Бар асари табаддулоти ҳарбии соли 1955-ум дар Аргентина Хуан Перон аз кишвараш бадарға шуд. Ба хотири пайдо намудани ҳамақидаҳояш ӯ чанд муддатро дар Амрикои Лотин пушти сар намуд . Соли 1959 дар яке аз бошгоҳҳои шабонаи Панама дар саҳна ӯ ба дидори Исабели зебо мерасад . Хуан Перон, ки 35 сол аз Исабел бузургтар буд, девонавор ошиқи ӯ гардид. Исабел ҳам ба илтифоти собиқ президент бо аломати ризоият сар афшонд. Табиист, ки он вақт аз издивоҷ сухан накарда, Перон раққосаро бо худ ба Испания бурд. Вақте ки муносибати онҳо овоза шуд, таҳти фишори Калисои католикии Рум онҳо ба арӯсӣ кардан маҷбур шуданд. Ҳамин гуна як духтари одӣ зани сеюми Хуан Перони машҳур гардид. Аммо тавассути ҳамсараш Исабел, Перон қарор дод, ки дубора дар аргентина фаъолияти сиёсиашро сар гирад. Бо сабаби аз кишвар хориҷ шудан ӯ наметавонист ба ватанаш баргардад, ба ҷояш завҷааш ба Аргентина ҳиҷрат анҷом дода, талошу тараддуд ба харҷ медиҳад, то риштаҳои гусехтаи равобитро пайванд занад. Шарикони ӯ Хосе Алонсо, сардори Конфедератсияи умумии меҳнат, Августо Вандор, роҳбари Иттиҳоди маъмул буданд, ки дар соли 1965-ум эътилофро дар интихоботи ғайринавбатӣ ташкил карданд. Баъдтар Августо ва Хосе дар ҳолатҳои номаълум ба қатл расонида шуданд.
Ба Исабел на танҳо шарикони сиёсатмадораш таъсир мерасониданд. Дар соли 1965 ӯ файласуфи соҳиру фолбин Хосе Лопес Регуроро вохӯрд. Тибқи фарзияи расмӣ ӯ ёрдамчии оилаи Перон гашта, дар асоси назму тартиби ситораҳо ба онҳо ояндаашонро пешгӯӣ мекард. Ситорашинос дар муддати кӯтоҳ эътимоди Исабелро ба даст оварда, ба дӯсти наздиктаринаш табдил ёфт. Пас аз чанде ӯ шавҳарашро маҷбур кард, ки Хосе Лопес ҳамчун котиби шахсиаш ба ӯ хизмат намояд. Соли 1973-ум Хуан Перон ҳизби Хустисиалистиро роҳбарӣ намуда, дар интихоботи президентӣ ғолиб омад. Дар синни 78-солагӣ ӯ 41-умин президенти Аргентина интихоб гардид. Вале рӯшан буд, ки Перон ҳеҷ қудрати воқеӣ надорад. Дар байни мардум як ибора машҳур шуд «Кампора дар сари ҳукумат ва Перон дар тахти қудрат қарор дорад» Бад- он далел, ки Гектор Кампора аз табаддуллоти навбатӣ ба ҳарос афтода, истеъфо дод, то Перон тавонад номзадиашро барои роҳбари давлат шудан пешниҳод кунад. Дар муқоиса бо зани дуюми ӯ Эвита, Исабел ба сиёсат камтар таваҷҷуҳ менамуд, аммо ӯ мағрур буд. Исабел бисёр мехост аз зани дуюми бурдбори Перон, ки соли 1951 номзадиашро ба вазифаи ноиби президентӣ рад намуда буданд, бартарӣ дошта бошад. Бо вуҷуди набудани таҷрибаи сиёсӣ ва таҳсилоти нокофӣ Исабелро ба номзадии ноиби президент қабул намуданд. Соли 1973 бо касби шасту се овози интихобкунандагон Хуан Перон мақоми олии кишварро ба даст овард. Маросими қасамёди ӯ 12 октябри соли 1973 баргузор гардида, Исабел дар мансаби ноиби президент савганд ёд намуд. Перон натавонист дар вазифаи роҳбари кишвари Аргентина зиёд боқӣ монад. Зеро ӯйи солхурда ба мушкилоти назарраси саломатӣ рӯ ба рӯ гашта буд. Муддати соли аввали ҳукмрониаш Исабел маҷбур шуда буд, ки масъулияти президентиро чанд маротиба бар дӯш гирад. 28-июни соли 1974 Хуан Перон бар асари бемории сактаи дил бистарӣ гардид. Исабел, ки дар чорабинии тиҷоратии аврупоӣ қарор дошт, фавран ба кишвараш бозпас хонда шуд, то ба сифати президенти муваққатӣ пинҳонӣ савганд ёд кунад. Хуан Перон 1-уми июли соли 1974 баъди бори сеюм ба мансаби олӣ интихоб шуданаш аз олам чашм пӯшид. Исабел Мартинес де Перон расман ҷойгузини мақоми ҳамсараш гардид ва ҳамчун президентзани нахустин номи худро бар ҷаридаи олам сабт кард.
Мадина