Дақиқае пас аз дур ҷонибам даст афшонду оҳиста-оҳиста бо салобати хос табассумкунон наздам омад. Даст дод, аҳволпурсӣ кардем. То хона каме дар хусуси ман маълумот гирифт. Хона мувофиқи талаботи солҳои шӯравӣ хеле бо завқ оро ёфта буд. Сари миз чойи хушбӯи алафӣ муроот карду бо садои паст суҳбати телефонии чанд дақиқа пешро гӯё шарҳ дод: „Вақти дар Маскав хондан, аз мо интизоми ҳарбӣ талаб доштанд. Ман ҳам аз шогирдон интизоми қатъӣ мехостам. Умуман, дар фаъолияти мо интизом хеле муҳим аст“. Эҳсос кардам, ки ӯ чун инсони замони шӯравӣ ва мансабдори бовиҷдони вақт аз ҷавонони имрӯз дақиқкориро талаб дорад…
Ҳамсуҳбатам аз муҳимтарин лаҳзаҳои зиндагиаш қисса кард. Аз оилаи бофарҳанг, модари отифаю босавод, падари сахтгиру ҳамеша дар хизмати халқ буда, бародарону хоҳарони донишманд, фарзандони номбардор, набераву абераҳояш. Зикр намуд, ки журналистон ба шахсияташ таваҷҷуҳ доранд, тез-тез меҳмонаш мешаванду сари мавзӯъҳои гуногун суҳбат меороянд.
Барои чӣ Тамара?
Оилаи Абдушукуровҳо соли 1938 аз Самарқанд ба Тоҷикистон меоянд. Падари хонавода Махсум Абдушукуровро котиби якуми ҳизб дар вилояти Ғарми РСС Тоҷикистон таъйин мекунанд. Соли 1940 Тамара дар ноҳияи Шулмак (ҳозира Нуробод)-и собиқ вилояти Ғарм таваллуд мешавад. Ба хотири мухлиси ҳунарпешаи машҳури давр -Тамарахонум будан, бародари калонӣ Рашид кӯдакро Тамара ном мегузорад. Гӯё бародараш он замон эҳсос карда буд, ки Тамара воқеан мисли ҳунарманди дӯстдоштаи ӯ дар соҳаи санъат аз шахсиятҳои шинохтае хоҳад буд. Тамара аз хурдӣ садои фораме дошт. Пеши меҳмонони падар шеърҳо қироат мекард, байни духтарони деҳа зебо месароид. Дар чорабиние Меҳрубон Назаров, ки он вақт муовини вазири фарҳанг буд, аз истеъдоди ӯ ба ваҷд омада, пешниҳоди таҳсил дар Маскавро мекунад.
Таҳсил дар ГИТИС
Тамара дар 16 - солагӣ ба шаҳри Маскав меояд ва пеши устодони номиву машҳури СССР профессорон Олга Ивановна Пижова, Борис Владимирович Бибиков, ки бузургонеро чун Вячеслав Тихонов, Леонид Куравлев, Людмила Касаткина ва дигарон тарбия кардаанд, имтиҳон месупорад. Қобилияту истеъдодашро ба инобат гирифта, ӯро якбора ба курси дуюм қабул мекунанд. Ҳамин тавр, Тамара донишҷӯи яке аз таълимгоҳҳои муътабари соҳа - ГИТИС мегардад. Бо Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Мая Камолова, Ҳабибулло Абдураззоқов, Носир Ҳасанов, Фотима Ғуломова, Тӯрахон Аҳмадхонов ва дигарон дар як гурӯҳ мехонданд. Устодашон Олга Ивановна, ки тоҷиконро хеле дӯст медошту ба фарҳангу маданияти мо эҳтиром қоил буд, ҳамеша таъкид мекард: „Хоксориатонро гум накунед, аз паси муд нагардед, чеҳраву номи волои миллататонро ҳифз намоед“. Тамара дар ГИТИС бо стипендияи сталинӣ таҳсил мекард. Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуд.
