Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Ҷумъа Давлатов пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи
интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вакилони мардумй ироа намуд.
Баъдан вакилони мардумӣ номзадии Раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, номзадии Шермуҳаммад Шоҳиёнро ба ҳайси Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Инчунин, Зокирбой Саидов ба вазифаи муовини раиси КМИР интихоб шуд. Баъдан номзадии аъзои комиссияи мазкур, ки аз тарафи Президенти кишвар пешниҳод шуда буданд, дар ҳайати зерин тасдиқ шуданд: Вера Наимова, дотсенти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, аз ҳизби коммунист, Моҳистон Азизова, директори мактаби рақами 98-и шаҳри Турсунзода аз ҳизби ҲХДТ, Иззатулло Алиев, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва раиси Маҷмаъаи «Пойтахт», Олима Ёрматова, директори мактаби рақами 38-и ноҳияи Сино, аз ҳизби Сосиалистии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов, Нуралӣ Саидов, котиби Шурои ҳамоҳангсози ҷумҳурӣ, узви ҲХДТ, Зиё Раҳмон, муовини директори “Маркази ҷумҳуриявии тарзи ташаккули ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз ҳизби аграрӣ, Ҷамолиддини Маҳмуд , мушовири раиси ҲНИТ, Раҷабов Маҳмадёр, мудири кафедраи ҳуқуқшиносиии ДМТ, узви ҲХДТ, Шодмонбеков Юсуфбек, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ оид ба масоили ҳуқуқӣ, узви ҲХДТ, Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи улум, Файзова Муҳаббат, раиси ҷамоати шаҳраки Оби Киики ноҳияи Хуросон ва Зоиров Муҳаммадборон, корманди Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ имсол дар ҳайати Коммиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони беҳизб шомиланд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳайати нави КМИР бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то интихоботи парлумонии соли 2015 дар рӯҳияи демократӣ ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналхалқӣ доир гардад. Ба гуфти ӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон аз вакилони ояндаи хеш, ки дар интихоботи пешистода интихоб мешаванд, умедвориҳои зиёд дорад.
Баъдан, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР дар назди вакилон суханронӣ намуда, чунин иброз дошт: «Ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми таҷрибаи худро ба он равон мекунанд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаффофу демократӣ доир мекунем»
Ба гуфти Шермуҳаммад Шоҳиён, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баргузории интихоботи парлумонии соли 2015 аллакай оғоз гардида, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 декабр намояндагони аҳзоби сиёсиро ба гуфтугӯи ошкоро даъват менамояд. Ҳамчунин, дар санаи 16 декабр нишасти матбуотии КМИР бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар дар назар аст, ки дар он масъалаҳои тартиби иштироки намояндагони ВАО дар интихобот барассӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки қабл аз пешниҳоди номзадии ҳайати КМИР ба баррасии вакилони МН МО ҶТ вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бо ин нафарон баргузор гардида буд. Дар ин вохӯрӣ Президенти кишвар таъкид дошт, ки интихоботи парлумонӣ бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Президенти кишвар зимни ин мулоқот таъкид гардид, ки «татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.» Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидати фаъол менамояд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов