01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РАМЗУ РАНГҲОИ ПАРЧАМИ МО

Дар Бадахшон то имрӯз ранги сурх нишони хушбахтӣ, хушҳолӣ ва некуаҳволӣ, сафед–нишони покӣ ва рӯшанӣ, сабз нишони ҷавонӣ ва шукуфоӣ аст. Дар замонҳои Зардушт рангҳои сурх нишони ҷасорат ва худфидоӣ, сафед – маънавиёт, покӣ ва муқаддасот, сабз нишони табиат, ҷавонӣ ва шукуфоӣ будаанд. Ба андешаи М. Ревнивтсева тоҷи дар парчами Тоҷикистонбуда се маънои оташи муқаддасро дорад. Унсури марказии тоҷ нишони кӯҳи ҷаҳонии Хара аст, ки дар маркази дунё қарор дорад. Қавсайни тиллоии (дуга) қисмати поёнии он рамзи „пули сирот“ (ба забони паҳлавӣ – Чинват) аст. Ба андешаи ин донишманд ҳафт ситораи тиллоӣ рамзи яке аз фаҳмишҳои муҳими зардуштӣ, яъне ҳафт рӯҳи меҳрубони Амеша Спента, яке аз наздикони Аҳурамаздо мебошад.Ба андешаи олими рус В. Саприков бошад, ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 дарсади сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамоянд. Ва тақрибан нисфи ин сарзамин дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ҳамин тавр, ранги сафед ифодагари махсусиятҳои табиати Тоҷикистон мебошад. Ранги сабз рамзи моҳияти маънавии ислом аст. Ҳамзамон, ранги сабз нишони Наврӯзи оламафрӯз ҳам мебошад.

 

 

:.  Сиёсат 29.12.2016 11:16 1860

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz