Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола амалан хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи кишвари моро дигаргун кард.
Соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва таҳкими он мушкилтар аз он аст. Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасози талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст. Дар рӯзҳои сахту душвори соли 1992 баргузории иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 16 ноябр ва рӯи кор омадани Ҳукумати нав бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор намуд. Акнун давраи ҳассоси кору фаъолияти Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, давраи талош барои якпорчагии кишвар ва ваҳдати мардум, ҳифзи марзу бум ва пойдории истиқлолият оғоз гардид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои роҳбарии кишвар барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро ҳадафи аслии худ ва Ҳукумати навтаъсисаш эълон кард ва мардумро дар дохилу хориҷ ба муттаҳид шудан дар атрофи ғояи ваҳдат даъват намуд.
Ва аз ҳамон рӯз қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳ гузошта шуданд. Роҳ ҳамвор набуд. Аз як тараф пайдо шудани кинаву нобоварӣ дар дохил ва аз тарафи дигар тамаъҷӯии баъзе кишварҳо дар хориҷ намегузошт, ки тоҷикон дар фурсати кӯтоҳ ба сулҳ бирасанд. Раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокорию ҷуръати хосеро талаб мекард, ки ба бахти миллати тоҷик, Роҳбари ҷавонаш чунин хислатҳои олиро доро буд. Ҳар бор, ки музокироти сулҳ миёни ҳайатҳои музокиракунандаи Ҳукумат ва мухолифин ба бумбаст мерасид, Эмомалӣ Раҳмон дарҳол вориди ҷараён мешуд ва кӯшиш мекард, ки ҳанӯз музокирот қат нашуда ва боварии тарафҳо ба якдигар аз байн нарафта, мушкил ҳал шавад ва музокирот идома ёбад.
Авҷи талошҳои пайгирона ва хастагинопазири Президенти Тоҷикистон, сафар ба деҳаи дурдаст ва кӯҳистонии Хусдеҳи ҶИА дар зимистони соли 1996 буд. Дар он рӯзҳо музокироти тоҷикон ба анҷоми худ наздик мешуд ва сулҳи деринтизор аз дур чеҳраи худро намоён мекарду аввалин шуълаҳои умедро дар дили мардум фурӯзон месохт.
Аммо ногаҳон ҳамдигарнофаҳмӣ ва мушкили ҷиддие дар миёни ҳайатҳои музокироти ду тараф дар Теҳрон ба миён омад, ки дар сурати ҳал нашуданаш метавонист, ҳама дастоварди то он рӯз ҳосилшударо аз байн барад. Ягона роҳ ин мулоқоти Президенти кишвар бо роҳбари мухолифон буд. Аммо роҳбари мухолифон дар шимоли Афғонистон қарор дошт. Афғонистон он шабу рӯз дар оташи ҷанги дохилӣ месӯхту ҷанг ба шимол кашида шуда буд ва тақрибан ҷои амне дар ин минтақа ба назар намерасид. Бо талоши Эмомалӣ Раҳмон ва ёриву мусоидати роҳбарони вақти Афғонистон деҳаи кӯҳистоние бо номи Хусдеҳ дар музофоти Фархори вилояти Бадахшони Афғонистон барои ин мулоқот интихоб шуд. Дар айни ҳол, масъулон таъкид карданд, ки касе амнияти Президенти Тоҷикистонро дар ин деҳа кафолат дода наметавонад. Вале аз он ҷо, ки ин мулоқот ягона роҳи расидан ба сулҳ буд ва Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба мардуми худ дар ин бора ваъда дода буд, на хатарҳои амниятӣ, на даргириҳои шабонарӯзии Афғонистон ва на вазъи хатарноки кӯҳистони Хусдеҳ дар фасли зимистон натавонист Пешвои миллатро аз азмаш баргардонад.
Дар он шабу рӯз аз як тараф душманони раванди сулҳи тоҷикон кам набуданд ва аз тарафи дигар рақибони давлати Афғонистон дар дохилу хориҷ эҳтимол дошт, ки барои бадном кардани давлати мизбон ба ҳар гуна амали террористӣ даст зананд. Ин буд, ки аксари коршиносон имкони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хусдеҳ ва баргузории ин мулоқотро аз пеш зери суол мебурданд. Вале ин сафар сурат гирифт ва масъулони баландпояи Афғонистон ин иқдоми Президенти Тоҷикистонро ҷуръати хос ва фидокории нодире номиданд, ки роҳбарони сиёсӣ маъмулан аз он маҳруманд.
Оре, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯз душвориҳои зиёде пушти сар шуданд, вале ниҳоят гавҳари мақсуд ба даст омад.
Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад. Сиёсатмадорону коршиносон ҳангоми суханрониҳо аз минбарҳои гуногун, гуфтушунидҳо, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаву низоъҳои ҳаммонанд, ба кор бурдани нақшаи тоҷикии ҳаллу фасли масъаларо салоҳ медонанд.
Агарчӣ ин ҷангро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ карда буданд, аммо фидокориҳои Роҳбари давлат, хосту иродаи матин ва хиради азалии миллат сулҳро ба кишвар бозгардонд.
Инак, дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон 19 сола шуд ва ҳамчунон ба нашъунамои худ идома медиҳад. Аммо бояд бидонем, ки ин дарахт ниёзи ҳамешагӣ ба обёрӣ ва нигоҳубин дорад. Обёрӣ аз чашмаи ҷон ва қалбҳои пур аз муҳаббати ҳар яки мо ва ба мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он.
Шоҳонаи Сулаймон