Икром Иноятович
Баъди хатм ӯро барои идомаи фаъолият ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Хуҷанд мефиристанд. Дар ин ҷо қисмат Тамараро бо ҷавони хушодоб, хатмкардаи Донишгоҳи саноати хӯроквории шаҳри Ленинград Икром Қурбонов рӯ ба рӯ месозад. Бо ҳам оила бунёд мекунанд. Сабаби ин ошноӣ Шарифҷон Ҷалилов, писари нависанда Раҳим Ҷалил будааст.
Баъди як сол Тамараро ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе мегузаронанд. Соли 1967 дар назди Донишгоҳи омӯзгории Душанбе факултаи санъат таъсис дода шуда, ӯ барои тарбияи кадрҳои соҳа ба кори омӯзгорӣ ҷалб мешавад. Дар як вақт сомони кори оила, вазифаҳои ҷамъиятӣ, театр, донишгоҳ барояш мушкил буд. Шавҳар ҳамеша дастгириву ёриаш мекард. Корҳои хона ба мардонаву занона тақсим намешуд. Касе вақт дошт, кореро анҷом медод. Ҳол он ки Икром Курбонов низ масъулияти баланди роҳбарӣ бар зимма дошт. Ӯ 19 сол дар вазифаи вазири саноати хӯроквории Тоҷикистон кор кардааст.
Онҳо бо ҳам се фарзандро бузург кардаанд. Фарзанди калонии оила Лола табиб асту дар Арабистон фаъолият дорад. Писарашон Анвар муҳандиси соҳаи барқ дар Қрим ва писари хурдӣ Собир иқтисодчӣ асту дар Амрико иқомат дорад.
Ректор Тамара Махсумовна
Соли 1973 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода таъсис меёбад. Тамара Махсумовнаро ба ҳайси муаллими калон ба кор даъват мекунанд. Баъди чанде муовини ректор оид ба таълим ва корҳои илмӣ таъйин мешавад. Аз ин ҷо ба шуъбаи фарҳанги кумитаи марказии ҳизб ва баъдан ба вазифаи муовини аввали вазири фарҳанг мегузаронанд. Чанде пас тариқи овоздиҳии пӯшида Тамара Абдушукуроваро ректори Донишкадаи санъат интихоб менамоянд. „Ҳанӯз дар давраи таҳсил муаллимон ҳамеша таъкид мекарданд, ки ту маҳорати омӯзгорӣ дорӣ, бояд онро такмил диҳӣ. Маҳмудҷон Воҳидовро ба таври истисно ба курси се қабл карданду бо супориши Олга Пижова ман ба ӯ барномаи курси 1 - 2 - ро аз фанни маҳорати актёрӣ меомӯзонидам. Ин дар ГИТИС дар Маскав буд. Ҳатто замони вазирӣ ҳам ман дар донишгоҳ ба шогирдон дарс мегуфтам“, - мегӯяд Тамара Абдушукурова.
Вазири маданият
Як муддат ӯ вазири маданият (фарҳанги ҳозира) - и Тоҷикистон буд ва фаъолияти густурда бурд. „Ходими давлату ҷамъият шудан мушкил. Забону дили ҳамаро ёфтан сахт ва баъзан номумкин аст. Хусусан дар соҳаи санъат, ки ҳар шахсият ин ҷо дунёи худро дорад. Қалби санъаткор мисли булӯр нозук аст, камтар ба иззати нафсаш расӣ, мешиканад. Илҳомаш мерамад. Масалан, Малика Собирова бисёр масъулиятшинос буд, зиёд кор мекард, суҳбат бо ӯ эҳтиёткориро талаб дошт. Қалбаш ҳассос буд. Ҳама шахсиятҳо чунинанд. Малика ба тамоми ҳастӣ бонуи пешво буд ва бо ӯ балети тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт“, - ёдовар мешавад ҳамсуҳбатам.
Ҳамеша дар баробари корҳои асосӣ масъули корҳои зиёди ҷамъиятӣ ҳам будааст. „Падарам тамоми умр ходими ҳизбӣ буданд. Бародарону хоҳаронам низ дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор мекарданд. Дар муҳите, ки ман бузург шудаам, суҳбат ҳамеша сари мавзӯъҳои корӣ сурат мегирифт. Пайваста аз бузургони оила меомӯхтам. Китоб дар хонаи мо чизи муқаддас ба ҳисоб мерафт. Шеъру суруд ин ҷо ҷойгаҳи арзанда доштанду мусиқии классикӣ мавқеи баландро доро буд“, – мегӯяд Тамара Махсумовна.
