Ин аст, ки занон чун неруи аз ҳама муташаккили сиёсӣ дар раванди ба ҳам омадани тоҷикон рисолати сулҳпарварӣ ва ваҳдатофариашонро иҷро карда, барои таҳкими ин дастовардҳои пурарзиш дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар муттаҳид гардиданд. Ин буд муҳтавои асосии Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони „Нақши занон дар таъмини сулҳу субот“, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми манотиқи кишвар занонро дар Хоруғ гирд овард.
Мавҷи хотироту андешаҳои бонувони суханвар, ки моломоли шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва созандагӣ дар кишвар буд, иштирокдорони ҳамоишро гоҳе ба умқи ҳодисоти даҳшатбори даҳсолаҳои гузашта мебурд, ки ёдовариҳо аз он айёми тираву тор дидаҳоро нам мекард.
Бибизайнаб Мирзомустақимова, устоди донишгоҳи Хоруғ, ки бо хонаводааш дар Вахш зиндагӣ мекард, бо ёдоварӣ аз оғози шаклгирии майдонҳои ба ҳам муқобил баён дошт, ки хешу таборашон ҳам аз Бадахшон ва ҳам аз Хатлон шомгоҳон сари як дастархон дар хонаашон дӯстона ҷамъ меомаданду нону намак мехӯрданд. Вале аҷиб ин буд, ки субҳ ба майдонҳои ба ҳам мухолиф мерафтанд.
- Ба талқини ҳикмати „Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард“ фарзандони хурдсоламро ҳамроҳ гирифтаму зистгоҳро тарк гуфтам, - мегӯяд ӯ.
Ба андешаи баромадкунанда Ваҳдат ва истиқрори Сулҳи деринтизори тоҷикон, ки хеле гарон ва бо саъю талошҳои Сарвари давлат ба даст омаданд, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пешрафту шукуфоии кишвар омили аслӣ гардида, барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас ҳар як шаҳрванди кишвар бояд худро масъул шуморад.
Хотираҳои устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ, номзади илм Сайёра Алихонова дили нишастагонро ба риққат оварданд. Сайёра чун ҳазорони дигар дар ин солҳои душвор шаҳди ғурбат чашид. Чор сол дар шаҳри Учқудуқи Ӯзбекистон бо хонаводаашон кору зиндагӣ дошт. Шавҳараш ба ҳайси муҳандис-заминшинос ва хатмкардаи донишгоҳи Тошканд аз ҷойи кор ва зиндагиаш розӣ буд. Сайёра дар ҷойи нав забонро тез аз худ кард ва ҳар боре, ки аз рекломи оинаи нилгун чеҳраҳои зебо такрор ба такрор садо медоданд, ки „Ман Ӯзбекистонамро ба ҳеҷ чиз иваз намекунам“ дили Сайёра дар ёди Ватан гум мезад. Рӯзе қарор дод, ки ҳатман ба Ватан, ба Тоҷикистон баргардад. Ин тасмимро шавҳараш аввал қабул накард ва маслиҳат дод, ки худи Сайёра бихоҳад, чанд муддат ба зодгоҳаш биравад ва бовар дошт, ки бо эҳсоси сахтиҳо ва душвориҳо ҳамсараш боз бармегардад. Ҳамсарашро бо кӯдак то марз гусел кард.
-Дар марз бо Тоҷикистон, ки чун кишвари ноором муаррифӣ мешуд, постгоҳҳои зиёд мустақар буданд, онҳоро гузаштем ва пас аз интизориҳои зиёд ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон қадам гузоштам. Марди миёнсоле пешам омада, дастамро гирифт ва гуфт: „Духтарам, хоки Ватан муборак!“. Намедонам, аз чӣ бошад, ин суханон ба ман сахт таъсир карданд ва гиряро сар додам.
Ба зодгоҳам омадаму қарор додам, ки ин ҷо мемонам ва дар озмуни донишгоҳ ширкат варзида, ҷойи кор пайдо кардам. Пас аз чанд моҳ шавҳарам низ ба пеши зану фарзанд омаду дар ин ҷо аввал дар „Тоҷиктелеком“ ба кор даромад ва акнун дар бунёди неругоҳи Роғун заҳмат мекашад.
