Имсол Тоҷикистони азиз ҷашни бузург дорад. Ҷашни 25-солагии Истиқлолият. Албатта, ҳар сол 9-уми сентябр барои мо ид аст ва рӯзи хотирмону шодиовар.
Вале имсол 9-уми сентябр бо рангу бӯи тозатар ва шукӯҳу шаҳомати бештар меҳмони мо мешавад. Мо имсол ҳамзамон бо Рӯзи Истиқлолият, зодрӯзи чорякасраи озодии худро ҷашн мегирем. Чоряк аср аст, ки мо дар масири давлатсозӣ гом мебардорему дар оғӯши Ватани зебову маҳбуби худ аз шаҳди Истиқлол ком ширин мекунем. 25 сол мешавад, ки насли ҷавони миллат, яъне насли истиқлолро дар рӯҳияи истиқлолдӯстию ватанпарварӣ ба воя мерасонем, то ин роҳи оғозгардидаро бо сари баланд идома диҳанду Ватани боз ҳам зеботару ободтарро ба наслҳои баъдӣ супоранд.
Насле, ки истиқлолият ба даст овард, барои ҳифзи он ранҷи бешуморе кашид ва ҷоннисориҳои зиёде намуд. Хато намекунем, агар бигӯем, ки ҳадафи асосии тарроҳони ҷанги шаҳрвандӣ дар оғози даҳаи навади асри гузашта аз байн бурдани Тоҷикистон буд. Душманони мо намехостанд, ки тоҷикон ҳамчун як миллати мустақил ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бузург дар арсаи минтақа ва ҷаҳон қад барафрозанд ва ба пайравӣ аз ниёкони барӯманди худ боз дар саҳнаи олам нақшофарӣ кунанд. Ростӣ, ба ин ҳадафи шуми худ наздик ҳам омада буданд. Вале дар ҳамин асно, ба бахти миллат, шахсияте рӯи кор омад, ки тамоми нақшаҳои аҳримании бадкешону бадандешону бадхоҳони миллати тоҷикро нақши рӯи об кард ва нидо сар дод, ки мо ҳама аз як модарем, хоҳару бародарем, бояд на дар муқобили якдигар, балки дар паҳлуи ҳам сангар бигирем. Сангари худшиносӣ, сангари ваҳдату якпорчагӣ, сангари созандагию ободгарӣ.
Шукр Яздони покро, ки дасти ин марди наҷиб ва ин наҷотбахши миллатро гирифту дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек ёварӣ намуд. Мардуми мо, ки дар сиришти худ сулҳпарвару ободгаранд, чун паёми равшани Пешвои худро шуниданд, дар атрофи ӯ муттаҳид шуда, масири ваҳдату ободию созандагиро пеш гирифтанд. Ва дар андак муддат Тоҷикистони гирифтори бало ва ҷангзадаву ноором ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфт. Агар бихоҳем, ки зиёд мӯшикофӣ накарда, ин маъниро бо як ҷумла иброз созем, бояд бигӯем, ки ин ҳама ободию пешрафту шукуфоӣ натиҷаи пайкору талошҳои содиқонаи Пешвои миллат ва ҳамдилию ҳамраъйии миллат аст.
Дар рӯзҳои сахту душвори соли 1992 баргузории иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16 ноябр ва рӯи кор омадани Ҳукумати нав ва Роҳбари давлат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор намуд. Акнун давраи ҳассос - фаъолияти Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, давраи талош барои якпорчагии кишвар ва ваҳдати мардум, ҳифзи марзу бум ва пойдории истиқлолият оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои роҳбарии кишвар барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро ҳадафи аслии худ ва Ҳукумати навтаъсисаш эълон кард ва мардумро дар дохилу хориҷ ба муттаҳид шудан дар атрофи идеяи ваҳдат даъват намуд. Барои расидан ба ин рӯз душвориҳои зиёде пушти сар шуданд, вале ниҳоят гавҳари мақсуд ба каф омад.
Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон дар канори Истиқлолият бузургтарин рӯйдод дар поёни асри 20 буд. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод. Оҳиста-оҳиста вайронаҳо обод шуданд, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, гурезагон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, заминаҳои устувори ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам гардиданд ва ниҳоят сулҳу суботи саросарӣ ба вуҷуд омад. Ин раванд имконият дод, ки пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам шуда, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё гардад.
Дар давоми 25 сол Тоҷикистони азиз шоҳиди таҳаввули бузурге дар саҳнаи иқтисодӣ гардид, ки зикри ҳамаи онҳо аз маҷоли чанд мақолаву чанд китоб берун аст. Лиҳозо танҳо ба зикри шаммае аз онҳо иктифо мекунем:
Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ду неругоҳи барқи обӣ - „Сангтӯда-1“ ва „Сангтӯда-2“ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қабули „Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009 - 2020“ раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат тавсеа бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.
Дар бахши раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ дар кӯтоҳтарин фурсат шоҳроҳи бузурги Душанбе - Хуҷанд - Чанак ҳамчун бахши муҳими Роҳи бузурги абрешим эҳё ва муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо манотиқи кишвар дар ҳама фасли сол гардид. Сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, роҳи Душанбе-Ҷиргатол (ҳоло Лахш)-Саритош, нақбҳои Истиқлолу Шаҳристону Хатлон, азнавсозии фурудгоҳи шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, ба кор андохтани як қатор иншооти хурду бузурги саноатӣ дар деҳот ва шаҳру вилоятҳо, ободонии маҳалҳои истиқоматӣ, азнавсозии роҳу пулҳои харобшуда, махсусан дар водиҳои Рашту Вахш, таъсиси даҳҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ низ самараи ваҳдат ва ободию осоиштагии кишвар аст. Ҳамзамон, садҳо корхонаҳои нав ва ҳазорҳо ҷойҳои кории иловагӣ ташкил карда шуданд. Ин ҳама на танҳо ба рушди иқтисодиёт, балки барои таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар оғози Истиқлолият минтақаҳои кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ ба ҳамдигар пайванди суст ва шикананда доштанд, бинобар ин дар мадди аввал масъалаи таъмини алоқаҳои доимии онҳоро ба миён гузошт. Имрӯз ин масъалаҳо ба тадриҷ ҳалли худро ёфта истодаанд, ки дар натиҷаи он вилоятҳо ва ноҳияҳои кишвар дар тамоми фаслҳои сол бо алоқаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии боэътимод таъмин гардиданд. Алҳол алоқаи нақлиётиву коммуникатсионӣ на танҳо барои рафту омаду муошират хизмат мекунад, балки боиси ташаккули муносибатҳо ва манфиатҳои иқтисодии умумӣ шуда, омили муҳимтарини ваҳдати миллӣ гардидааст.
Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии илмӣ баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими сиёсатмадори волоназар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.
Дар поёни соли 2015 қабул шудани Қонуни ҶТ „Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат“, бегумон аз рӯйдодҳои хотирмон дар таърихи навини миллату кишварамон ба шумор меравад. Баррасӣ ва пазируфта шудани он дар асоси дархосту пешниҳоди мардуми Тоҷикистон шаҳодати меҳру муҳаббат, садоқат ва арҷгузории сокинони ҷумҳурӣ дар қиболи хидмату фидокориҳо ва нақши бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлату давлатдории Тоҷикистон, таъмини суботу амнияту ваҳдат ва аз ҳама муҳим, умед ба фардои пешрафтаву шукуфони Тоҷикистони азиз мебошад.…Рӯзҳои тобистонӣ мегузаранд ва моро қадам ба қадам ба сӯи таҷлили муҳимтарину сарнавиштсозтарин санаи худ 25-солагии Истиқлолият пеш мебаранд. Санаест басо фархунда ва солест басо муборак. Бигзор, ин солу ҳама сол барои ин мардум ва ин марзу бум саршор аз меҳру отифаву осудагӣ ва суботу пешрафту созандагӣ бошад!
Шоҳонаи Сулаймон