Имрӯз ҷалоли ин санаи мубораку аъзами миллат дар сартосари кишвар ва бурун аз марз шукӯҳу шаҳомати вижа дорад. Истиқлол чун орзуи неки деринтизор, амсоли парастуҳо, мисли хуршед нуру зиё, сабзишу рӯйиш ва фурӯғи субҳи испедро эҳдо намуд.Давлату миллат аз чордевори ҳисори таърих ба роҳи мустақилият гом гузошт. Сукути таърих суқут ёфт ва ҳама дару девори занҷирпечро бишкаст истиқлолият. Дар домони уфуқ ситорае падид омад, ки рӯшану диданӣ буд ва он гулдӯзие кард дар само зебою мондагор номи миллату давлати тоҷиконро. Аммо як замон абрҳои тира ин саморо печопеч сохтанд ва хостанд шарораи ин ситораро хомӯш кунанд ва нафаси тулӯъро бигиранд. Мехостанд боз сояҳои шаб гулоби шафақи истиқлолро фурӯ кашанд ва рӯйи чамани шукуфаҳо хайма зананд, аммо нидои аз сукут омадаи истиқлол чун раъди ғуррон ин абрҳои тираро парешон сохт ва боз офтоб аз зери онҳо рух намуд. Насими сулҳу ваҳдат барвазиду самои истиқлолро аз чангу ғубор пок сохт. Ва имрӯз ин ситораро дар самои баланд аз ҳар гӯшаи олам метавон дид, ки дурахшону нурафшон аст.Истиқлол дар кӯлвораш ҳадяҳои зиёде дошт ва дод ба мову шумо,ки имрӯз чун насибаи тақдир аз онҳо шукргузорӣ дорем. Истиқлол мову шуморо бо фарҳангу тамаддуни ниёгон, раванди муосири илму технологияи замонавӣ пайваст ва боз ҳидоят дорад ба фардои дурахшон. Роҳҳоро боз намуд, хати парвозро тавлид сохт, ошёни меҳру вафо,сулҳу ваҳдатро бунёд кард ва ба диёри куҳанбунёд таваллуди дигар бахшид.
Бонувон ва истиқлол
Истиқлол дар домони ҳаёти бонувони кишвар шерозаҳои рангине гулдӯзӣ намуд. Ин барномаҳои давлатие буданду ҳастанд, ки мақому манзалати занонро бологузин намуданд. Дар марҳалаҳои гуногуни рушд ва ислоҳот чандин барномаҳо тарҳрезӣ шуда татбиқ гардиданд ва боз таҳия мешаванд. Ин самари истиқлол буд ва ҳаст, ки имрӯз бонувони кишвар аз он бархурдоранд. Қабули „Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016“ аз беҳтарин чораҷӯиҳои ҳукумату давлат арзёбӣ мешавад. Маҳз қабул ва татбиқи ин барнома имкони занону духтарони лаёқатмандро дар раванди таҳкими истиқлолият, давлату давлатдорӣ ва таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон бештар сохт.Барномаи дигар „Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012–2015“ то ҷойе сафи бекорӣ ва хонашиниро миёни занон коҳиш дода истодааст. Имрӯз дар доираи ин барнома занону духтарони зиёд, бахусус, дар деҳот ба шуғли доимӣ, соҳибкории хурду миёна ва ғайра фаро гирифта мешаванд.
Аз 4 июли соли 2006 бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон грантҳои президентӣ таъсис ёфтаанд. То имрӯз занону духтарони зиёде дар асоси ин грантҳо ба соҳибкорӣ машғуланд ва бо ин васила ҳам рӯзгори худ ва ҳам як гӯшаи ватанро обод месозанд.
Стратегияи миллӣ ва нақши занон дар ҷомеа
Яке аз нахустин ҳадафҳои стратегияи давлат ин ҷалби занон ба ислоҳоти соҳоти мухталифи ҷомеа буд. Бо ин мақсад „Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҶТ барои солҳои 2011–2020“ таҳия ва қабул гардид.Мусалламан занону духтарони соҳибилму соҳибҳунар дар кишвар кам нестанд ва ҳамасола тибқи квотаҳои президентӣ, ки ин ҳам яке аз падидаҳои хуби истиқлолият аст, духтарони зиёде аз деҳот соҳиби диплом гардида ба истеҳсолот, хоҷагии халқ ва саноату тибу маориф ба кор мераванд. Шумораи муайяни бонувон имрӯз роҳбару сарвар ҳастанд ва дар пешбурди кору фаъолият афзалият ҳам доранд. Маҳз истиқлолият ва сиёсати созандаи давлат буд, ки андешаҳои чандин солҳою асрҳо шаклгирифтаро нисбат ба бонувон ботил сохт, яъне онҳо на танҳо модаранд, балки метавонанд сарвару олиму эҷодкору ҳунарманд ҳам бошанд. Ин буд сиёсати давлат ва стратегияи миллӣ оид ба нақши занон.
Занони солим –оилаи солим
Масъалаи хеле ҷиддӣ ва ислоҳталабе, ки аз нахустин рӯзҳои истиқлолият ҳамаро нигарон сохта буд, ин беҳдошти вазъи тандурустии модарон ва кӯдакону наврасон ба ҳисоб мерафт. Бо назардошти ҳама мушкилиҳои соҳа ва имконоти мавҷуда „Стратегияи миллии ҶТ оид ба рушди солимии кӯдакону наврасон то давраи соли 2015 „ қабул гардид. Ҳамчунин „Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар ҶТ дар давраи то соли 2014“ татбиқ шуда истодааст.
