03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МУВАФФАҚИЯТ ЗАҲМАТ МЕХОҲАД!

 

04 201919«Бонувони Тоҷикистон» дар доираи нақшаи кории тарҳрезишуда ва инъикоси рафти иҷрои дастуру супоришҳои ироагашта дар Паём ба хотири ошноӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободониву зиндагии мардум ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар сафар кард. Муқаддимаи сафар аз суҳбате бо муовини раиси шаҳр бону Шоиста Абдуназарзода оғоз шуд…

- Муаллима, чун як нафари таъсиргузор ба тасмимгириҳои мақомот бештар аз кадом дастовардҳои шаҳрдорӣ ифтихормандед?

- Шаҳри Бохтар рӯз ба рӯз обод мегардад. Коргоҳҳои хурду бузурги саноативу тиҷоратӣ, биноҳои давлативу маъмурӣ, мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои за­бономӯзиву ҳунармандӣ, вар­зиш­гоҳҳои муосир, макони тафреҳу истироҳат барои кӯдакону калонсолон, меҳмонхонаву та­рабхонаҳо, хуллас тамоми нишондиҳандаҳои шаҳри замонавию пешрафта ин ҷо ҳастанд.

Дар асоси амри Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азиз дар шаҳри Бохтар сохта ба истифода додани 300 иншооти таъйиноти гуногун мавриди назар мебошад, ки то имрӯз наз­дики 40 фоизи нақша аллакай амалӣ гардидааст.

- Норасоии ҷойҳои корӣ барои бонувон эҳсос намешавад?

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар тамоми чораҳоро барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва касбомӯзиву бо шуғл фаро гирифтани занон андешида истодааст. Бо эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корро дар баробари ободонии шаҳр ва таъсиси инфрасохтори сайёҳиву ҷалби бештари меҳмонон, дар самти рушди ҳунармандӣ низ тақвият бахшидем. Чанде пеш дар шаҳри Бохтар як маркази муҷаҳҳаз бо техникаҳои муосири адрасу атласбофӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бештар он ҷо бонувони хонанишин барои омӯзишу кор ҷалб гардиданд. Барои ҳавасмандон бонуи ҳунарманд - Роҳила Ниёзова ҳунар меомӯзад.

- Ҳоло бозорҳои пойтахт пур аз помидор, бодиринг, қаламфури булғориву дигар сабзавотҳои парвардаи деҳқонони бохтарист. Саҳми бонувони кишоварзро дар ғанӣ гардондани бозорҳои кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Воқеан, кишоварзони Бохтар аз аввалинҳо шуда бозору фурӯшгоҳҳои худи шаҳр, вилояти Хатлон ва пойтахтро бо сабзавоту меваҷоти тару тоза таъмин менамоянд, ки дар ин кор саҳми занони кишоварз зиёд аст. Дар шаҳр маҳаллае дорем бо номи Ғайрат ва мардумонаш бештар бо сабзавоткорӣ машғуланд. Бонувони ин маҳалла ҳамроҳи оилаҳояшон гармхонаҳо таъсис дода, маҳсулоти гуногуни кишоварзиро парвариш мекунанд. Мо аз ҳисоби бонувон боғдорону заминдорони номӣ дорем. Занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳам ҳастанд. Исми кишоварзбонувон Майрам Муродова, Робия Қурбонова, Кимёхон Маҳмудова барои мардуми шаҳр хуб ошност. Идораи «Боғбунёд»-и Бохтарро бону Силсиламо Тоҳирова сарварӣ мекунад.

- Диққати моро бештар кӯдакистони №12, ки назираш дар дигар шаҳрҳо кам аст, ба худ кашид. Таъсиси боғчае бо ин қадар шароиту имкониятҳои фарохи рушду забономӯзии кӯдак бо маб­лағи ҳармоҳаи дастрас, бояд боиси пайравӣ барои дигар масъулон бошад…

- Аз 19 муассисаи таҳсилоти томактабии амалкунандаи ҳу­дуди шаҳри Бохтар яктоаш хусусист. Соли 2018 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 2 кӯдакистони замонавӣ барои 400 кӯдак сохта ба истифода дода шуд. Боғчае, ки ёдовар шудед, дар марказ ҷойгир шудааст ва айнан мисли ин кӯдакистон дар маҳаллаи «Ғайрат» кӯдакистони дигаре низ ба истифода дода шуд. Дар боғчаҳои навсохт ба кӯдакон муошират бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Имрӯз дар шаҳри Бохтар барои 24 ҳазор хонанда 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунад, ки 4 - тоаш литсею гимназияҳои шакли наванд. Дар баробари ин, гимназияи хусусие бо номи «Аминҷон» низ фаъолият дорад. Дар соли хониши 2017 - 2018 1706 нафар муассисаҳои таълимиро хатм намуд, аз ин шумор 893 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. 81 фоизи хатмкунандаҳо ба мактабҳои олии дохилу хориҷ ворид гардида, таҳсилро идома медиҳанд.

Дар назди шуъбаи маорифи шаҳр маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал мекунад, ки саҳми он дар дарёфту тарбияи кӯдакону наврасони соҳибистеъдод калон аст. Танҳо дар соли 2018 марказ 326 кӯдакро бо донишу имконоти фавқулода ба омӯзишу парвариш фаро гирифтааст. Аксари ин бачаҳо ғолибони олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявианд. Зиёданд хонандагоне, ки дар синфи 7 - 8 барномаи синфи 11-ро аз бар кардаанд. Бо пешниҳоди раиси шаҳри Бохтар ба хотири ҳавасмандгардонии талабагон ҳар муассисаи таълимӣ барои хонандаи лаёқатмандаш стипендияҳои махсус муқаррар кардааст.

- Вазъ дар самти қабулу гусели сайёҳон чӣ гуна аст?

- Мушкиле марбут ба инфрасохтори сайёҳӣ дар Бохтар нест. Хатсайрҳои сайёҳӣ дар чаҳор канори шаҳр дар тоблуҳои махсус мунъакис шудаанд, ки сайёҳ бо баробари ворид шудан ба шаҳр имкон дорад зуд ва осон аз куҷо дидан намуданашро муайян созад. Меҳмонхонаву тарабхонаҳои дараҷаи олӣ барои истироҳату фароғати сайёҳон муҳайё. Осорхонаи таърихӣ -кишваршиносии «Бибихонум» яке аз мавзеъҳои ҷолибу диданӣ барои сайёҳон аст.

Соли 2018 дар шаҳр тарабхонае бо номи «Малика», бо тамоми шароиту имкониятҳои сатҳи баланд, мавриди истифода қарор гирифт. Бо ангораву ҷузъиётҳои фарҳангиву миллӣ, хӯрокҳои хушмаза, меҳмондории бо завқу салиқа ин макон ҷои дӯстдоштанӣ барои сайёҳон ва меҳмонон гардидааст.

- Барои афзудани сафи занони роҳбар чӣ нақшаҳо рӯи даст доред?

- Мо ҷузвдони махсуси захиравии кадрҳоро дорем, ки бонувони зиёдеро дар бар мегирад ва мавриди зарурӣ аз он истифода мебарем. Табиист, ки барои зан муваффақ анҷом додани рисолати хонаводагӣ ва ҳам роҳбарӣ дар як вақт чандон кори саҳлу осоне нест, аммо бонувон исбот кардаанд, ки аз иҷрои дилхоҳ масъулият сарбаландона мебароянд. Ҳар муваффақият заҳмат мехоҳад. Дар шаҳри Бохтар яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар – маорифро Қурбонбӣ Забирзода роҳбарӣ мекунад, ободонии шаҳр бо он ки масъулияти сангинест дар дасти бонуи хушкор Махфират Садирова аст, маркази ёрии таъҷилии шаҳрро Рӯзигул Бурҳонова сарварӣ мекунад. Бонувон директорони макотибу роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонианд. Шӯ­рои собиқадорони ҷангу меҳ­нати шаҳри Бохтарро зани соҳибтаҷрибаву кордон Тӯтинисо Назарова роҳбарӣ мекунад, ки мо дар маҷмӯъ аз кору фаъолияти бонувони роҳбар сарфарозем.

 

Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе – Бохтар - Душанбе

:.  Сиёсат 19.04.2019 05:19 1124

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz