Дар қатори воситаҳои ахбори умум нозирони байналмилалӣ низ аз қабили намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва нозирони дигар Созмонҳои байналмиллалӣ ширкати фаъоли бонувонро дар интихоботи мазкур дастоварди Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа номиданд. Зеро баъди саргузаштҳои фоҷеабори Тоҷикистон мушкили асосии камнамоии бонувон дар интихобот ва ҳузури камшумори онҳо дар участкаҳои интихоботӣ маҳсуб меёфт.
Гарчанде озодии занони Осиёи Миёнаро ба Инқилоби «Октябр» ва таъсисёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шуравӣ рабт медиҳанд, вале пӯшида нест, ки дар 70 соли ҳокимияти шӯравӣ ҳам занон дар маъракаҳои интихоботӣ иштироки фаъол надоштанд.
Баъдан дар замони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон низ яке аз эродҳои нозирони байналмилалӣ ва намояндагони ВАО ин буд, ки дар маҳалҳо ба ҷойи бонувон шавҳар ё дигар пайвандони онҳо раъй медиҳанд. Ҳатто дар навори расонаҳо афтодани ҳолатҳои ба ҷойи чанд нафар раъй додани мардон як амри маъмулӣ менамуд.
Дар назардошти ин ва дигар мушкилу масоили гендерии ҷомеа солҳои охир аҳзоби сиёсии кишвар ба мавзуи боло бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии занон таваҷҷуҳи хоса доштанд. Аз ҷумла дар назди Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳ бахшҳои он дар вилоятҳои кишвар ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар вилояти Хатлон, ки аз теъдоди қариб 100 ҳазор нафараи аъзоёни ҲХДТ 42 дарсадашонро бонувон ва беш аз 35 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, таъсиси бахши кор бо занон ва ҷавонон дар ҷалби бахши аъзами ҷомеа ба маросиму чорабиниҳои ҷамъиятӣ - сиёсӣ нақши муҳим дошт. Чуноне ки Шаҳло Шомуддинова, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, иброз дошт: «Дар соли аввали фаъолияти ин бахш ба мо муясар шуд, ки бо ташкили суҳбату вохӯриҳо бо сокинони вилоят ба раванди фаъолшавии бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ ва маъракаҳои сиёсӣ таъсири мусбат расонем. Хушбахтона, умеду интизориҳои мо дар самти баланд бардоштани ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, фаъолнокии бонувон ба маъракаҳои сиёсӣ ба хусус интихоботи президентии 6 ноябри соли 2013 натиҷаҳои дилҳоҳ дод.
Зимни суҳбату вохӯриҳо бо бонувони қишрҳои гуногуни ҷомеа мушоҳида мешуд, ки занон новобаста ба мавқеи иҷтимоии хеш дар муҳокимаи мавзуҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа андешаҳои ҷолиб доштанд. Дар ду соли охир аз ҳисоби собиқадорону зиёиён ва занону ҷавонони фаъоли ҳизб чаҳор гурӯҳи таблиғотӣ амал мекарданд, ки бо баргузории суҳбату вохӯриҳо масоили гуногуни ҷомеаро байни мардум матраҳ мекарданд. Бардошти гуруҳҳои таблиғотӣ аз вохӯриҳо бо сокинони русто ин аст, ки; «Бонувони деҳот ҳам бо иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва пешниҳоди фикру андешаҳои созанда метавонанд дар ҳалли мушкилоти ҷомеа нақши муҳим гузоранд».
Ба қавли Шаҳло Шомуддинова, фаъолшавии бонувони маҳал дар маъракаи интихоботи президентӣ барои дар амал иҷро шудани ваъдаи сарвари давлат бобати таъмини шафоффият дар интихобот нақши муҳим дошт. Зеро яке аз меъёрҳои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ ин ширкати фаъолонаи тамоми сокинон дар он мебошад. Воқеан ҳам бонувони Тоҷикистон бо иштироки фаъол дар ин интихоботи президентӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуданд, ки зани тоҷик аз ҳаққу ҳуқуқҳои хеш барои иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ба хусус интихоботҳо бархурдоранд.
Бинобар гуфтаи Махфират Навкарова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, яке аз роҳҳои асосии ҷалби бонувони маҳал ба маъракаҳои сиёсӣ ин таъмини шароиту имконият барои фаъолияти занони лаёқатманд дар корҳои ҳизбӣ аст. Бояд зикр намуд, ки ҲХДТ маҳз бо ҷалби бонувони кордон ба корҳои ҳизбӣ тавваҷҷуҳи занони хонанишинро ба чорабиниҳои сиёсӣ бедор намуданд.
Тибқи иттилои ба даст омада ҳоло роҳбарии 8 Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ –ро дар шаҳру навоҳии Хатлон бонувон ба уҳда доранд. Натичаи ташкили вохӯрию чорабиниҳои оммавӣ буд, дар нисбат ба солҳои пеш бонувон натанҳо дар рӯзи интихобот фаъол буданд, балки дар рафти ҷамъоварии имзоҳо барои ҷонибдории номзадҳо ба мақоми президентӣ низ саҳми муҳим гузоштанд.
Маврид ба ёдоварист, ки фаъолияти густурдаи Маҳфили «Фарҳанги сиёсии занон» -и назди бахши хатлонии КИ ҲХДТ дар баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқшиносӣ ва ҳисси масъулиятшиносии занон нақши бориз дорад. Ин маҳфилҳои сиёсӣ дар баробари такмили донишу таҷрибаи занон инчунин имкон медиҳад, ки мо афкори мардумро мавриди омӯзиш қарор дода, роҳҳои ҳалли масоили умдаи ҷомеаро дар якҷоягӣ бо занони фаъол матраҳ намоем, - мегӯянд ташабускорони маҳфили «Фарҳанги сиёсии занон».
Ба гуфти Махфират Навкарова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, барои фаъолнокии бонувон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа кифоя аст, ки онҳоро ба маросиму чорабиниҳои сиёсӣ ҷалб намоянд. Боқӣ занон, ки табиатан ташабускору таваҷҷуҳи зиёд ба ободонию созандагӣ доранд, ташабусро ба даст мегиранд.
- Яке аз омилҳои муҳими амалӣ гаштани Қонун ва барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ин интихоби дурусти кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар маҳаллаҳо мебошад. Ва ҳар нафар бонуи фаъоли ҲХДТ-ро мебояд, ки бобати иҷро гардидани барномаҳои мазкур ҷаҳду талош намуда, дар пиёда гардидани сиёсати президенти тозаинтихоби кишвар дар бунёди ҷомеа ҳуқуқбунёду демократӣ саҳми худро гузорад. Зеро барномаҳои рӯи кор омада он вақт натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд, ки ҳар фарди ҷомеа баҳри дар сатҳи баланд иҷро шудани он ҷаҳду талош намояд.
Аз рафти иштироки бонувон дар интихоботи президентӣ, ки 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор шуд, маълум гардид, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба баланд бардоштани ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Ва интизориҳои мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти мо хушоянд мебошанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