Вале нақшу осоре, ки аз худ барои мо ба мерос мегузорад, дар бунёни мо, дар шараёни мо барои ҷовидонаҳо маъвою маҷро бигзидааст, то ҳамчун омӯзаҳои ибратбахше аз кору пайкорҳо, иқдому ибтикорот ва азму размҳои хастагинопазири мардуми тоҷик таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди мутаносибу мунтазами тамоми риштаҳои хоҷагии мамлакат, шурӯъ аз бахши иқтисодию сиёсию ҳуқуқӣ то фарҳангию варзишӣ аз онҳо ёд кунему дар баробарашон арҷ гузорему ба сурати таҷриба ба манфиати меҳану миллат истифода барем. Дар ин лаҳзаҳо бидуни ихтиёр боз ҳам ба таври мутантану пуршукӯҳ таҷлил намудани 25-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари қаламрави кишвар бо роҳандозии тадбирҳои муассиру масарратовари фарҳангию варзишӣ пеши назар падид меояд, ки бозгӯи қуфлкушоиҳои миллати куҳанбунёди тамаддунофари тоҷик дар амри расидан ба ҳадафҳои стратегии худ, аз қабили, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини фазои воҳиди иттилоотӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин ҷашнвораи бузурги давлатӣ таҷлилу арҷгузорӣ ба рӯзҳои мубораку муҳтарами дигари кишвар, амсоли Наврӯзи бостонӣ, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Пешвои миллат дар фазои сулҳу суботу ҳамбастагию ягонагӣ анҷом дода шуд. Дар вазъи тантанавию таърихӣ шурӯъ гардидани бунёди дарғоти Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки бо ибтикори ҷасуронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, бузургтарин ташаббуси сол метавон унвон намуд. Ба фикри инфиродии банда, дар ҳама рӯйдодҳои фараҳбахши таърихии кишвар нақшу набзи занона бармало эҳсос мешуд. Инро зимни сафарҳои хидматии худ дар тамоми нуқтаҳои маъмурии кишвар бо чашми сар мушоҳида мекардам. Имрӯзҳо бо такя ба маълумоти омор метавон гуфт, ки таносуби занҳои муваффақи сиёсаткору давлатмадор, заминдору кишоварз, омӯзгору муҳаққиқу олим, соҳибкору тоҷир, табиби ҳозиқу хидматгузори соҳаи тандурустию риштаи низомию ҳуқуқӣ, варзишгару ҳунарпеша ва ғайра дар ҷомеа рӯ ба тавсеаву густариш ниҳодааст, ки самараи тадбирҷӯиҳои хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвари мо мебошад. Назарсанҷиҳо ва мактубу муроҷиатҳо башорат аз он медиҳанд, ки аз ҳама беш ба ояндаи рахшою шукуфои меҳан, пеш аз ҳама, модарону хоҳарони мо хушбинанду мутмаин. На ки як бо иқрору ифшои ин ормонҳо, балки бо устувории қавлу амали худ дар ифои вазифаву садоқати самимонаашон ба Пешвои миллат. Маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон“ дар соли 2016 то ҷойи тавон дар бораи чунин ашхоси фарзона, ки дар нуқтаҳои зидахли маъмурии Ватан фаъолият мебаранд, дар шумораҳои худ матлабу маводи гуногуни ибратомӯз ба табъ расонд, ки боиси пазироии гарму самимии хонандагон қарор гирифт. Дар ҷараёни суҳбатҳо бо мардум, ба вижа зимни муоширату муколама бо қаҳрамонҳои корзор як ҷаҳон эътимоду эътиқод ба сиёсати созандаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳсоси шукргузорӣ ба ғамхориҳои ҳамвораи роҳбарияти олии мамлакат ба мушоҳида мерасид. Шоистаи таҳсин асту дастгирӣ, ки дар нуқтаҳои гуногуни маъмурию ҷуғрофии кишвар бо эътино ба иқтидору зарфияти билоқувваи иқтисодию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардуми маҳал коргоҳҳои рангоранги истеҳсолӣ аз худ дарак медиҳанд. Имрӯзҳо дар ватангӯшаҳои ҳатто дурдасттарини Тоҷикистон кишоварзону соҳибкорзанони муваффақи тоҷикро дучор омадан мумкин аст, ки аз ҷойгоҳи хосае бархӯрдоранд. Ва дуболо боиси ифтихор аст, ки тадриҷану пайваста мутахассисбонувони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ҳам ба анҷоми корҳои бузург иқдом мекунанду комёб мешаванд. Ба гунаи мисол, тоҷикдухтареро метавонам ном бурд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми қарни мозӣ баъди баргузории ҷашни арӯсиаш ба Финландия ба муҳоҷирати корӣ рафт. Дилбар Асоева ва шавҳараш Фурқат хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонанду ҳамакнун шаҳрвандии ин кишвари аврупоиро дарёфта, дар шаҳри Турко шифогоҳи қиёфаҷарроҳии хусусии худро ифтитоҳ додаанд, ки фаъолияти пурсамар дорад. Ин симои наву муосири муҳоҷири тоҷик аст, ки ҳамчун мутахассисони варзида ном хоҳанд ёфт.
Дар баробари рӯ ба нишеб ниҳодани соли 2016 фурсату фосилаи натиҷагириҳо фаро мерасад. Маълумоту омори иқтисодӣ башорат аз он медиҳанд, ки дар ҳама риштаҳо дастовардҳо чашмгиранду арзанда. Ҳайати кормандони эҷодию техникии маҷаллаи „Бонувони Тоҷикистон„ ҳам аз маъракаи обуна ба нашрияи худ натиҷагирӣ мекунанд.Таҳлилҳои пешакӣ башорат аз он медиҳанд, ки нашрияи худро модарону хоҳарони мо дар аксар дару диёри мамлакат мехонанд. Пас, бо истифода аз ин минбари розу ниёз ҳамаи шумо, модарону хоҳарони азизи сарзамини биҳиштосои барӯманди тоҷикро, дар остонаи омад-омади Соли нави мелодии 2017-ум табрику таҳният гуфта, бароятон кушоиши кор, саодати рӯзгор, тансиҳатию сарсабзиҳо таманно мекунам.
Одиназода Шоҳонаи Сулаймон