Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон самимона иқрор меояд, ки иқдому ибтикори мазкур ба ҳалли бисёр масъалаву мушкилҳои чигил дар заминаи хонаводагӣ иттифоқ афтодаро басо оқилона ҳаллу фасл кард. Аз дигар сӯ, ба андешаю таъкиди коршиносони масоили сиёсӣ муътамадтарин пойбасти давлатдорӣ ин оилаи солим асту бас. Воқеан, низоъшиносони варзида низ бар он назаранд, ки аз ҳама муноқишаҳои мавҷуда дар ақсои олам душворҳалтаринаш ҷангу ҷидоли хонаводагӣ мебошад. Ин бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Сарвари оқили давлати мо боз ҳам бо хиради фитрии худ ин мушкилро сари вақт дарк намуда, пайи таъмиру тармимаш тадбири муассиреро пеш гирифт ва таваҷҷуҳи намояндагони тамоми табақаю қишрҳои ҷомеаи меҳанро ба ин самт роҳнамун сохт. Дар доираи Соли оила маърифати зиндагиороӣ, донишҳои ҳуқуқӣ боло рафта, ҳар хонаву дар, ҳар шаҳраку русто ва кӯю барзан аз партави ин тадбир бархӯрдор, дар самти тарбияи фарзандони худ, оростану хурраму зебо сохтани муҳити зист ва таъмини ҳусни тафоҳум дар ҷомеаи навини Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд. Дар масири сол иқдомоте чун пуштибонию ёрӣ аз маъюбону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат сурат гирифта, чандин хатнасури фарзандони чунин хонаводаҳо ороста шуд.
Оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор дорад ва ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад. Аз солҳои аввали истиқлолият мушкилу масъалаи умдаи беҳдошти шароити зиндагӣ ва фаъолияти пурманфиати занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дорад.
Фармони Президенти кишвар „Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа“, ҳамчунин қарори Ҳукумат аз соли 2010 „Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020“ дар амри таҳкиму тақвияти мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва бар муҳри мувофиқу муносиб андар овардани таносуби онҳо дар вазифаҳои давлатӣ ва дигар пешаҳои барои ҷомеа манфиатбахш, такони ҷиддӣ бахшиданд.
Ин аст, ки иштироки занони ҷумҳурӣ дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас буда, 25 дарсади хизматчиёни давлатӣ феълан занон мебошанд. Таносуби онҳо дар муассисаҳои таълимии мамлакат хеле назаррас буда, қариб 70 дарсади омӯзгоронро занон ташкил намуда, дар таълиму тарбияи насли ояндаи созандагони Ватан нақши муҳим мебозанд.
Шурӯъ аз соли 2009 мардуми шарифи Тоҷикистон бо Фармони Президенти мамлакат 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мекунанд. Сарвари давлат соли 2010-ум дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба муносибати 8-уми март дар бораи моҳияти ин ҷашнвораи зебо чунин гуфта буданд: „Рӯзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хосаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш - офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан мақому мартабаи зан - модари тоҷик бар муҳри худ омада, хеле гиромӣ гардид, ки худ далели ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба модарону хоҳарони меҳрубону мушфиқи мост. Танҳо тайи 25 соли соҳибистиқлолии кишвар 15 асноди меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳуқуқ ва манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расид, ки дар тамоми қарни XX ин миқдор ҳуҷҷатҳо таҳияву қабул гардида, мавриди амал қарор нагирифтаанд.
Ба ибораи дигар, давлату Ҳукумат вазифаи худро дар баробари оила пурра иҷро кардаасту мекунад, аммо аз дигар сӯ, қазия ин аст,ки бояд мавриди назар дошт: оё дар ҳақиқат барои баланд бардоштани ҷойгоҳ ва мақоми оила ҳама талош меварзанд? Ин хеле муҳим аст. Зеро ҳама гуна қонун замоне амалӣ мегардад, ки ҷомеа ба он арҷ бигзорад ва муқаррароташро риоя созад. Мусаллам аст, ки дар Соли оила бар асари ташкил шудани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ-оммавӣ шинохти ҷомеа нисбат ба оила боло рафт ва инро касе инкор карда наметавонад, ки маърифати хонадорӣ низ ба ташаккулу таҳаввули назаррасе дучор омад. Масалан, ҳамин зарари никоҳи хешутабориро бигирем. Агар дар гузашта ин ҳатто мавзӯи баҳс ҳангоми оиладоршавӣ набуд, ҳоло дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ба ин мавзӯъ диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо тамоми ҳастӣ бо истифода аз далелҳои қатъӣ саъй мекунанд, ки онро истисно намоянд.
Ё масъалаи гузаштан аз назорати тиббӣ пеш аз бунёди оила. Ин ҳам падидаи навест дар кишвари мо, ки мардум бо хушнудӣ онро пазируфтанд. Нуктаи мусбат ва манфиатбахшу муассири Соли оила дар он буд, ки Пешвои миллат дар баробари зикри мушкилоти оила дар кишварамон, роҳи ҳаллу фасл ва ислоҳу рафъи онро низ ба миён гузошта, ба гунаи тадбирандешӣ истифодаи муқаррароти қонуну қарорҳоро маслиҳату тавсия дод. Яъне ки ҳам ҷанбаи маърифатбахшӣ ба ҷомеа қавӣ гардида, ҳамзамон иҷрои талаботи қонун шеваи ҳатмӣ касб намуд.
Аз суҳбату нишастҳо бо одамони касбу кори гуногун бармало эҳсос мешавад, ки аксарият ин иқдоми наҷиби Пешвои миллатро самимона ҷонибдорӣ намуда, онро идомаи мантиқии ибтикороти Сарвари муаззами худ дар амри таъмини сулҳу суботу тантанаи ғояи ваҳдати миллӣ яксара дар кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоистаю офият дар ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ ба хотири рушду шукуфоии ояндаи меҳани муътабари худ медонанд.
Бо дарназардошти ҳамин андешаҳою воқеияти зиндагии ҷамъиятӣ васоити ахбори оммаро бояд, ки бо пушти сар шудани Соли оила ин мавзӯъро ба дасти фаромӯшӣ насупурда, мунтазаму ҳамвора онро пайгирӣ намоянд, то дар ҷилавгирӣ аз носозгориҳои хонаводагӣ саҳим оянд. Зеро ҳама гуна тарбия аз оила сарчашма мегирад ва танҳо хонаводаи солиму босубот метавонад ба бораи мустаҳкаме барои давлату миллат табдил ёбад. Пас, мавзӯи оиладорӣ мавзӯи ҳамарӯзаю ҳамасола мебошад.
Шоҳонаи Сулаймон