МеҳринамоҶонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи мазкур иброз дошт, ки он ҷиҳати пардохт аз андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани як асбоби бофандагӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Қолинҳои Суғд» ва молҳое, ки барои сохтмони заводи истеҳсоли сементи ширкати «Тот- Чайна» дар шаҳри Ваҳдат ворид карда мешавад, таҳия гардидааст.
- ҶДММ «Қолинҳои Суғд» дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дастгоҳи бофандагиеро вориди кишвар мекунад, ки 6 миллиону 357 ҳазору 400 сомонӣ арзиш дошта, пардохтҳои гумрукии он 1,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 1,2 миллион сомонӣ ва пардохти гумрукиаш 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ворид намудани ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки сифати маҳсулот ба маротиб беҳтар шуда ҳаҷми истеҳсоли солона то 720 ҳазор метри мураббаъ зиёд карда шавад.
Зимни суолу ҷавоб бо вакилони парлумони кишвар роҳбарияти ҶДММ «Қолинҳои Суғд» иброз доштанд, ки воридоти дастгоҳи бофандагӣ дар ҳамҷоягӣ бо ширкати «Вандевил» -и Белгия амалӣ шуда, баҳри беҳдошти сифати маҳсулот ва ҷавобгӯйи талаботи бозори ҷаҳонӣ гардонидани қолинҳои истеҳсоли ватанӣ мебошад.
Ба гуфти Абдумуталиб Абдуллоев, намояндаи ҶДММ «Қолинҳои Суғд», амалӣ шудани ин лоиҳа имкон фароҳам месозад, ки ҳаҷми истеҳсолот ду баробар афзуда, инчунин ҷойҳои нави корӣ муҳайё шаванд. – Корхонаи мазкур дар соли гузашта 1 миллиону 350 ҳазор метри мураббаъ қолин истеҳсол карда, имсол ин рақамро ба 2 миллион мерасонад.
МеҳринамоҶонмаҳмадова, муовини вазири молияи кишвар, инчунин оид ба аҳамияти аз пардохтҳои гумрукӣ озод намудани маводу таҷҳизотҳое, ки барои заводи сементбарории шаҳри Ваҳдат аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ибрози андеша намуд. Ба гуфти ӯ, сармояи лоиҳаи бунёди ин корхона 30 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 7 миллион доллар маблағҳои дохилӣ мебошанд. Аз ҷумла, маводу таҷҳизоти барои корхона воридмешуда 20 миллион доллар, ё худ 101 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки пардохтҳои гумрукии он 24,2 миллион сомонӣ мебошад.
Заводи сементбарории шаҳри Ваҳдат дар марҳилаи аввал солона ба иқтидори 800 ҳазор тонна, баъдан то 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард. Бо ба истифода додани корхона 380 нафар ба ҷойи кор таъмин шуда, аз ҳисоби андози корхона ҳамасола аз 60 то 100 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Ҳамчунин, дар доираи кашидани хати об ба заводи сементи шаҳри Ваҳдат беш аз 2 ҳазор гектар заминҳои ноҳияи Файзобод бо оби полезӣ таъмин мешаванд.
Абдуалим Қодиров, ҳамшарики лоиҳаи сохтмони заводи сементи шаҳри Ваҳдат, зимни суханронӣ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт: « Сохтмони заводи сементбарорӣ октябри соли 2013 бо ширкати Сарвари давлат оғоз шуда, айни замон 50 дарсади корҳои бинокорию васлгарии корхона ба анҷом расидааст. Тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ҳама таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ барои заводи мазкур вориди кишвар шуда, моҳи апрели 2015 бахши аввали он ба кор шуруъ хоҳад кард.
Дар ҷаласаи парлумон зикр гардид, ки аз пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридкунандагони таҷҳизоти истеҳсолӣ дар раванди ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон таъсири муҳим мерасонад. Шукурҷон Зуҳуров Раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ зикр намуд, ки ҳадаф аз ин тасмимҳо беҳдошти сифати истеҳсолот, афзоиши ҷойҳои корӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар мебошад. - Дастгирии парлумони мамлакат бобати аз андозу пардохтҳои гумрукӣ озод кардани баъзе корхонаҳо бояд натиҷаи худро дода тавонанд. Аз ин рӯ, ин ва дигар лоиҳаҳое, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон муҳокима мешаванд, дар оянда зери назорат гирифта мешаванд.
Дар ин рӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд: Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи давлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчати ниҳолҳои меваю буттамева ва токҳо.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот».
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот».
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо».
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама».
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот».
Ҷамолиддин Сайфиддинов