Дар ҳама давраҳои ихтилофҳои сиёсию мазҳабӣ, инқилобҳои фарҳангию маданӣ ва тағйири идеологияҳо аз ҳама бештар занон ба ҷурми ана ҳамин маҳдудиятҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ осеб дидаанд ва имрӯз низ мебинанд. Ҷаҳони муосир дар масири дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ,фарҳангӣ ва иҷтимоӣ перомуни мақому манзалати занон, ҳуқуқу манфиатҳояшон боз ҳам ихтилофу назарфиребиҳо дорад. Дар баъзе кишварҳо бисёр мавридҳо рисолати занон аз нигоҳи дини мубини ислом тарҳрезӣ ва баҳогузорӣ мешавад, аммо воқеияти фалсафаи ислом чун як дини инсонгаро аз ҷониби руҳониёну зимомдорони давр тафреҳ мешавад.
Дар гузаштаи на он қадар дури таърихи миллати тоҷик ҳам ин гуна мавқеъгирӣ ва назари якҷониба ба занон роиҷ буд. Ҳарчанд, ки гӯё ин гуна сиёсати нонавиштаро ҳама пайгирӣ мекарданду фатвову фармудаҳои дигаронро чун амри воқеӣ ва сарнавишт қабул доштанд, аммо дар зеҳну тафаккур ва ақлу шуурашон андешаи рисолати воқеии инсон будан ва баробари ҳама шуданро доштанд. Солҳои баъдӣ, пас аз пешрафти илму фарҳанг, инқилоби тафаккур, ба майдони сиёсат омадани идеологияи вижаи инсонгаро ва шинохти худу рисолати худ дар зиндагӣ, нигоҳу мавқеи мардум, бахусус занон ҳам дигар шуд. Аммо ҳануз ҳам аксар наметавонистем аз паҷараи солҳо зангзадаи афкор ва роҳи таҳмилкардаи дигарон бурун оем. Шояд ин гуна зиндагӣ ва тахаммулпазирӣ боз ҳам солҳо кашол меёфт ва занон чун як табақаи камҳуқуқи ҷомеа дар канори шоҳроҳи ҳаёт олудаи чангу ғубор ва гирифтори мушкилоти хонаводагӣ бозмонда мешуданд. Агар , воқеан истиқлолият намешуд! Истиқлоли сиёсию давлатии Тоҷикистон дар рӯзгори бонувони кишвар инқилоб ворид кард. Пеш аз ҳама дар Конститутсияи ( Сақонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу манфиатҳои инсон ҳамчун маҳаки асосии ҷомеа дар сархати аввал қарор гирифт, ки занон ҳам дар қатори мардон аз ҳама ҳуқуқҳо бархурдор гаштанд. Ҳукумату давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон талош варзид. Дар давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ,фарҳангю маърифатӣ барои истифодаи неруи ақлонию касбии бонувон чораҳо андешида шуданд.Таҷрибаҳои аввалин дар ин самт нишон доданд,ки занон дар пешрафти ҷомеа, халли мушкилоти гуногуни замон ,таълиму тарбия ва доварию сарварӣ на камтар аз мардон нақш бозида метавонанд. Аз ин нигоҳ Ҳукумату давлати Тоҷикистон барномаҳои гуногунро оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарони болаёқату кордонро дар вазифаҳои роҳбарӣ тарҳрезӣ намуда баҳри татбиқашон шароитҳо муҳайё сохт. Аз ҷониби дигар барои беҳдошти саломатии модару кӯдак, таъмини фазои мусоиди ташхису табобат ва дигар паҳлуҳои мухталифи соҳаи тиб Стратегияи миллӣ қабул гардид.
Дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ҳам барномаҳои гуногун таҳия шуданд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ин ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот буд, ки қаблан касе дар ин хусус андеша ҳам надошт . Ин имтиёз ба духтарон имкон дод, ки роҳи донишомузӣ барояшон кушода гардад ва ҳама садҳои сунъӣ, андешаҳои хурофотию бофтаҳои хаёлии бархе пош хӯранд. Имрӯз дар асоси ин чораҷуӣ духтарони зиёде соҳиби маълумои олӣ, касбу ҳунар ва зиндагии обод гаштаанд. Хушунату зӯроварӣ дар оила ҳам ба ҳукми анъана буд, аммо ба ин раванд истиқлолият нукта гузошт. Аксар занону духтарон дар хонаводаҳо зери хушунат қарор доштанд ва ҳуқуқу манфиатҳояшон зери ниқоби расму оинҳои хурофотӣ поймол мешуданд. Хурофот то ҷое миёни мардум, бахусус дар бисёр оилаҳо реша давонда буд, ки тақдиру сарнавишти занон ва духтаронро ба ҳар оин ҳал мекарданд. Яъне онҳо наметавонистанд ба муроди дили хеш зиндагӣ ва кор кунанд. Истиқлоли ватан омаду ин девбоди макру ҳиял ва хурофотро парешон сохт, қафаси зангзадаи зеҳну шуурро боз кард ва чароғи раҳнамои шоҳроҳи ҳаётро сӯйи фардо рӯшан сохт, аммо ҳанӯз ҳам гоҳе дар ҷойе ин девбод вазидан дораду боз мехоҳад ба мақоми аввалааш бирасад. Истиқлол, ваҳдат, озодӣ, ҳуқуқ ва дигар арзишҳои волоӣ давлатию миллӣ пешорӯйи ин ҳама таззодҳо устувор истодаанд ва дигар ҳаргиз нахоҳанд гузошт, то занон боз миёни чордевори андешаҳо, хостаҳо ва боварҳои хурофотӣ боз нишинанд. Роҳи бозпас дигар нест. Истиқлол ва занон имрӯз бо ҳам қарину ҳабиб ва ҳамҷоя нерӯи бузурги созандагӣ доранд, ки касе ва ё чизе наметавонад онро дигар боздорад. Қадамҳои истиқлол ва занони замони мо устувору қавӣ ҳастанд ва хоҳанд буд!
Р.КАМОЛ