Зимни муаррифии Созишномаи мазкур Ҷамолиддин Нуралиев, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури вакилони халқ иброз дошт, ки беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои ҷамъоварии партовҳо, коркарди онҳо ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон дар ин самт якчанд лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намудааст. Айни замон баҳри беҳдошти сатҳи хизматрасонии коммуналӣ барои аҳолӣ, тозагии муҳити зист, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд лоиҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодаанд.
Муовини Вазири молияи кишвар моҳияти татбиқ гардидани Созишномаи мазкурро шарҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки мақсади амалӣ намудани лоиҳа ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сатҳи маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, беҳдошти вазъи муҳити зист, сохтмони партовгоҳҳои марказии нав бо истифода аз меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
-Турсунзода аз шаҳрҳои саноатии кишвар ба ҳисоб меравад, ки масоҳати он аз 117,5 ҳазор гектар замин иборат буда, ҳудуди 49,7 ҳазор аҳолии он дар маркази шаҳр ва 201 ҳазор сокинони он дар ҷамоатҳои деҳот сукунат доранд. Дар шаҳри Турсунзода 120 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи тандурустӣ, 90 адад иншоотҳои гуногун арзи вуҷуд доранд, ки ба онҳо шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода хизмат мерасонад.
Тибки иттилои манбаъ, айни ҳол 64 нуқтаҳои партовгоҳҳои ҳудуди шаҳри Турсунзодаро бо усули пешин – дастӣ ба техникаҳои партовбар бор мекунанд. Аз 41 адад техникаи муҳлати истифодаашон гузашта, ҳамагӣ 15 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад. Дар умум, техникаҳо аз кор баромада баровардани партовҳо рӯз ба рӯз мушкил мегардад. Дар баробари ин, бо усули кӯҳна баровардани партовҳо маблағҳои калон сарф мешаванд.
Арзиши умумии Созишномаи мазкур 4,9 миллион доллар мебошад, ки аз ин 2миллион доллар қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 2 миллион доллари онро маблағи грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ин лоиҳа 900 ҳазор доллар барои гузаронидани корҳои машваратӣ ва таҳияи барномаи рушди кооперативӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳангоми татбиқи ин барнома сифати санитарӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ таъмин шуда, амалиишавии он дар пешрафту ободии шаҳри Турсунзода аҳамияти зиёд дорад. Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур аз 2014 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом мерасад.
Зимни муҳокимаи Созишномаи қарзӣ (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, зикр гардид, ки бо татбики лоиҳаи мазкур баргардонидани маблағи қарзӣ аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ ва баровардани партовҳо бар зиммаи шуъбаи манзили коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода вогузор шудааст. Муҳлати баргардонидани маблағи қарзи 15 сол буда, давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ 3 сол мукаррар карда шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медихад, ки маблағи қарзии барои лоиҳаи мазкур нигаронидашуда пардохта мешавад.
Ин аст, ки дар санаи 31-10 2013 Созишномаи кафолати байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расид, ки дар асоси он дар сурати сар вақт барнагардондани қарз аз ҷониби шуъбаи манзилию комуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода қарзи мазкур аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад. Тибқи иттилои бадастомада дар доираи «Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» корҳои зерин ба инобат гирифта шудаанд: иваз намудани мошинҳои кӯҳна бо техникаи замонавии ҷамъоварии механиконидашудаи партовҳо, азнавсозии истгоҳи мошинҳои партовбар, сохтмони 300 нуқтаи партовгоҳҳо ва таъмири 54 нуқтаҳои партовгоҳи назди биноҳои баландошёна, бунёди нуқтаи мошиншӯйӣ ва дигар намуд хизматрасониҳо. Ҳамаи корҳо аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ амалӣ карда мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки то татбиқи ин Созишномаҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони кишвар, лоиҳаи мазкур мавриди амал қарор гирифта наметавонад. Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон, Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои дар муҳлати муайяншуда баргардонидани маблағҳои қарзӣ аз ҷониби истифодабаранда санади эътимоднок аст.
Тибқи созишномаиҳои татбиқгардида баргардонидани маблағҳои қарзӣ ба зиммаи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода буда, қарзи мазкур аз ҳисоби ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии комуналӣ амалӣ карда мешавад. Дар навбати худ, Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки дар сурати дар мӯҳлати муайяншуда пардохт накардани маблағи қарзӣ, он аз ҳисоби буҷаи давлат пардохта мешавад. Дар умум, метавон бо боварии комил гуфт, ки тибқи ин Созишномаҳо кафолати баргардонидани қарзҳо пурра таъмин аст.
Ҳамин тавр дар ҷаласаи навбатии иҷлоссияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: 1) Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд.
2) Созишномаи қарзӣ (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд.
3) Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода).
4) Созишномаи дар бораи дастгирии Лоиҳа (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов