳама дастрас мебошанд, ба назар мерасанд. Дар ҳолати иҷро нашудани ин расму русум ба ҷанҷолу хархашаҳои тарафҳо оварда мерасонад. Аз ин бармеояд, ки мардуми мо ҳанӯз ҳам зарари ин нобасомониҳоро дарк накардаанд.
–Ба назари Шумо монеаҳои татбиқ нашудани ҳуқуқҳои занон кадомҳоянд?
–Яке аз монеаҳо зӯроварӣ ва таҳдиди анҷом додани таъбиз нисбат ба занон мебошад. Кишвари мо аз зӯроварии оилавӣ низ орӣ нест. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“ ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2023 корҳои муайянро ба анҷом расонд. Вобаста ба иҷрои банди 1-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2023 нақшаи чорабиниҳои кумита таҳия гашта, тибқи он ва дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2014 таҳти №251187/25 гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисони салоҳиятноки вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикон таъсис дода шуд.
Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар давоми ин солҳо даҳҳо ҳодисаҳои таҷовуз ва қасди таҷовуз, куштори зан, худкушии занон ва оилавайронӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз парвандаҳои судӣ бармеояд, ки аксари оилаҳо бо таъсири шахсони сеюм, зӯроварии психологии хушдоман, хешу ақрабо ва ё таҳдиду зӯроварии мард вайрон мегарданд.
Имрӯз мо бояд проблемаи таъбизи занро на танҳо чун масъалаи иҷтимоиву сиёсӣ, балки ҳамчун ҳалли проблемаи афзоиши сиҳатии аҳолӣ баррасӣ намоем, зеро аксари занон аз нокомилию бехатарии сиҳатӣ ва шарафи худ азоб мекашанд, метарсанд. Тарс бошад, дар баробари зӯроварӣ занонро аз рушд, аз ошкор кардани истеъдоди худ бозмедорад, ки ин захираҳои инсониро коста мегардонад.Аз ин хотир бо дастгирии молиявии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, кумита ва шуъбаҳои дар шаҳру ноҳияҳо буда,110 маркази иттилоотӣ - машваратии шаҳриву ноҳиявӣ фаъолият дорад. Дар ин марказҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шахсоне, ки ба хушунат дучор гардиданд, ба таври ройгон машваратҳои судманд медиҳанд. Тайи соли 2005 ба маркази „Боварӣ“-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ зиёда аз 800 нафар занон муроҷиат намуданд.
–Раванди ҷалби занони ҷавон ба ҳаракатҳои ифротгароӣ ба назар мерасад…
- Мо бо воқеияте рӯ ба рӯ мешавем, ки аз диди таҳлилӣ бисёр мушкилиҳо дорад ва ҷомеа чунин рафтори зан, яъне ба ҳаракатҳои ифротгаро ҳамроҳ шудани онҳоро бисёр дарднок қабул мекунад. Зеро зани тоҷикро ҷомеа ҳамчун олиҳаи офарандаю покӣ қабул кардааст ва қабули образи дигари он бисёр нофорам аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки яке аз омилҳои муҳими ҷалби занону духтарон ба ин ҳаракатҳо ин ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошад. Чунки аксарияти заноне, ки бо оилаҳояшон имрӯз дар кишварҳои Ироқу Сурия қарор доранд, маҳз онҳоеанд, ки дар муҳити оилавии худ ҳуқуқи мустақилонаро надоранд. Маҳз аз ҳамин сабаб ба хоҳиши бародарону шавҳарони худ муқобилият карда натавониста, ба ин роҳ мераванд. Ва мо имрӯз дида истодаем, ки баъди марги шавҳар дар ин кишварҳо бо чӣ азобҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Талаби имдодро вақте мекунанд, ки вазъиятро тағйир додан бисёр мушкил аст. Бисёр таассуфовар аст, вақте ки терроризм ба худ симои занона мегирад.
Мусоҳиб Ҳ. Қодир