Савгандёди самимию эътимоди Сарвари муҳтарами давлат бо суханони неки „кори худро аз сулҳ оғоз мекунам“ ва талошҳои хастагинопазираш дар роҳи расидан ба ин мақсади муқаддас аз як тараф ва аз сӯйи дигар фарҳанги сулҳпарвари мардуми тоҷик, ба андешаи ӯ, боис гардиданд, ки неъмати ниҳоят қимати иттиҳоду ваҳдат ва сулҳ дар кишварамон имрӯз ҳукмфармост.
Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Санавбар Самизода изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар барои истиқрори сулҳу ваҳдат аз тамоми имконот истифода бурд ва акнун ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар баробари давлат худро барои ҳифз ва таҳкими ин дастовардҳои арзишманд масъул шуморад ва мавҷудияти чунин ҳамбастгиро дар ҷумҳуриамон кафили сулҳу ваҳдати пойдор донист.
Дар конфронс раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекова зикр намуданд, ки бо истиқрори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ Ҳукумати кишвар сиёсати беҳтаргардонии шароити занонро аз авлавияти фаъолияти хеш қарор дода, соли 1998 „Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998–2005 „ба тасвиб расид ва барои амалӣ гардондани он 14 вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуданд. Ба имзо расидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999 „Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа „ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 „Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо“ ва барномаҳои давлатии дигар мақоми шоистаи занро дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъмин намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сангвор Сабоҳат Тоҳирова мисол овард, ки то соли 1999 дар ноҳияашон ҳамагӣ ду зан бо таҳсилоти олӣ кор мекард, ба шарофати Сулҳу Ваҳдат ва дастгирии Президенти кишвар шумораи занони соҳибтаҳсилот қариб ба 300 нафар расида, аз онҳо 15 кас дар мақомот, 149 нафар дар соҳаи маориф, 64 кас дар соҳаи тандурустӣ, 17 нафар дар соҳаи фарҳанг фаъолият дошта, 78 нафар соҳибкор асту 27 нафар сарвари хоҷагии деҳқонист.
Фикре равост, ки мардҳо ҷангу ҷӯш меандозанд, вале бори сулҳу ваҳдатофариро бештар занон бар дӯш мегиранду ҷоннисорӣ мекунанд. Муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева бо таъкиди ин фикр, ки дар нишастҳои қаблӣ садо дода буд, афзуд, дар ҳоле ки дар даврони ноамнӣ ду сангар ба қасди ҷони ҳам мавқеъ мегирифт, занон ягона неруи муттаҳид ва муташаккил ба шумор мерафтанд, ки ба гурӯҳҳо тақсим нашуданд ва чун қувваи муттаҳиду муташаккил ба миён даромада, барои Сулҳу Ваҳдат талош варзиданд.
Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи ВМКБ Сайёрамоҳ Замирова аз саҳми занони вилоят дар таҳкими сулҳу субот ва корҳои ободониву созандагӣ ёдовар шуда, бонувонро нахустин гурӯҳи иҷтимоӣ номид, ки дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон бар зидди силоҳбадастон ва маводи мухаддир овоз баланд карданд.
Дар доираи ҳамоиш намояндагони занони ҷумҳурӣ ба ҳаёти мардум дар шаҳру ноҳияҳо шинос шуданд. Ҳамчунин корвони „Меҳри модар“ аз қисмҳои ҳарбӣ дидан намуда, ба ҳаёти сарбозону афсарон аз наздик шинос гардиданд ва ба сарбозони намунавӣ туҳфаҳои молиявӣ тақдим карданд. Дар маҳалҳо ва дар ҷойи баргузории ҳамоиш дар саҳни чойхонаи миллӣ бонувон маҳсули ҳунарҳои дастиашонро ба маъраз гузоштанд.
Занони тоҷик ҳамчун неруи офарандаву созанда ва тарбиятгари насл дар пешрафти тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ширкати фаъол дошта, бо баргузории чорабиниҳо таҳти унвони „Ваҳдат - мароми модарон“, „Модарон - тарафдори сулҳ „ин арзишҳои муқаддаси халалнопазирро бештар тарғиб мекунанд, ин буд хулосаи суханронию мубодилаи афкори иштирокдорони ҳамоиш.
М. Ҷалол