Сафина Абодуллоева мегӯяд, наврасии вай ҳам ба давроне рост омад, ки мағозаҳои Хоруғ яке аз паси дигаре аз мол холӣ мешуданд. Барои заруртарин мавод, ба мисли калӯш ва ё равғани маска соатҳои дароз мардум навбат меистоданд. Бархе аз шаҳрвандони „дурандеш“ ва тоҷирон охирин молҳои даркору нодаркорро, ки дар мағозаҳо монда буданд, баста- баста харид мекарданд. Ин соле буд, ки эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Аммо аксари мардум ҳанӯз моҳияти ин воқеаи бузурги таърихиро дарк насохтанд ва хурду калон фақат дар бораи сиёсат гап мезаданду бештар аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ҳасрат мекарданд ва санги маломатро бар сари ҳам мезаданд. Ҳисси маъюсӣ ҷомеаро фаро гирифтаву кам касоне буданд, ки ба шукуфоии кишвар бовар доштанд.
Тоҷикистони навзод ба гирдобҳои сиёсӣ кашида шуд ва дар марказу ҷануби ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ доман зад. Гурезаҳо Хоруғро пур карданд. Хонаводаи Сафина ҳам истисно набуд ва гурӯҳе аз хешовандон муваққатан дар хонаашон паноҳанда шуданд.Сафина дар дил орзуи пизишк шуданро мепарварид.Вале ҷанг ба орзуи вай, ба мисли садҳо нафар ҳамсолони дигараш хати батлон кашид.
Бар рағми вазнинии он рӯзҳо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва идораву муассисаҳо фаъол буданд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки зодаи даврони истиқлолияти кишвар аст, дарашро барои нахустин донишҷӯён боз намуд ва Сафина муҳассили риштаи филологияи тоҷики донишгоҳ шуд. Сафина, ки соли 1990 дар қатори „вундеркиндҳои тоҷик“ ба Артек –истироҳатгоҳи хонандагони фаъол дар соҳили баҳри Сиёҳ роҳхат гирифта буд, дар ҷодаи нав ба шарофати дониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва ширкати фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ зуд ном баровард.
Ба гуфти Сафина барои вай ва ҳамсолонаш бозгашти гурезаҳо ба ҷойҳои муқимӣ ҳодисаи фаромӯшношуданӣ буд, зеро он дар дили пиру барно боварӣ ба хатми даргириҳо ва сулҳу осоишро таҳким бахшид. Ҷойи мусиқии ҳазин ва мубҳами барномаҳо, ба мисли „Хоки Ватан“-ро дар мавҷ торафт созу суруди дилангез мегирифт.
Пас аз хатми факулта роҳбарияти донишгоҳ мутахассиси ҷавон ва соҳибистеъдодро ба кор гирифт. С.Абодуллоева ба зудӣ муваффақ шуд, ки дар мавзуи „Аномастикаи „Форснома““-и Ибн Ал-Балхӣ таҳқиқот анҷом дода, рисолаи номзадӣ ҳимоя кунад. Ин кори илмӣ дар бахши гуманитарӣ соли 2011-ум бо ҷоизаи Исмоил Сомонӣ қадр гардид. Вай ҳамчунин малакаи забондониашро такмил дода, курси махсуси забони англисиро хатм кард. С.Абодуллоева муддате ба ҳайси ноиби садри донишгоҳ дар масоили тарбия ва равобити байналмилалӣ фаъолият карда, сипас сарвари факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳ таъин гардид. Ҳисси баланди масъулияшиносӣ ва кордонии мутахассиси ҷавон боис шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ иҷрои вазифаҳои масъулро ба вай бовар намояд.
Дар факултаи онҳо 18 омӯзгор дар кишварҳои дуру наздик бозомӯзӣ дид, бо ёрии мақомот ва Вазорати маориф шароити таълиму тадрис дар донишгоҳ ва макотиби вилоят хеле беҳтар шуд.Вале бардошташ аз имтиҳони қабули солҳои охир ин аст, ки сифати сифати таълим дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ коҳиш ёфта, ин ҳолат ба интихоби донишҷӯён ҳам бетаъсир намемонад.
–Президенти кишвар дар суханрониашон дар Рӯзи дониш ва Сулҳ таъкид карданд, ки Ҳукумат ба хотири беҳбуди соҳаи маориф донишгоҳ ва макотиби замонавиро таъсис дод, вале обод кардану барои ба махзани илму дониш табдил додани ин муассисот заҳмати шабонарӯзии устодон ва шогирдон лозим аст. Мо бояд ба қадри ин имконот, ки бо шарофати истиқлолият ва сулҳу ваҳдат Ҳукумат дар ихтиёрамон қарор додаст, бирасем ва аз онҳо ба хотири донишандӯзӣ ва пешрафти ҷомеа самаранок истифода барем, – мегӯяд ӯ.
Ҳамқадами Истиқлол
Бинандагони оинаи нилгун симои духтари зебо ва гандумгунро дар ёд доранд, ки Рӯзи дониш ва Сулҳ мустақиман аз толори донишгоҳи Хоруғ бо Сарвари давлат сухан гуфт: „Мулоқоти ҳарсолаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар Рӯзи дониш бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳар яки мо, ҷавонони донишҷӯро пару боли нав бахшида, имконият медиҳад, ки таъкидҳоятонро дар мавриди он, ки „Ватан ва давлатро танҳо шахсони соҳибмаърифату донишманд, мутахассисони дорои ихтисоси баланд ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ободу пешрафта гардонида метавонанд“, амиқан дарк намоем“.
Суман ҳамқадами Истиқлол аст. Ӯ дар даврае ба дунё омад, ки аз соҳиби истиқлолияти давлатӣ шудани Тоҷикистон ҳамагӣ чанд моҳ сипарӣ шуда буду дар харитаи дунё кишваре чун тифли навзод бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Таҳсил дар дабистон ба соли имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар рост омад. Дар дарси нахустин омӯзгорон аз сулҳи деринтизори тоҷикон сухан гуфтанд ва изҳори умед намуданд, ки „булбулакони боғи дониш“ хубу аъло таҳсил мекунанд ва қобилу доно ва ватанпарвар ба камол мерасанд.
Суман ба ёд меорад, ки солҳои аввали таҳсил мактабашон ба камбуди шадиди омӯзгор ва ашъёи зарурии таълимӣ рӯ ба рӯ буд. Аз сабаби норасоии омӯзгорон дар баъзе синфҳо забони англисӣ дарс дода намешуд. Вале ба тадриҷ мушкил аз байн рафт. Дар синфҳои болоӣ дарси информатикаро аллакай дар компютерҳои нав меомӯхтанд. Шуҳрати мактаб ва омӯзгор боз боло рафт. Ба ӯ лозим омад, ки барои пайдо намудани мавқеаш дар байни ҳамсабақон ҷидду ҷаҳди зиёдеро ба харҷ диҳад. Дониши хуби самараи хониши пайваста ва интизоми намунавӣ имкон доданд, ки дар озмунҳои шаҳрӣ соҳиби ҷойҳои сазовор шавад. Дар синфи 11-ум аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар озмуни сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шуҳратёб гардид.
Суман риштаи журналистикаро интихоб карда, айни ҳол дар курси 4-ум таҳсил дорад. Ҳамчун донишҷӯ ва наттоқи беҳтарини донишгоҳ эътироф шудаст. Ба андешаи ӯ журналист дар баробари мушкилот дастовардҳои ҷомеаро низ набояд нодида гирад ва дар баҳо додан ба зуҳурот воқеъбин бошад.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Лаълҷуббаи Мирзоҳасан Сафинаро намояндаи насли ҷавоне мешуморад, ки бо донишандӯзӣ, кӯшишу ғайрат ва хушбинӣ ба оянда ва ҳисси масъулиятшиносӣ муваффақ шуданд киштии ҳаёташонро аз тӯфони ҳаводис ба соҳили мурод бирасонанд ва чун мутахассиси ҷавон имрӯз дар таҳқим бахшидани дастовардҳои истиқлолияти кишвар саҳим ҳастанд. Суман Орзумамадоваро аз насли ҳамқадам ва хушбахти даврони истиқлоли мамлакат медонанд, ки синни наврасӣ ва ҷавониашон ба авҷи созандагӣ ва ободкориҳо дар ҷумҳурӣ рост омада, онҳо бо қадамҳои устувор ва боварӣ ба худу ояндаи диёрашон талош меварзанд, то бо кору фаъолияташон дастовардҳои истиқлолро бештар афзун намоянду қудрати ҷавониашонро барои дар амал тадбиқ намудани сиёсати бунёдкорона ва рушду шукуфоии Ватан сарф намоянд.
Ш.Мирзоҷалол