Иштироки фаъоли бонувон дар умури идоракунии давлатӣ аз дастовардҳои чашмраси замони соҳибистиқлолии кишварамон маҳсуб меёбад. Хусусан, баъди қабули қонун „Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа“ ва тасвиби барномаҳои марбут, ҳузури бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи сохторҳои давлатӣ бештар ба назар мерасад.
Духтарҳои сарбандӣ: корманди мақомот мешавем?!
Дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон барои бонувон, ки 50 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд, кор дар соҳаи хидмати давлатӣ мояи ифтихор аст. Зимни як пурсиш бештари духтарони макотиби таҳсилоти умумии ин шаҳр гуфтанд, ки орзуи кор дар соҳаи хидмати давлатӣ доранд. Аммо ба гуфти Маҳбуба Усмонқулова, азбаски бештари волидон барои ба арсаи сиёсат ворид шудани духтарон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, дар рушду камолоти онҳо мусоидат намекунанд, теъдоди ангуштшумори духтарон ба орзуву ҳадафҳояшон мерасанду халос.
„Дар тарбия ва рушду такомулам падар нақши бузург дошта, таҳсилро аз мактаби миёна то коллеҷу донишгоҳ зери назорати қатъӣ гирифта буд. Хушбахтам, ки аҳли оила дар пешрафту ташаккули фардиам мадад мерасонанд“, –мегӯяд Маҳбуба Усмонқулова.
–Муҳимтарин омили дар арсаи сиёсат муваффақ шудани бонувон ин аст, ки фаъолияти касбӣ ва ҳаёти оилавӣ монеи ҳам нашаванд. Аз ҷониби дигар, духтарҳоро мебояд, ки қабл аз интихоби касб ё барпо намудани оила бо таҳлилу худбаҳодиҳии воқеӣ роҳи ояндаашонро интихоб кунанд. Аз талошҳои духтарони Сарбанд барои соҳиб шудани роҳхат ба озмуну мусобиқаҳои варзишӣ ва Квотаи президентӣ бармеояд, ки агар кори тарбияро дар оила каме дуруст ба роҳ монем, бешубҳа, мисли аҷдодамон бонувони ҷасури миллатро тарбия ва ба воя расонида метавонем, – мегӯяд сарвари ҷавонони шаҳр.
Ба мактаби идоракунии давлатӣ ниёз дорем
Наргис Қурбонова, мудири бахши умумии назорат ва муроҷиати шаҳрвандони шаҳри Сарбанд, иброз медорад, ки дар баробари масъулияти волидон дар илму касбомӯзии духтарон сохторҳои марбута низ бояд барномаҳои марбут ба ҷалби духтарон ба корҳои ҷамъиятӣ ва хидмати давлатиро дар сатҳи макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ созанд. Ба гуфти мусоҳиби мо, гарчанде барои такмили кадрҳои ҷавон дар кишварамон магистратура ва институтҳои такмили ихтисос арзи ҳастӣ доранд, вале таъсиси факултаи идоракунии давлатӣ дар назди яке аз донишгоҳҳо зарур аст. Бояд ҳамасола даҳҳо кадрҳои ҷавонро дар самти идоракунии давлатӣ тайёр намуда, ба кор дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷалб намуд.
Қобили зикр аст, ки сокинони шаҳри Сарбанд ба соҳибкасб шудани духтаронашон таваҷҷуҳи хосса дош-та, сол аз сол сафи муроҷиаткунандагон ба унвонии шаҳрдорӣ бобати кумак барои дохил шудани фарзандонашон дар муассисаҳои олӣ меафзояд.
Аз нишондоди ширкати бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи хатмкунандагони мактабҳои олӣ ба кори хидмати давлатӣ бармеояд, ки ҷаҳди духтарони сарбандӣ барои соҳиб шудан ба Квотаи президентӣ мақсаднок аст. Тибқи иттилои Меҳринисо Абдураҳимова, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Сарбанд, дар солҳои охир 15 нафар духтарони тариқи Квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм намуда, дар идораву муассисаҳои давлатӣ ба кор таъмин шудаанд.
Ҳоло 45 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаи Сарбандро занон ба уҳда дошта, беш аз 15 дарсади вакилони маҳаллӣ ва шаҳриро бонувон ташкил медиҳанд.
