Ҳамасола дар кишвари хуршедии нуррезу зархезу дилангези мо – Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн гирифта мешавад ва ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад. Қабули ин санади муҳим барои тарбияи насли замони нав заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам овард.
Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон собит месозад, ки дар радифи тараққиёти соҳаи саноат ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат афзун мегардад ва танҳо ин неруи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд. Дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола аз 50 дарсад зиёд аст, ки ин аз мавҷудияти неруи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд. Ҳукумати мамлакат барои сафарбар намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва самтҳои дигар тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин росто, масъалаи дастгирии занону духтарон низ пайваста мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016–2020» қабул шудааст, ки бешубҳа, ҷиҳати ба захираҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддӣ дастрасии бештар пайдо кардани занону духтарон мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш низ бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ҳимояи мақоми ин табақаи фаъоли иҷтимоии мамлакатро муҳим арзёбӣ намуданд, то аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба зинаҳои болоӣ бонувони фаъолу ташаббускор, бофарҳангу бомаърифат ба кор ҷалб шаванд.
Аз соли 1997, ки Квотаи президентӣ ҷорӣ гардидааст, беш аз ёздаҳу ним ҳазор нафар духтар бо истифода аз ин имконият ба мактабҳои олӣ дохил шудааст, ки то имрӯз зиёда аз 9 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон ҳамчун насли ҷавони зиёиёни мамлакат муваффақона фаъолият карда истодаанд. Дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ҳар сол ба ҷавонон барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олии хориҷи кишвар квотаҳо ҷудо карда мешаванд. Аз ҷумла, соли 2018 аз ҷониби Ҳукумати кишвар 5 ҳазору 200 нафар барои таҳсил ба 33 кишвари дунё фиристода шуд, ки наздики 40 %-и онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Таҳлил ва мушоҳидаҳо собит месозанд, ки барои бунёд кардани оилаҳои солим ва фароҳам овардани фазои амну пур аз ҳусни тафоҳум бофарҳангу соҳибмаърифатии ҷавондухтарон басо муҳим аст ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила дар Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст. Дар ин ҳуҷҷати муҳим оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф гаштааст. Ҳамчунин, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба роҳ мондани омӯзиши фанни «Маърифати оиладорӣ» баҳри таҳким бахшидани дониши бунёдӣ дар ин самт бас муфид аст, вале ҳамоно тӯли ҳафта маротибае як бор баргузор намудани ин дарс ба андешаи мо, басанда нест. Ташвиқу тарғиби пойдории оила ва рукнҳои асосии он бояд дар мактаб густурдатар сурат гирад, ба амсоли зиёд кардани соатҳои дарсиву тарбиявӣ, бо ҷалби бонувон аз оилаҳои намунавӣ, ки рӯзгорозмудаву сариштакор ва ҳунарманданд, ки метавонанд ба завқи хонандагони мактабҳо бештар ҷавобгӯ бошанд. Дар ин росто, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо дар ҳифзи оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзандон, риояи танзими анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо тӯли ин дарсҳо мебояд пайгирӣ шаванд.
Дар самти баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон на танҳо мактаб, балки, пеш аз ҳама, волидайн, аҳли ҷомеа ва ҳар яки мо бояд саҳим бошем ва дар самти пешгирии пошхӯрии оилаҳо чораҳои доимии тарбиявӣ биандешем. Агар тавонем, ки ҳадди ақал як оилаеро ба ифоқа оварем, ин ҳам дастоварди бас бузург хоҳад буд. Бо кӯшишу талошҳои муштарак мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ёрӣ расонем. Махсусан, ба модарони ҷавон, ки дар раванди тарбияи фарзандон нақши муҳим мебозанд. Онҳо низ дар навбати худ бояд амиқ дарк созанд, ки тарбияи фарзанд дар навбати аввал вазифаи муқаддаси падару модар ва баъдан мактаб ва ҷомеа аст. Падарону модарон, агар дар масъалаи тарбия ва сатҳи саводнокии фарзандони хеш бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, ҷомеа ҳамон андоза рушд карда, неруи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилиҳо чи дар оила ва чи дар ҷомеа тадриҷан таназзул хоҳанд ёфт. Маблағро дар таҳсили фарзандон набояд сарфа кард, балки дар баргузории маъракаву чорабиниҳои оилавӣ аз сарфаю сариштакорӣ кор гирифта, пасандози онро баҳри соҳибкасбу соҳибтаҳсил гардидани фарзандон истифода бурд.
Мегӯянд, ки «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд» ва, дарвоқеъ, баракати зиндагӣ фарзандоне мебошанд, ки бо донишу маърифати замонавӣ муҷаҳҳаз буда, анъанаҳои неки ниёгонро пос медоранд ва ба арзишҳои хонаводагӣ, миллӣ ва умумибашарӣ эҳтиром гузошта, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.
Шоҳона ОДИНАЗОДА