„Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст“.
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳар сол 6-уми ноябр мардуми кишвар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Зеро дар чунин рӯзи соли 1994 бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонд ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд.
Сарқонуни кишвар аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, воқеан ҳам санади асосиест, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои тамоми халқу миллатҳои дар сарзамини Тоҷикистон иқоматдоштаро дар худ таҷассум намудааст.
Бешубҳа, саодату хушбахтии ҳар халқ ба дурустии матни Конститутсия ва татбиқи он вобаста аст. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Ин аст, ки дар моддаи 10-уми он омадааст: „Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд“.
Конститутсия чун сарчашмаи қонунгузории миллии мо ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ таъмин мекунад. Конститутсия ба ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҶТ ҳуқуқи баробар додааст. Касеро барои намояндаи дигар миллат буданаш таҳқир намудан ё ақидаи касеро барои ба ҳизб ё ташкилоти ҷамъиятие шомил буданаш маҳдуд кардан ва ё бартарӣ додан, мазмуни поймол кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дорад.
Агар вазифаи асосии Конститутсия таъмини адолату баробарӣ бошад, бешубҳа, мустақилияти судӣ яке аз роҳҳои таъмини адолат ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки бо қабули Конститутсия дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ, ки рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мақоми муайян касб кард. Бо мақсади такмили асосҳои ҳуқуқии ҳокимияти судӣ соли 2007 „Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ“ қабул гардид, ки он, бешубҳа, дар рушду такомул ва тақвияти ин рукни мустақили ҳокимият нақши муҳим дорад.
Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат аст.
22 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйир ва иловаҳое, ки бо пешниҳоди ниҳодҳои қонунгузорӣ ва тақозои шароити ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ба Конститутсия ворид карда шуданд, қаблан аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба муҳокимаи мардум пешниҳод гаштанд. Иловаю ислоҳоти зарур ва муҳим бахшҳои марбутаи Конститутсияро аз нигоҳи усулҳои қонунӣ мукаммал сохтанд. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои қонунгузории кишвар бар асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқ ва бо назардошти шароит ва махсусиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон танзим шудааст.
Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон Конститутсияи Тоҷикистонро ба ҳайси қонуни асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ хуб арзёбӣ намуданд. Аз сӯи дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин асноди ҳуқуқии байналмилалиро аз қабили конвенсия, муоҳида ва созишномаҳо пазируфтааст ва дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқ шомил гардидааст. Бахшҳои марбутаи Конститутсияи кишвари мо бо меъёрҳои асноди мазкури байналмилалӣ ҳамоҳангии комил доранд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар даврони истиқлолият расидан ба озодии баён ва аз байн рафтани сензураи давлатист, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ башиддат иҷро мешуд. Дар даврони истиқлолият озодии баёнро Конститутсия кафолат медиҳад.
Дар моддаи 30-юми ин санади олӣ омадааст:
ü ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад;
ü таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст;
ü сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст;
ü номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.
Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи кишварро дар айёме таҷлил менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар арсаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшида, муносибату робитаҳои дуҷониба ва гуногунҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон тақвият мебахшад, мавқеи хешро дар ҳалли масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ устувортар кардааст. Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некуаҳволии халқ, иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар бахшҳои гуногун, таъмини саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати раҳнамо хидмат мекунад ва хоҳад кард.
Имсол мо бори аввал пас аз ворид кардани тағйиру иловаҳои навбатӣ ба ин санади сарнавиштсози худ (22.05.2016) Рӯзи Конститутсияро ҷашн мегирем. Бигзор, ҷойгоҳи ин бахтномаи миллат ва ин санади роҳкушо дар дилу дидаи мо бошад ва бо риояи бандҳои он, ки зинаҳои пешрафту тараққии моянд, кишварамонро боз ҳам ободу зеботар ва мутараққию осудатар гардонем!
Шоҳонаи Сулаймон