Сангарнишиниҳою миёни ҳам талоши қудрату ҳокимият намудан ба рӯзгори орому осудаи мардум зарба заданд. Ду тараф бо истифода аз ҳама роҳу васоити таъсиррасонӣ, тарғибу ташвиқоти идеологияи мухталиф аксари мардумро ба гумроҳӣ кашиданд. Гумроҳию беандешагӣ то ба ҳадде расид, ки шаҳвандонии бегуноҳ қурбони фитнаву найрангу ҷаҳолат гаштанду қисме фирорӣ шуданд. Дар ин миён Ҳукумати вақти кишвар бо тарафи муқобил пайи гуфтугӯ шуданду роҳи халосиро аз ин офат дар мусолиҳат донистанд, аммо расидан ба ин ҳадаф осон набуд. Чандин мулоқоту баҳсҳо бо иштироки гуруҳҳои миёнарав доир гаштанд ва ниҳоят, 27 июни соли 1997 созишномаи истиқрори сулҳ баста шуд ва ба кишвар сулҳу ваҳдат омад. Ин рӯз дар таърих чун Рӯзи Вахдати миллӣ сабт шуд ва аз он марҳала то кунун чун санаи тақдирсозу ваҳдатофарин таҷлил мегардад. Коршиносону мутахассисон, ҷомеашиносону сиёсатмадорони замон ба ин пирӯзӣ баҳои худро доданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буд ва роҳи ҳамдигарфаҳмию сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад. Ба ибораи дигар, ваҳдатро маҳсули андешаи миллӣ донистанд. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад. Воқеан, тоҷикон дар фаросӯи таърихи хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллӣ, фарҳанги ғановатманди моддиву маънавӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ, ки дар давраи Сомониён ба авҷи камолоти худ расида буд, бо вуҷуди фишори суннатҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои бегонагон худро аз нобудшавӣ ҳифз намуд. Ҳамин арзишҳо ва монадгорӣ буд, ки дар як давраи хеле ҳассосу сарнавиштсоз миллат аз парокандагӣ ва нестшавӣ раҳо ёфт ва ба роҳи созандагию эҳёи суннату фарҳанги тамаддунофар қадам гузошт. Роҳнамою ҳидоятгари ин роҳ ҳикмати бузургони илму адаб ба монанди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Хайём, Саноиву Аттор, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои бузург ва дигарон буданд. Дар давраҳои баъдӣ андешаи миллӣ ва ҳувияту худшиносии тоҷикон дар ҷасорати илмиву бадеии устодони илму адаб – Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва кору пайкори фарзандони содиқи миллат, чун Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур ва дигарон густариш ва бозтоби равшан пайдо карданд. Ҳамаи ин ғояҳо сарчашмаи идеологияи наве шуданд ва ба ташкили давлати тозаи тоҷикон замина гузоштанд. Дар рӯзи ҷашни мубораки ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан ба он хотир аст, ки наслҳои имрӯзу оянда аз онҳо ҳам ифтихор намоянд ва ҳам сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, иттиҳоду ягонагии миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Баъди гузашт солҳо, ки истиқлолияти давлатию сиёсии Тоҷикистон марзҳои саранвиштсозро убур карда ба замони рушду нумуи кишвар расидааст, эътимод мекунем, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон буду ҳаст. Имрӯз аҳли ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятро зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳӣ ва диниву мазҳабӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд. Баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ аст, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар мардум сарҷамъонаву ватандӯстона ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо кардани Ватан талош меварзанд. Ваҳдати миллӣ аст, ки рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва сатҳу сифати зиндагии мардум низ сол ба сол беҳтар шуда истодааст. Ин пирӯзии фарҳанги сулҳ аст! Вале дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд.
Р.Камол