01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҲКИМИ РАВОБИТИ ДУҶОНИБА

Бо ширкати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай нахуст Эъломияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносиботи дуҷониба, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии минаҳо, созишнома байни вазоратҳои молияи ду кишвар оиди ҳамкорӣ дар бахши бима ва протокол дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба созишнома байни Тоҷикистону Афғонистон оид ба гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба имзо расиданд. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз натиҷаи мулоқотҳояш бо Ҳомид Карзай изҳор дошт, ки масоили марбут ба роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, хати интиқоли барқи Қирғизистон –Тоҷикистон– Афғонистон – Покистон ва роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон -Туркманистонро баррасӣ кардаанд. 

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон дар Қасри Миллат дар иртибот ба ҳамкориҳои ду кишвар сухан гуфта, аз ҷумла ёдовар гардид: «Сафари расмии дӯстонаи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай дар марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари бародару ҳамкешу ҳамфарҳанг ҷараён мегирад.

Дар силсилаи мулоқоту музокироти ҷонибайн мувзуоти масоили муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, ҳамкории минтақавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом баррасӣ ва арзёбӣ шуданд.

Меҳвари асосии муколамаи сатҳи олӣ ва музокироти расмии мо тақвият ва таҳкими матлуби муносибатҳои дӯстонаамон ва дастёбӣ ба сатҳи сифатан нави ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар буд.

Дар ин росто ба татбиқи барномаҳои стратегӣ ва ниҳоят муҳими иқтисодӣ – роҳи оҳани Тоҷикистон –Афғонистон –Туркманистон, хатти бузурги интиқоли барқи Қирғизистон –Тоҷикистон –Афғонистон – Покистон (КАСА –1000) таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар айни замон ҷонибҳо имкони бунёд ва тариқаи татбиқи тарҳи роҳи оҳани Чин –Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эронро баррасӣ намуданд.

Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки амалигардонии онҳо ҳамкории дуҷониба ва митақавиро ба сатҳи сифатан нав боло бурда, ба бозсозии босуръат ва рушди иқтисодии Афғонистон ва тақвияти суботу амният дар қаламрави он ва дар минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Мо тақвияти бештари равобит ва ҳамкории низомӣ, марзӣ ва амниятиро ба манзури пешгирии таҳдидоти муосир ва таҳкими марзи муштарак ҳамчун марзи дӯстӣ ва ҳамкорӣ амри зарурӣ медонем. Марзи бисёр тӯлонии мо, ки қариб 1400 километрро дарбар мегирад ва табиати кӯҳистонии душворгузари он тақвият бахшидани чунин чораҳоро тақозо дорад.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро дар тарбияи мутахассисон дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва махсусан барои роҳи оҳани навбунёди Афғонистон иброз намуд.

Мо зарурати густариши пайгири ҳамкории минтақавиро таъкид карда, ҳусни ният, эҳтироми мутақобил, равиши созанда ва ҳусни ҳамсоягиро омилҳои асосии таъмини он ва тақвияти субот ва амният дар минтақа арзёбӣ намудем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақши фаъол ва созандаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҷонибдори ширкати фаъоли кишвари бародар дар Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Зимни баррасии вазъи кунунии ҷаҳони ислом мо зарурати ҳалли оҷили мушкилоти мавҷуда ва суботу амниятро таъкид намудем. Ҷонибҳо хостори сатҳи баландтар ва босамартари ҳамкории кишварҳои исломӣ шуданд.

Мо бар онем, ки кишварҳои дорои захираҳои азими арзӣ ва имконоти васеи маблағгузорӣ метавонанд дар барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва зербиноии Тоҷикистон ва Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа, бахусус барномаҳои сохтмони хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои оҳан ва моишнгард ва митақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ карда, ба ҳамкории васеътари кишварҳои худ бо Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол намоянд.

Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегии мубориза бо терроризм, ифротгароии ҷангталаб, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин росто Тоҷикистон иброз дошт, ки бо дарназардошти пешояндҳои вазъ дар соли 2014, баъди хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ ҳамкории муассири худро ба ҳамаи ниҳодҳои кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар бахшҳои низомиву амниятӣ ва марзӣ густариш хоҳад бахшид.

Мо аз мулоқоту музокироти анҷомшуда ва дар маҷмуъ, аз натиҷаҳои сафари расмии Ҷалолатмаоб Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ибрози қаноатмандӣ намуда, ин сафри ӯро иқдоми муҳим дар тақвияти дӯстии таърихии ду кишвар арзёбӣ менамоем».

                                                                         

 Эмомалӣ Сайидамирзод
:.  Сиёсат 21.10.2013 11:01 2268

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz