Рамзи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
28 апрел аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ шуд.
Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.
Ин маъниро Сарвари давлати мо чун ҳамеша пеш аз дигарон дарк сохту амалӣ намуд ва дар ин росто ҳамин мисол кофист, ки Тоҷикистон дар минтақа аввалин кишварест, ки сиёсати давлатии ҷавононро қабул кард ва Пешвои миллат қишри ҷавонро ба сатҳи стратегӣ бардошт: „Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар ҳисобида, авзои иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқиву сиёсӣ… ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем“.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои фаъолият пайваста ба ҷавонон таваҷҷуҳ мекард ва онҳоро мавриди ҳимоят қарор медод. Нахустин мулоқоти эшон бо ҷавонон дар шароите доир гардид, ки тазоду муноқишаҳои дохилӣ ба таври пурра бартараф нагардида буданд ва ин имкон намедод, ки Ҳукумати навтаъсис тадбирҳои судмандро дар мавриди ҷавонон андешад ва ҳама хостаҳои худро нисбат ба онон амалӣ созад. Вале дар ҳамон шароит низ, чун аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҷавон буд, ҷалби насли ҷавон ба фаъолияти сиёсӣ ва беҳтар гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар комилан мувофиқи мақсад буд.
Аз тарафи дигар, ҷавонон дар он шабу рӯз дар ҳолати рӯҳшикастагӣ ва ноумедӣ қарор доштанд. Қуввае набуд, ки ба онҳо шавқи зиндагӣ ва умед ба оянда бахшад. Дар ҳамин асно мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон 17 марти соли 1994 баргузор гардид. Дар он мулоқоти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷавонон ва кулли ҷомеаро ба муттаҳидӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳифзи урфу одату анъанаҳо, риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории ҷорӣ, гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, фаъолнокии Созмони ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, омӯзиши илму ҳунар, ихтисосҳои нав ва техникаи ҳозиразамон ба ҷавонон, дастгирии кӯдакони бепарастор ва мактаб-интернатҳо, таъмини ҷавонон бо манзили истиқоматӣ ва рушди сиёсати демографӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, дуздию ғоратгарӣ ва нашъамандӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ахлоқии ҷавонон ҷалб намуд.
Дар он рӯзҳое, ки ҷомеа ҷавонону ояндаи ҷомеа ва ҳатто имрӯзи худро фаромӯш карда буд, ин гуна масъалагузории Сарвари давлат, воқеан, шуълаи умедро дар қалби ҷавонон барафрӯхт. Онҳо эҳсос карданд, ки оянда доранд, соҳиб доранд, роҳбаре доранд, ки имрӯзу фардои онҳоро таъмин мекунад ва барои ин на т???? анҳо ваъда, балки барномаи мушаххаси амал дорад.
Пас аз он тадриҷан таваҷҷуҳ нисбат ба насли ҷавон дар ҳамаи сатҳҳо зиёд гардид. Ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ба ташаккулёбии устувор оғоз карданд ва оҳиста-оҳиста ҷавонон ба неруи воқеан таъсиргузор дар ҳаёти ҷомеа табдил ёфтанд. Ин масир ҳамакнун бомаром идома дорад.
Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумат бо мақсади таҳкими мақоми ҷавонон дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд.
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ „Дурахшандагон“, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст.
Аз тарафи дигар, дар шароити имрӯза, ки мутаассифона, гурӯҳҳои зиёди ифротгаро дар саросари олам ба „шикор“-и афкор ва андешаи ҷавонон даст задаанд, ҷавонони азизи кишвари моро зарур аст, ки дар посух ба ин ҳама меҳрубонию таваҷҷуҳи Пешвои миллат, бо шукронаи сулҳу оромӣ, дар партави Истиқлолият илму дониш аз худ кунанд, дӯстро аз душман фарқ карда тавонанду фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
Пӯшида нест, ки таъмини шароити хуби кору зиндагӣ барои ҷавонон вазифаи давлат ва гузашта аз он ваъдаи роҳбари давлат аст, ки ин амр дар пеши чашми мардум қадам ба қадам иҷро шуда истодааст. Аммо дар баробари ин, ҷавонон ба ҷуз аз ҳаққу ҳуқуқ боз вазифа ва масъулиятҳое низ доранд. Яъне онҳо, пеш аз ҳама, бояд соҳибмаърифат, босавод, ватандӯст ва ҳомии арзишҳову манофеи миллӣ дар дохилу хориҷ бошанд.
Боварии ман ин аст, ки ҳама таваҷҷуҳ ва фароҳамоварии имкониятҳо барои ҷавонон аз сӯи давлат, агар бо дарку фаҳми воқеӣ ва истифодаи дурусти ин имкониятҳо аз сӯи ҷавонон ҳамроҳ шавад, ояндаеро, ки ҳамаамон интизораш ҳастем, ба осонӣ ба даст хоҳем овард. Ва ин ба нафъи давлату миллат ва, албатта, беш аз ҳам ва, пеш аз ҳама, ба нафъи худи ҷавонон хоҳад буд.
Рӯзи ҷавонон ва ҳафтаи ҷавонон муборак!
Шоҳонаи Сулаймон