Агар дар саҳифаҳои таърихи кишвар рӯйдодҳои бузурге мисли Истиқлолияти Тоҷикистон ва рӯзи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ҳарфҳои зарин мунъакис шудаанд, пас санаи 18-уми июли соли 1997 бо баргузории Анҷумани фарҳангӣ-сиёсие зиёиёни тоҷик ба оламиён исбот намуданд, ки миллати тамаддунофари тоҷик мушкилоти сиёсии хешро аз тариқи музокироти маданӣ -фарҳангӣ ҳаллу фасл карда метавонад. Дар ин рӯзи нек дар пойтахти кишвар Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфта, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси ин созмони ояндасоз интихоб гардид. Бешак, дар таърихи давлатдории тоҷикон ғояи Ваҳдати миллӣ бесобиқа аст. Дар он марҳилаи тақдирсози давлати соҳибистиқлоли мо Ваҳдати миллӣ тавонист ҳамчун идеяи пешбаранда ва роҳнамои ҷомеаи Тоҷикистон нақш бозад.
Воқеан, андеша ва эҳёи ғояи Ваҳдати миллӣ дар зеҳни кӣ пайдо шудаву мақсад аз оммавӣ намудани он ва ба як неруи ояндасозу пешбарандаи ҷомеа табдил додани он чӣ буд? Атрофи ин мавзуъ суҳбатҳое доштем бо нахустин аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.
Ба қавли Аҳмадҷон Ализода, аввалин раиси бахши хатлонии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ идеяи сарвари ҷавони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз зимни нахустин суханрониаш дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: «Ҷомеаи парокандаро ба Ваҳдату ягонагӣ оварда, миллати тоҷикро сарҷамъ менамоем».
Созишномаи истиқрори сулҳ ҳам самараи ҳамин андешаи бузург - Ваҳдати миллӣ аст. Зери шиори Ваҳдат нахуст мардуми парешонро ба ҳам оварда, баъдан нақши ғояи пешбарандаи ҷомеа ва ояндасозии давлатро бозид.
- Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нахуст дар маркази маъмурии вилояти Хатлон муаррифӣ шудааст, - мегӯяд Аҳмадҷон Ализода. Дар ин бора президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 5-солагии таъсисёбии ин созмон гуфта буд: «Ташаккур ба мардуми шарифи вилояти Хатлон, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу ноором сарҷамъ шуда, пеши роҳи хоинони миллатро гирифтанд»
Шоҳидони вақт нақл мекунанд, ки санаи 16–уми июли соли 1997 гурӯҳи ташаббускор дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъ омада, созмони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро таъсис доданд. Мавриди зикр аст, ки дар он рӯзҳои тақдирсоз дар сафи нахустин аъзои созмони мазкур - Аҳмадҷон Ализода, Асомиддин Саидов, Гул Шер-алӣ, Маҳмадраҷаб Холов, Исмонқул Субҳонов, бонувони фаъоли вилоят Турсуной Алимардонова, Саодат Амиршоева ва Ҳалқамоҳ Тӯрахонова низ ҳузур доштанд.
Ҳалқамоҳ Тӯрахонова, яке аз аъзои комиссияи тафтишотии анҷумани мазкур, нақл мекунад ки: «Новобаста аз он ки бинои ҳукумати вилояти Хатлон дар иҳотаи силоҳбадастон буд, ташаббускорон фаъолони шаҳру ноҳияҳоро дар толори ин бино ҷамъ оварданд. Он рӯз дар чашми касе тарсу ҳарос набуд, зеро таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ирсоли паём ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ки мардуми Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари давлатро ҷонибдорӣ менамоянд.
Ба гуфти ӯ баргузории он анҷумани таърихӣ имтиҳони садоқат ба Ватан, ҳифзу дастгирӣ аз рисолати сулҳҷӯёна, ваъдаву суханҳои роҳбари давлат дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва талошҳояш дар марҳилаҳои расидан ба сулҳу оштии миллӣ буд. Чун ҳидоятгар Сарвари давлат буд, фаъолони Хатлон муваззаф донистанд, ки онро бо тамоми ҳастӣ дастгирӣ намоянд ва дар ин кори бузург устод Аҳмадҷон Ализода нақши бориз дошт.
Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагон, ки он солҳо сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон буд, гуфт, ки иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ ва уламои дин дар анҷуман гувоҳӣ медод, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро мардум дастгирӣ намуда, ин созмон ба як неруи ояндасоз табдил меёбад. Он рӯз узви садорат аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Аҳмадҷон Ализодаро раиси ин созмон интихоб намуданд.
18-уми июли соли 1997 дар шаҳри Душанбе анҷумани ҷумҳуриявии созмони нав доир гардида, иштирокчиён Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб намуданд.
Аз он рӯзҳо 16 сол сипарӣ гардида, дар марҳилаи нави равандҳои сиёсӣ, ки ҷомеа ба ҳамдилию иттиҳоди қавитар эҳтиёҷ дорад, ин суол матраҳ аст, ки: «Оё ғояи Ваҳдати миллӣ идеяи пешбарандаи ҷомеа буда метавонад?» Аҳмадҷон Ализода, яке аз фаъолони ин ҳаракат, мегӯяд: «Барои миллате, ки 2300 сол давлати соҳибистиқлол надошту дар роҳи расидан ба орзуву ормонҳои аҷдодиаш, аз гирдоби ҷангу хунрезиҳо гузаштааст, Ваҳдат муҳимтарин ва арзишмандтарин ғояи пешбарандаи давлату ҷомеа буда метавонад»
Ваҳдат омилҳои гуногуни фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дорад, ки тадриҷан амалӣ шуда истодааст. Роҳбари давлат дар Паёми имсолааш ба Парлумони кишвар иброз дошт: « Дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад». Асос ҳамин Ваҳдат аст ва барои рӯшан сохтани роҳи истиқлоли мо бояд ҳар фарди ватандӯст шамъе биаф-рӯзад. Мавлавии бузург фармудааст:
Зиҳӣ дарё, ки андар вай ҳама ғарқанду ҳайронанд,
Чу моҳӣ зиндаи дарёву дарёро намедонанд.
Моро мебояд, ки лаҳзае ва ёди Ватан дур набошему ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Зеро оянда ва пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кору кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобастагӣ дорад.
Хуллас, таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як саҳифаи дурахшони таърихи тоҷикон ба шумор рафта, хидматҳои бузурги асосгузори ин андешаи бузург барои наслҳои имрӯзу оянда шоёни омӯзиш аст. Зеро ин саҳифаҳои таърихи тоҷикон бори дигар собит менамояд, ки миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат овард. Ва Ваҳдат муҳимтарин омили устувории давлати мардумони тамаддунофарест, ки дар марҳилаи муҳими тақдирсоз қарор доранд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов