Мавсума Муинӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ , зимни суханронӣ дар назди вакилон иброз дошт, ки 70 дар сади аҳолии кишварро шаҳрвандони то синни 30 ташкил дода, фаъолияти ҷавонон дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар назаррас мебошад. Қобили зикр аст, ки аз солҳои нахусти соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон афзалият дода мешавад.
Ба гуфти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва сайёҳии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» 19- марти соли 1992 қабул шуда, баъдан соли 2004 –ум бо назардошти шароити ҷомеаи муосир ва рушди такомули ҷавонон дар ҳолати рақобатнокӣ ва муқовимат ба таззодҳои ҷомеа дар таҳияи нав қабул шуда буд.
Мавсуф илова намуд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон сиёсати давлатии ҷавонон» ҳамагӣ як маротиба, феврали соли 2011 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Қонуни мазкур барои мусоидат ба шуурнокӣ, мустақилияти иқтисодӣ, дастгирии ҷавонони боистеъдод, беҳбудии вазъи саломатӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
- Мусаллам аст, ки манбаи асосӣ ва хуб фаъолият намудани Кумитаи кор бо ҷавонон ва дигар созмону ташкилотҳои ҷавонон аз имкониятҳои ҳуқуқӣ ва меъёри муқарраргардида маншаъ гирифта, такмилу тағйирот ба бандҳои гуногуни Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» тақозои замон аст. Айни замон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади такмили қонунгузории соҳа ва мутиобиқкунии он ба қонунгузории Тоҷикистон таҳия шудааст, - иброз дошт Мавсума Муинӣ.
Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ хотирнишон сохт, ки хуб мешуд муаллифони лоиҳаҳои ба парлумон пешниҳодшуда, дар баррасии он иштирок мекарданд. Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони МО Ҷ.Т аз масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва сайёҳии кишвар даъват кард, ки дар самтҳои ташабускории ҷавонон, таъмини шароитҳои кору зисти кадрҳои ҷавон дар маҳалҳо аҳамияти бештар диҳанд.
Ба гуфти Шукурҷон Зуҳуров, дар бисёр мавридҳо, бинобар мушкили зист дар маҳалҳо, кадрҳои ҷавон аз кор мераванд. Ҷавонон бояд дар ҳаёти рӯзмарраи хеш эҳсос кунанд, ки Созмони ҷавонон ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои онҳост. Чанд сол қабл Парлумони ҷавонон Тоҷикистон таъсис ёфта, бо Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Ҳамчунон, раиси парлумони кишвар ёдрас шуд, ки фаъолони Кумитаи кор бо ҷавонон дар масъалаи амалӣ намудани таъкиди Президенти кишвар бобати пешбарии номзадии ҷавонон дар интихоботи парлумонии кишвар диққати бештар диҳанд.
Дар ҷаласа инчунин Низом Қосмим, вакили Маҷлиси намояндагон оид ба аҳамияти қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ибрози назар кард. Ба гуфти ӯ тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур дароварда мешаванд, дар фаъолияти минбаъдаи ҷавонон дар самти волонтёрӣ ва соҳаи соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷаласаи мазкур инчунин масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
-Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияташ маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ХЕЛИ» - и шаҳри Дунъини Чумҳурии Халқии Чин дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул».
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа».
Ҷамолиддин Сайфиддинов