Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ иброз дошт, ки мавзуи муҳоҷирати меҳнатӣ аз масоили мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба шумор меравад.
- Соли 2012 зимни сафари президенти РФ ба Тоҷкистон ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳои байни Тоҷикистону Россия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расида буд. Дар асоси муқаррароти ёддошти мазкур лоиҳаи протоколӣ дар бораи тағйирот ба созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар Россия ва шаҳрвандони ФР дар Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 таҳия гашт.
Ин Санади ҳамкориҳо баъд аз анҷоми расмиёти дохили давлатӣ дар санаи 22 декабри соли 2013 аз ҷониби роҳбарони мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Россия ба имзо расид. Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони МО ҶТ дар бораи татбиқи протоколи мазкурро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷ Т таҳия намуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо дигар вазоратҳои марбут мувофиқа гардонида шудааст.
Сумангул Тағоева оид ба моҳияти татбиқи протоколи мазкур дар раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистону Россия ба кишварҳои ҳамдигар, иброз дошт, ки соли гузашта теъдоди 799 ҳазору 698 шаҳрвандони мо ба хориҷа сафар намуда, ҳамчунин 642 ҳазору 841 муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба Ватан баргаштаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон тамоюли афзоиш дошта, беш аз 90 дарсади муҳоҷирони кории мо дар Федератсияи Россия фаъолият доранд.
Қобили зикр аст, ки дар асоси муқаррароти протоколи мазкур муҳлати амали рухсатномаи корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ду тарафҳои созишнома то 3 сол тамдид шуда, муҳлати будубошти онҳо тибқи рухсатномаи корӣ бе хориҷшавӣ аз давлати будубошт тамдид мегардад. Ба хусус, қоидаи мазкур маҳдудияти яксолаи будубоштро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар Руссия кор мекунанд, аз байн бурда, имкон медиҳад, ки муҳоҷирони корӣ бе харроҷот ва ташвишҳои иловагӣ ҷойи кори худро ба муҳлати се сол нигоҳ доранд.
Аз таҳлилҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бармеояд, ки як сабаби ба тариқи маъмурӣ аз қаламрави Руссия ихроҷ кардани баъзе шаҳрвандони мо ва манъи воридшавиашон ба ин кишвар, ин риоя нашудани муҳлат ва тартиби будубошти онҳо дар Федератсияи Россия мебошад. Аз ин рӯ татбиқи ин Протокол ва мавриди амал қарор гирифтани он барои пешгирӣ ва кам намудани чораҳои маъмурӣ нисбати муҳоҷирони кории Тоҷикистон замина гузошта, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони мо, ки дар Россия кору фаъолият доранд, мусоидат хоҳад намуд, - мегӯяд вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар.
Абдураҳмон Хонов, узви Кумитаи МН оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва саломатӣ иброз дошт, ки беҳдошти шароити кору зиндагӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки ба он қариб ҳамаи сокинони кишвар таваҷҷуҳ доранд. Зеро амалӣ шудани Созишномаи мазкур дар танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи боэътимод гузошта, барои беҳдошти шароитҳои кории муҳоҷирони меҳнатӣ, имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Мавсуф иброз дошт, ки Протоколи дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони Россия дар Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, ки 29.10 2013 дар Москав ба имзо расида, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонун «Дар бораи шаклҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президент барои тасдиқ ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст. Протоколи мазкур бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони МО аз 29.01 2014 барои хулоса ба Кумитаи МН МО оид ба муносибатҳои иҷтимоӣ оила ва саломатӣ ва дигар кумитаҳо фиристода шуда, баъди омӯзиши ҳаматараф дастгирии худро ёфтааст.
Баъдан, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба омӯзиши масоили бозомӯзии ҷавонони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои Россия ва бо ин васила таъмини онҳо бо ҷойи кор дар ин кишвар нигаронида, чунин иброз дошт; «Агар омӯзишгоҳҳои касбии техникии Тоҷикистону Россия дар омода намудани мутахассисон бо ҳам мувофиқа намоянд, мо дар омӯзиш ва ба кор таъмин намудани ҷавонон саҳми бештар гузошта метавонем».
Мавсуф илова намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои ҳадди нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Россия ва суғуртаи тиббии муҳоҷирони меҳнатии ин давлатҳо дар кишварҳои ҳамдигар бояд ҷиддӣ машғул шуд. Дар асоси ҳуқуқӣ матраҳ шудани ин масъалаҳо муҳимтарин мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатиро осон менамоянд.
Баъдан, лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот оид ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 ба овоздиҳӣ гузошта шуда, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони МО дастгирӣ ёфт.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