Ин барномаҳо имкон фароҳам оварданд, ки бисёр бемориҳо пешгирӣ ва табобат шаванд. Дар муассисаҳои тиббӣ ҳам шароити ташхису табобат беҳтар гашта фавти кӯдакон ва гирифтории занон ба бемориҳо коҳиш ёбанд. Дар ин самт марказҳои тақвияти саломатӣ ва солимии репродуктивӣ бунёд шуданд ва имрӯз ҳифзи саломатии модару кӯдак дар доираи барномаҳои зикргардида зери назорати мутахассисон қарор доранд. Ҳарчанд ки то ҳанӯз маърифати тиббӣ ва санитарии аҳолӣ, бахусус бархе аз занон мутобиқи матлаб нест, аммо баҳри беҳдошти саломатӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Зан ва оила
Дар фарҳанги тамаддуни миллӣ оила ва суннатҳои хонаводагӣ вижагиҳо ва мақоми хосе доранд. Ҷараёни ихтилофомези ҷаҳонишавӣ ва ворид шудани расму оинҳои ҷомеаи модерн хатари коҳиш ёфтани анъаноти миллиро дар раванди таҳкими оила ва оиладории мардум ба миён овард. Аз ин паҳлу вобаста ба нигоҳ доштани пояҳои анъанавии хонаводагӣ,ки меҳвари асосии рушди ҷомеа, таълиму тарбия, камолоти насли солиму бафарҳанг ва пойдории беҳтарин оинҳои миллӣ маҳсуб меёбад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуданд.Қабл аз ҳама масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи як санади миллӣ ба ҷаҳорчӯбаи қонун ворид гардид, зеро ба ҷурми бемасъулиятӣ ва баҳонаҳои дигар таълим, бахусус тарбия аз мадди назарҳо канора рафт.Дар ин қибол Қонуни ҶТ „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ имкони таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва камолоти зеҳнию касбии онҳоро фароҳам сохт.
Поймол сохтани ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон то ҷойе ба ҳукми анъана буд. Хушунат ва зӯроварӣ дар баъзе хонаводаҳо ба ҳадди ифрот расид. Пас аз омӯзишу таҳлилҳо Қонуни ҶТ „Дар бораи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ“ қабул гардид, ки ин ҳам меваи замони истиқлол аст.
Зан ва маросимҳои миллӣ
Миёни мардуми мусалмон урфу анъанот ва маросимҳои вижа асрҳо роиҷ гаштаанд ва то имрӯз эҳтирому эътиқод ба онҳо зиёд аст. Тӯю сурҳо, маросимҳои мотам ва ғайра ба таври хос баргузор мегарданд. Пас аз истиқлолият як замон бо вуҷуди ноҷӯр будани вазъи молиявию иқтисодӣ аксари хонаводаҳо бо ҳар роҳ ин расму оинҳоро анҷом медоданд. Воқеияти зиндагӣ нишон дод, ки бо ин тарзу услуб сатҳи рӯзгори мардум беҳ нахоҳад шуд. Қабули Қонуни ҶТ „Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ“ воқеан роҳи тақаллубу таассуб ва харҷу хароҷоти беҳудаю беасосро дар баргузории тӯю сурҳо ва маросимҳои азодорӣ бубаст, аммо ҳанӯз ҳам зиёдаравиҳо ҳастанд ва дар ин самт занон ба истилоҳ ташаббускоранд. Санади мазкур имкон дод, ки буҷети оилаҳо аз ҳисоби пасандозҳо ғанӣ гардад, сарфу харҷи беҳуда кам шавад ва нақши бонувон дар оила чун танзимкунандаи харҷу хароҷот боло равад…ва хулоса Истиқлолият чун ҳадяи нодири сарнавишт насибамон гашт ва агар воқеан дар гирудорҳои замона, ихтилофу ҷудоиангезиҳо ва тундравиҳои сиёсию иҷтимоӣ таҳаммулу тадбир намекардем, пас, моро, миллату давлати тозаистиқлолро чӣ тақдире нигарон буд? Имрӯз корвони истиқлол ба дӯшаш бори гаронбаҳои сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагиро бо қадамҳои устувор аз шоҳроҳи бузург пеш мебарад, аммо агар мову шумо ба ин падидаи муқаддаси миллат ношукрӣ кунему ба ҳама паёмадҳояш бетафовут бошем, аз корвон ақиб хоҳем монд ва раҳгум хоҳем зад. Рисолати мову шумо таълиму тарбияи насли солиму босаводу ҳунарманд, худшиносу худогоҳ аст, то дар марҳалаи баъдинаи сарнавишти давлату миллат инони ана ҳамин корвонро ба даст бигиранду сорбони арзандаи Истиқлолияти Ватан шаванд.
Файзу баракат, оромию осоиш ва озодию ободӣ аз талошу заҳматҳои мову шумо баҳри ин ватану миллат зиёда хоҳад гардид. Ин ҷо бо як андешаи файласуфи бузург Арасту хулоса мекунем:
„Ҳаёт ин ҳаракат аст“
Шаҳлои Насриддин