Аз дидгоҳи мардум ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон баёнгари арҷгузорӣ ба садоқату эътимоди мардуми кӯҳистон дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷаҳду талошҳои дастаҷамъонаи халқу Президенти мамлакат дар амалӣ гаштани орзуву ормонҳои давлатдорист.
Занони ваҳдатсаро
Нахустин таассуроти хотирмоне, ки аз шиносоӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии ВМКБ бардоштем, ин ҳисси баланди хештаншиносию худогоҳии сокинон буд, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ минтақаи ҳассосу мавриди таваҷҷуҳи манфиатхоҳони ҷаҳон будани Ватанро ба хубӣ дарк мекунанд. Ва дар ҳурми ниёзҳои иҷтимоии ин мардуми ғаюру меҳандӯст ҳифзи Ваҳдати миллӣ дар мадди аввал меистад.
Бо дарки аҳамияти васоити ахбори омма дар таҳкими сулҳу ваҳдату ғояҳои муҳимми давлатдорӣ рӯзноманигорони ВМКБ, хоса занони эҷодкор, садоқату корномаҳои шоистае нишон додаанд. Сафармоҳ Муҳаммадфозил, директори Кумитаи телевизион ва радиои Бадахшон иброз дошт, ки дар солҳои барқарорсозии сулҳу субот бонувони ВМКБ нақши ҳалкунанда бозида, ба гуфте: „Дар коре, ки дасти мард кӯтаҳӣ мекард, ҳамеша дасти бонуи бадахшонӣ боло буд“.
- Дар Кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ 45 тан зани эҷодкор фаъолият дошта, дар таблиғу тарвиҷи ғояҳои созандаю сулҳоварӣ тавассути силсилабарномаҳои „Сухан аз Ваҳдат“, „Ваҳдат ва истиқлолият“, „Ваҳдат - омили пешрафт“ саҳми ниҳоят зиёд доранд.
Шумораи бонувони сарвар дар ВМКБ 179 нафар ё 26 дарсадро ташкил дода, ду бонуи сиёсатмадор раисии шаҳру ноҳияҳои Хоруғу Ванҷро ба уҳда дорад. Танҳо дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ 72 дарсади муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро занон роҳбарӣ мекунанд. Тибқи маълумоте, ки рӯи даст дорем, айни ҳол 2 бонуи бадахшонӣ узви Маҷлиси миллии МО ҶТ ва 1 зан вакили Маҷлиси намояндагон мебошад. Ҳамчунин дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят 11 нафар ва дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ теъдоди онҳо ба 53 нафар мерасад. Аз 90 ҳазору 600 занони вилоят 11 ҳазору 331 нафари онҳо дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
Ойинаи ваҳдатнигор
Бино ба қавли Сафармоҳи Муҳаммадфозил мухбирбонувони минтақа ба хубӣ дарк мекунанд, ки расонаҳои маҳаллӣ дар таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдату ғояҳои фарҳангӣ нақши бузург дошта, абзори муҳимме алайҳи сомонаҳои хориҷианд, ки ба мағзшӯии мардум сару кор доранд. Бо дарназардошти вазъи феълӣ рисолати имрӯзаи ВАО-и маҳаллӣ тарбияи ҳисси меҳанпарастӣ, ташаккули афкори ҷомеа баҳри таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии сарзамин ва эҳтирому аҷргузорӣ ба арзишҳои муқаддаси давлатист. Аз ин лиҳоз, аҳли эҷод мушкилиҳои мавҷударо дар муқоиса ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҳамсоякишварҳо ва қиёс бо солҳои пешин таҳлилу баррасӣ карда, намегузоранд, ки дастоварду пешрафтҳои даврони соҳибистиқлолии Бадахшон нодида гирифта шаванд.
– Корвониёни Ваҳдати миллӣ, ки бо шумули намояндагони қишрҳои гуногуни кишвар, ба хусус зиёиён то дурдасттарин навоҳии ВМКБ ҳаракат доранд, бори дигар муътақид хоҳанд шуд, ки мардуми шарафманди Бадахшон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат садоқату эътимоди беандоза доранд, - мегӯянд фаъолзанони шаҳри Хоруғ.
Тавре сармуҳаррири рӯзномаи „Ойинаи зиндагӣ“-и шаҳр Туруншоҳзода Руқияи Давроншоҳ иброз дошт: „Нашрияи онҳо зодаи Истиқлол буда, Ваҳдати миллӣ аз мавзӯъҳои меҳварии он ба ҳисоб меравад. - „Ойинаи зиндаги“ соли 1998 бо ташаббуси раиси вақти шаҳр Ҷумъахон Зарифхон таъсис ёфту ҳамакнун шаҳрдори имрӯзаи Хоруғ Қиматгул Алибердиева дар рушду нумӯи нашрия саҳми арзанда дорад. Фаъолияти „Ойинаи зиндагӣ“ – ро, ки моҳе ду бор бо теъдоди 800 нусха нашр мешавад, 6 тан зани хабарнигор бар дӯш дорад. Ба қавли Руқияи Давроншоҳ, дар таърихи ин нашрия ягон шуморае нест, ки дар он мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, озодию саодати Ватан матраҳ нашуда бошанд.