Театр мактаб аст!
Театр барои ӯ мактаби бузургест. Ӯ дар саҳнаи бузург нақшҳои марказӣ, драмавӣ, лирикиву мазҳакавиро бозидааст. Ба андешаи қаҳрамонам саҳнаи театр минбарест, ки ба воситаи он мешавад бисёр корҳои бузургро амалӣ сохт. Тамара Абдушукурова имрӯз ҳам дар тамоми спектаклу намоишномаҳои шогирдонаш иштирок мекунад. Аз муваффақиятҳояшон болидарӯҳ мегардад. „Имрӯз бояд ҳамкорӣ дар сатҳи боло, байни раисону вазирон қавӣ гардад. Дар замони фаъолият мо бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориҳои зиче доштем. Дар тарбияи завқи эстетикии хонандагон саҳм мегирифтем, то насли воқеан фарҳангие тарбияву бузург намоем. Озмуни „Парасту“ ва „Наврӯз“ - ро ташкил кардем. Мунаққидони беҳтарини соҳаи санъатро аз тамоми давлатҳо ҷамъ намудем, то баҳои аслии худро донем. Бештар намоишномаҳои муштарак мегузоштем. Табодули афкору андешаҳоро бо коршиносони хориҷ ба роҳ монда будем. Замони ректории ман раиси комиссияи қабул ҳатман берун аз кишвар даъват мешуд. Бо ин роҳ набзи воқеии санъату фарҳангро дар кишвар мефаҳмидем. Донишҷӯёни дигар кишварҳоро даъват мекардему аз худамонро ба дигар ҷумҳуриҳо мефиристодем. Асарҳои драматургони ҷаҳониро зиёд ба саҳна мегузоштем. Дар ҳамкорӣ бо кумитаи ҷавонони ҷумҳурӣ озмуни назм гузаронида будем, ки Маҳмудҷон Воҳидов дар он ҷои аввалро гирифта буд. Шаби нақшҳои дӯстдоштаниву иҷроношудаеро доир мекардем. Чӣ қадар аҷоиб мегузашт. Ҳамаи ин ҳунармандонро бедор месохт. Ба андешаи ман, намоиши театрӣ ҳатман бояд моҷарову задухӯрд дошта бошад. Намоишномаи хушк ба дил наменишинад. Касби санъаткор ҳамин хел аст, ки мебояд ҳамеша заҳмат кашӣ. Ту ҳунарманди шоистаӣ ё халқӣ, нобиға ва ё лауреати беҳтарин ҷоизаҳои ҷаҳонӣ бояд муттасил ҳунаратро сайқал бахшӣ. Агар муғаннӣ як рӯз нанавозад, худ ҳис мекунад, ки дастонаш хуб кор намекунанд, ду рӯз нанавозад, оркестр, рӯзи сеюм дирижёр инро эҳсос мекунад, 5 - 6 рӯз, ки шуд, тамошобин мефаҳмад. Нақши нав ҳамеша мисли ғори торикест. Ҳунарманд намедонад, ки аз он зиндаву саломат берун меояд ё не, яъне ӯ аз нақшофарӣ обрӯ мегирад ё хайр“, - қайд мекунад ӯ.
Пешвои бофарҳанг
Аз он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос дорад, шод аст. „Шукр, Президент санъатро хуб мефаҳманд. Он кас бениҳоят санъатдӯст ҳастанду дар баробари корҳои зиёди давлатдорӣ ҳамеша аз набзи соҳа огоҳанд. Шахси бениҳоят фарҳангӣ. Аслан, мардуми мо ҳама санъатдӯсту боистеъдоданд. Театр дар мо аз ҳунармандону дастаҳои ҳавасмандони халқӣ пайдо шудааст. Ҳанӯз соли 1941, пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, театри тоҷик дар Маскав баҳои баланд гирифта буд. Мусиқии классикию анъанавии мо нодир аст, бинобар ин онро бояд ҳифз кард ва соҳаи санъатро тақвият дод“, - мегӯяд Тамара Махсумовна.
Гулноза БОБОМУРОДОВА