Дар робита ба вазъи фарҳангу маънавиёти ҷомеа, метавон аз камбудию норасоиҳо дар фаъолияти сусти самтҳои бешумори соҳаи идеология мисол овард, ки агар бартараф мешуданд, дар бунёди ҷомеаи солим бештар комёб мешудем. Дар сатҳи маҳал хоса деҳкадаҳои дурдаст, маърифатнокии аҳолӣ тавассути тараққиёти соҳаҳои гуногуни фарҳангу маънавиёт аз донишу малакаи масъулони дастгоҳҳои идеологии шаҳру навоҳӣ вобастагии зиёд дорад. Умуман умури идоракунии соҳаҳои фарҳангу маънавиёт, робита бо ҷомеа, иҷтимоӣ ва маорифу тандурустиро муовинони раисони ноҳия оид ба маънавиёт ба уҳда доранд. Аслан мансаби муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, вилоят ва ҳам муовини сарвазири мамлакат оид ба маънавиёт ба қавле «квота» барои занони кордон арзёбӣ мегардад, зеро ин вазифаҳоро бонувон ба уҳда доранд.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки дар вазифаҳои муовини раис оид ба маънавиёт кадрҳо аз рӯйи кадом меъёрҳо интихоб ва таъин мешаванд? Пеш аз матраҳ намудани ин мавзӯъ мисол аз кору фаъолияти дастгоҳи идеологии раисони шаҳру навоҳии кишвар дар сохтори давлати собиқ Шӯравӣ меорем. Дар он замон соҳаи маънавиётро «агитатсия ва пропаганда» ном мегирифтанд, ки самти кораш аз тарғибу ташвиқи сиёсати давлат дар байни мардум иборат буд.
Умуман, дар умури идоракунии давлатӣ агар иқтисодиёт хостаҳои иҷтимоии мардумро бароварда намояд, пас маънавиёт ба афкори мардум сару кор дорад. Аз ин рӯ ҳукумате, ки кишвараш ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор аст, бо мурури вақт метавонад иқтисодиёти онро барқарор намояд, аммо давлатеро, ки дастгоҳи идеологиаш дуруст кор намекунад, хатари нестӣ таҳдид мекунад. Сиёсатмадорони куҳансол сабаби пошхӯрии ИҶШС-ро чунин шарҳ медиҳанд; «Вақте таваҷҷуҳ ба соҳаи маънавиёти коста гардида, Ҳизби Коммунист дар фаъолияти роҳбарӣ афкори халқро ба инобат нагирифт, дар ҷанги идеологӣ мағлуб шуда, давлатро ба парокандагии оварда расонид.
Бармегардем ба мавзуи вазифа ва масъулияти муовинҳои раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба маънавиёт. Дар мавсимҳои ҳосилғундории солҳои 1994-2004 муовини раис оид ба маънавиёт дар баробари вазифаҳои соҳавӣ инчунин ҷалбу сафарбаркунии мардум ба маъракаи пахтачиниро ҳам ба уҳда дошта, ба ҳайси «уполномочь» вақти зиёди кориашонро дар саҳро сипарӣ менамуданд.
Ҳамакнун бо мурури замон соҳаҳои идоракунии давлатӣ ба низоми муайян даромада, ба қавле ҳар роҳбар кори соҳаи худро иҷро мекунад. Аммо дар мавриди таъини кадрҳо аз ҳисоби бонувон ба вазифаи муовини раис оид ба маънавиёт соҳибназарон андешаҳои гуногун доранд. Аз таҷрибаи 10 соли охир бармеояд, ки дар вазифаи муовини раис оид ба маънавиёт баъзан маорифчиёни фаъол, аз қабили сарварони мактабу муассисаҳои томактабӣ ва ҳамчунин кадрҳои ташаббускори соҳаи тандурустӣ низ таъин мешаванд. Гарчанде баҳои умумӣ ба фаъолияти дастгоҳи идеологӣ аз фаъолияти роҳбарии танҳо муовини соҳавии раиси ноҳия вобастагӣ надорад, аммо ӯ масъул ва ҳам ба қавле ҷавобгарӣ камбудию норасоиҳои тамоми самтҳои соҳаи маънавиёт ба ҳисоб меравад. Ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ сабабҳои коҳиш ёфтани одобу ахлоқ ва афзоиши дигар падидаҳои номатлубро ба фаъолияти роҳбарии муовини раис оид ба маънавиёт рабт медиҳанд. Муҳиддин Сафаров, як сокини вилояти Хатлон, иброз медорад, ки то таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба маънавиёт кадр бояд дар зинаҳои роҳбарии соҳаҳои кор бо занон ва оила, ноболиғону ҷавонон ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ фаъолият намуда бошад. Ҳамчунин собиқадорони соҳаҳои равоншиносӣ, сиёсат, ҷомеашиносӣ ва инчунин ташхисгарони риштаи ҷурм ва ҷиноят аз уҳдаи роҳбарии дастгоҳи идеологӣ, яъне соҳаи маънавиёт ба хубӣ мебароянд. Аммо мусоҳиби дигари мо журналист Ҳарамгули Қодир, мегӯяд: «Бонуи кордон, агар дар иҷрои вазифаҳои бар зимагирифтааш эҳсоси масъулиятшиносӣ дошта бошад, бидуни таҷрибаи кор дар зинаҳои поёнии соҳаҳои маънавиёт ҳам аз уҳдаи идоракунии соҳаи маънавиёт баромада метавонад.»
Ба гуфти ӯ дар самти роҳбарии соҳаи маънавиёт на танҳо аз лиҳози кадрҳои зан, балки аз норасоии мутахассисони ҷинси мард ҳам мушкил дорем. Зеро вазифаи масъулони риштаи маънавиёт танҳо ташкилу баргузории чорабиниҳои ҷашнию фарҳангӣ нест. Мутаассифона, дар бисёр навоҳии мамлакат худи масъулони соҳаи маънавиёт идеологҳои хуб нестанд.
Дар доираҳои таҳлилгарони масоили ҷомеашиносӣ ин андеша ғолиб аст, ки ҳузури нафарони ғайриҳирфаӣ дар садри дастгоҳи идеологӣ боиси коҳиш ёфтани таваҷҷуҳу эътимоди мардум ба ҳокимияти маҳал ва суст шудани иртибот миёни ҳокимияти иҷроия ва халқ мегардад.
Гуфта мешавад, ки афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ ва гаравиши насли ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар баъзе навоҳии кишвар гувоҳӣ аз кори сусти масъулони риштаи маънавиёт дар самти назорату омӯзиши кори таълиму тарбия, иттилоотнокии аҳолӣ ва фаъолияти бахшҳои фарҳангу иҷтимоиёт медиҳад. Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа дар сатҳи ноҳияҳо ташкилу баргузории маросиму чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо аз одитарин воситаҳои фарҳангӣ клубу китобхона ва матбуоти ноҳиявӣ, ки харҷи камтар доранд, дуруст истифода бурда намешавад. Мусаллам аст, ки дар шаҳру навоҳие, ки дар садри соҳаи маънавиёт ҳузури кадрҳои ҳирфаӣ ба чашм мерасанд, китобхонаҳои оммавӣ, клубу марказҳои фарҳангӣ хуб фаъолият дошта, рӯзномаи ноҳиявӣ лоақл дар як моҳ ду - се маротиба нашр мешавад. Дар ноҳияҳои дигар театру марказҳои фарҳангӣ танҳо дар рӯзҳои ҷашнҳои тақвимӣ фаъол мешаванду ҳафтаномаҳои ноҳиявӣ ба моҳномаву ҷашннома табдил ёфтаанд.
Фариштамоҳ Раҳматуллоева, собиқ муовини раиси ноҳияи Файзобод, иброз медорад, ки масъули соҳаҳои марбут ба маънавиётро мебояд, ки дар баробари таҷрибаву малакаи роҳбарӣ маданияту одоби баланди муошират дошта, аз донишҳои диниву равоншиносӣ, сиёсию иҷтимоӣ бархурдор бошад. Ба хусус дар солҳои охир, ки ҷомеа ба масҷиду омӯзиши дин ва суханронии воизон таваҷҷуҳи бештар пайдо мекунад, масъулони дастгоҳҳои идеологӣ бояд бо донишу одоби муошират намунаи ибрат бошанд. Хушбахтона бо ибтикори Сарвари давлат тафсири тоҷикии китоби Қуръони шариф дастраси ҳамагон гардидааст, ки дар ҳалли ҷумла масоили диндории ҷомеа саҳми бузург мебозад.
Дар мавриди таъини бонувон ба вазифаи муовини маънавии раиси шаҳр ё ноҳия хуб мешуд, кадрҳое пешбарӣ шаванд, ки дар баробари сифатҳои зикргардида, қаблан дар соҳаҳои маориф, кор бо ҷавонон, занон ва оилакор карда, ба хусус таҷрибаи кор дар шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр ё ноҳияро дошта бошанд. Ҳамчунин муовини раис оид ба маънавиёт бо донишмандию одобу рафтори шоистаи худ на танҳо эътибору эҳтироми мудирони соҳаҳои зери назораташ, балки боварию эътимоди мардумро низ сазовор бошад, - мегӯянд бонувоне, ки қаблан дар ин вазифаҳо кору фаъолият кардаанд.
Хулоса, то куҷо муовинони раисони шаҳру навоҳии кишвар ин сифатҳоро доро буда, аз иҷрои вазифаву масъулиятҳои хеш баромада истодаанд? Оё сабабгори асосии коҳиш ёфтани фарҳангу маънавиёт, сукуту ба нестӣ рафтани клубу дигар воситаҳои фарҳангӣ, сатҳи пасти ахлоқ ва дигар масоили доғи ҷомеа аз интихоби нодурусти кадрҳо дар соҳаи идеология аст ё хайр? Барои посух гуфтан ба ин ва дигар суолҳо баррасии ин мавзуъро дар матлабҳои оянда идома медиҳем. Ва ҳар нафареро, ки оид ба ин мавзуъ ҳарфи гуфтание дорад, ба гуфтугӯйи ошкоро даъват мекунем. Зеро Ҷалолиддини Румӣ фармудаанд:
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