Қиссаи корвоне, ки аз Бадахшон меомад…
Руқиябону аз зумраи ҷавононест, ки соли 1998 тавассути Корвони „Ваҳдати миллӣ“ аз Хоруғ то Душанбе ба вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафар карда буд. Таассуроти ин сафари таърихию тақдирсоз ба фаъолияти минбаъдаи эҷодиаш таъсири бузург расонд.
– Дар қатори 25 тан ҷавон се бонуи бадахшонӣ - ману Соҳибаи Давлатшоҳ ва Раънои Мубориз низ шомили корвон ба вохӯрии Сарвари давлат раҳсипор шудем. Чун сухан аз ваҳдату ягонагӣ мерафт, шебу фарози роҳ дар назар наменамуд. Аз Зиғар то Шӯрообод, роҳи пурхатари „Девдара“-ро, ки баъдан „Гулдара“ ном гирифт, шабона пиёда тай кардем. Ҳаракати нахустин Корвони „Ваҳдати миллӣ“ - ро маҳз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонону бонувони Бадахшон неруву тавоноӣ мебахшид. Бо мурури вақт ҳар нафари мо, раҳнавардони сулҳҷӯи Бадахшон эҳсос кардем, ки бо ибтикори Роҳбари давлат пайкори таърихиеро ба анҷом расонидаем. Он лаҳзаҳои нотакроре, ки мардум қад-қади шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ моро истиқбол мегирифтанд, фаромӯшнопазиранд, - бо шавқ қисса мекунад Руқия.
Рисолати қаламкашони „Шоҳдара“
Ҳифзу таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ рисолати азалии мо, фаъолзанон аст, - бо итминон иброз дошт Шарифа Қурбонова, сармуҳаррири рӯзномаи „Шоҳдара“-и ноҳияи Роштқалъа. – Агар ба ҷойи пажӯҳишгари ҷавоне мебудам, албатта, дар мавзӯи „Инъикоси Ваҳдати миллӣ дар матбуоти манотиқи кӯҳистон“ рисола менавиштам. Чунки Ваҳдати миллӣ ҳамчун як арзиши муқаддасу таърихсоз сол аз сол моҳияти бештари иҷтимоию сиёсӣ пайдо карда, ба ғояи пешбарандаи ҷомеа табдил меёбад.
Мутаассифона, дар чунин марҳилаи тақдирсоз матбуоти маҳаллӣ бинобар мушкили иқтисодӣ дар ҳаҷму теъдоди камтар нашр мешаванд, ки боиси нигаронии мо, рӯзноманигорони маҳаллист, - иброз дошт Шарифа. Ҳоло ки мушкили дастрасии саривақтии матбуоти даврӣ ба минтақаҳои дурдаст вуҷуд дорад, маҳз рӯзномаҳои ноҳиявӣ дар ҳифзи маънавиёти ҷомеа аз ҳуҷумҳои иттилоотӣ нақши сипарро мебозанд. Хуб мешуд бо ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ як муддат баъзе деҳаҳои дурдастро тариқи ройгон ба матбуоти маҳаллӣ таъмин намуд.
Занону ҷавонони ВМКБ ба хубӣ дарк кардаанд, ки пойдевори истиқлолияти давлатии мо Ваҳдати миллист ва он дар қатори дигар арзишҳои миллӣ дар ташаккули афкори ҷомеа нақши бузург дошту дорад. Бо дарки ҳамин воқеият кормандони нашрияҳо бояд ҳамчун минои раҳнамо мардумро ба таҳкими ин ғояи пурарзиш таҳрику талқин намоянд.
Килк - пайкони Ваҳдати миллӣ
Дар конфронси „Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ“, ки дар ВМКБ сурат гирифт, зикр гардид: „Роҳи наҷоти миллату давлат аз вартаҳои сунъӣ Ваҳдати миллист“. Баргузории ҳамоишу ҷашну маросимҳои умумимиллӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ва ба ин васила рафтуомаду шиносоии сокинон аз минтақаҳои ҳамдигар мояи иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дастгирии сиёсати давлат дар амалӣ шудани ормонҳои ҳазорсолаи миллист. Тавре ки Шералӣ Ризоён, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, сиёсати давлатӣ дар самти иттилоот бояд такмил дода шавад. Имрӯз дар сиёсатрезиҳои ҷаҳонӣ ва таъсиргузорӣ ба афкори ҷамъиятӣ воситаҳои ахбори омма ҳамчун абзоре барои ба воқеият табдил додани ғояҳои пешбинишуда таъсири муҳим доранд. Аз ин рӯ, радио, телевизион ва матбуоти даврӣ на танҳо барои тарбияву ҳифзи амнияти иттилоотӣ, балки ҳамчун омили таблиғи фарҳангу маънавиёти ҷомеа хизмат мерасонанд.
Ҷамолиддин Сайфиддин,
Душанбе – Хоруғ - Душанбе