Маҳфилҳои бедории духтарон
Майрамбӣ Ғафурова, муовини раиси шаҳри Сарбанд, боварӣ дорад, ки дар ояндаи наздик сафи занони роҳбар аз ҳисоби кадрҳои ҷавон меафзояд. „Мо дар интихоби кадрҳо корро аз сатҳи духтарони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз намудем“, –таъкид менамояд ӯ.
Бо ташаббуси шаҳрдории Сарбанд дар назди шуъбаи маориф маҳфили „Ҷавонони сиёсатшинос“ таъсис ёфта, ба духтарон дар радифи фарҳанги сиёсӣ тамоми муқаддасоти миллию давлатиро меомӯзанд.
–Насли ҷавон, ба хусус духтаронро мебояд, ки дар баробари огоҳии сиёсӣ инчунин аз дигар илмҳои замон низ бархурдор бошанд. Зеро тарбияи насли созанда аз муҳити оила, ба хусус модари худогоҳу ватандӯст вобастагии зиёд дорад, –мегӯяд Майрамбӣ Ғафурова.
Аз ин рӯ, баргузории маҳфилҳо, ки дар он мавзуъҳои ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум ва дигар арзишу муқаддасоти миллию давлатӣ матраҳ мешаванд, дар баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва хештаншиносии духтарон, ки оянда модар ва бонуи кордон мешаванд, нақши муҳим хоҳад бозид.
Масъулони риштаи маънавиёти шаҳри Сарбанд тасмим гирифтаанд, ки шуруъ аз соли нави хониш маҳфилҳои „Духтарони озода“ -и назди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро низ дубора фаъол намоянд. Ҳадаф аз баргузории ин маҳфилҳо бо ширкати модарони ҷавон, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва фарҳанги оиладории духтарон мебошад. Зеро беҳтарин нобиғаҳои олам ва наслҳои шоиста дар домони модароне ба воя мерасанд, ки аз илму маданият ва сиёсати давлатдорӣ бархурдор буда, фарзандони худро дар руҳияи меҳанпарастию ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзу арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлату миллати хеш тарбия намудаанд.
Аз ташаббус то ваъдаҳои сиёсӣ
Бинобар ба гуфти муовин оид ба маънавиёти раиси шаҳри Сарбанд, онҳо баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа фарҳанги китобхониро дар сатҳи оилаҳо тарғиб намуда истодаанд. Дар доираи мадад ба рушди зеҳнии фарзандони оилаҳои бепарастор бошад, барои 35 нафар кӯдакони ятиму бепарастор суратҳисоб кушода шудааст, ки афроди хайрхоҳ ба онҳо ёрӣ расонанд. Умед дорем ба ин васила барои пешрафту илмомӯзии тифлони бепарастор, ки аксар духтарбача мебошанд, шароит муҳайё намоем, мегӯяд ӯ.
Бонувони сарбандӣ, ки дар вохӯрии Президенти кишвар бо аҳли зиё ширкат доштанд, ин гуфтаи роҳбари давлат: „Агар шумо хоҳед, ки моро дастгирӣ намоед, рӯ ба маориф биёред“-ро сармашқи кори худ қарор дода, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва илму ҳунаромӯзии насли наврасро рисолат дар зиндагӣ меҳисобанд.
Иштироку суханронии озодонаи духтарони фаъол аз минбарҳои чорабиниҳои фарҳангию сиёсии шаҳр натиҷаи нахустин таҷрибаҳои масъулини шаҳри Сарбанд дар самти баланд бардоштани огоҳии сиёсии „леди лидер“-они оянда аст. Ба қавли масъулини риштаи маънавиёт дар раванди тарбия ва омодасозии кадрҳои сиёсатмадор аз ҳисоби духтарони маҳал барномаҳои ҷадиде таҳия ва рӯи кор хоҳанд омад.
„Мо бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро мавриди тадқиқу омӯзиш қарор дода, баҳри беҳдошти сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тасмимҳои ояндасоз гирифта тавонем. Ҳоло ки қарору қонунҳо ва барномаҳои давлатии дар ин самт рӯйи кор омада, барои таъмини ҳаёти шоистаи бонувон шароит фароҳам овардаанд, боварии комил дорем, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дар сатҳи маҳалҳо ҷавобгӯйи талаботу интизориҳои давлату ҷомеа амалӣ менамоем.
Ҷамолиддин Сайфиддинов