Раиси ноҳияи Рӯшон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қобиламоҳ ғуломшоева ба суолҳои хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» посух гуфт.
– Дар пешорӯйи 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Лутфан бигӯед, ки ноҳия ин санаро бо чӣ гуна дастовардҳо пешвоз мегирад?
– Шинохти Тоҷикистон аз сӯйи давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси ҷумҳурии мустақил ва байни фарҳангу тамаддуни мардуми дунё мақоми сазовор пайдо кардани тоҷиконро муҳимтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ мешуморам. Густариш ёфтани равобити ҳамлу нақлӣ ва фазои тиҷорати озод, ки сокинони манотиқи вилоят таъсири онро ҳар чи бештар ба ҳаёти иҷтимоиашон эҳсос мекунанд, самараи истиқлолият аст. Дар солҳои истиқлолият симои ноҳия ҳам дигар шуда, дар ҳаёти сокинон навгониҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Бинои интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимон ва камбизоатон барои 640 ҷой бо ҳазинаи бештар аз 24 миллион сомонӣ , литсейи касбӣ-техникӣ барои маъюбон, биноҳои шуъбаи корҳои дохила, «Агроинвестбонк» ва боғи фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи генералии таҷдиди маркази ноҳияро тасдиқ карда, бо навбат биноҳои нави идораҳо дар ин ҷо қомат меафрозанд ва роҳи маркази ноҳия васеъ мегардад. Ҳамчунин тайи солҳои охир 5 мактаб пурра таҷдид ва ба шароити таълимии муосир мутобиқ гардиданд. Дар панҷ соли охир 41 бинои таълимӣ, хизматрасонӣ, варзишӣ ва шабакаҳои обрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Барои соҳибкорон шароити хуб муҳайё шуда, шумораи корхонаҳои хурд афзоиш меёбанд. Дар маҳалли Баҷуви ноҳия яке аз конҳои бузурги маодини қиматбаҳо кашф гардид. Ҳамчунин дар маҳалли Борж калонтарин кони оҳан ва дар ҷойи дигар захираи бузурги санги хоро мавҷуд аст, ки ба коркард ниёз доранд. Бо супориши Сарвари давлат корҳои асоснок-кунии НБО-и Санобод идома дорад ва сохта шудани ин неругоҳ на танҳо ба рушди саноати ноҳия, балки манотиқи гирду атроф такон мебахшад.
– Дар ноҳия дар солҳои гуногун панҷ нафар зан мақоми аввали раҳбариро бар дӯш доштанд. Шумо дар байни онҳо «дарозумртарин» зани роҳбар маҳсуб мешавед. Чӣ боис шудааст, ки роҳбари муваффақ бошед?
– Занони роҳбар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳия нақше аз худ боқӣ гузош-танд. Аммо сабаби дар муддати як-ду сол иваз гардиданашон шояд ба он вобаста бошад, ки ин роҳбарон аз лиҳози синну сол ҷавонтар буданд. Роҳбарӣ аз шахс талаб мекунад, ки таҷрибаи кофӣ дошта, дар муошират бо мардум кордонӣ, сабру тоқат, таҳаммулпазирӣ зоҳир кунад. Зеҳни мардум гапҳои хушку холӣ ва насиҳатро намепазирад. Роҳбар бояд дар амал роҳи дуруст ва қонунии ҳалли масъаларо пешниҳод карда тавонад.
– Ба мақоми зан дар ҷомеаи имрӯз чӣ назар доред?
– Пас аз пошхӯрии давлати шӯравӣ теъдоди занон якбора дар мақомоти иҷроия ва намояндагӣ коҳиш ёфт.Тадбири давлат барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа амри зарурӣ буда, барои онҳо имконияти бештари ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фароҳам сохт. Айни ҳол саҳми занон дар мақомоти роҳбарикунандаи ноҳия 33 фоизро ташкил медиҳад. Бонувон ташаббускоранд ва яке аз сифатҳои занони роҳбар ин аст, ки ба фасод камтар олудаанд.
Ҳамчун раиси ноҳия сафархарҷиро хеле кам истифода мекунам. Ин барои худнамоӣ нест. Рӯшон аз ҷиҳати масоҳат пас аз Мурғоб калонтарин ноҳия дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад ва сафари хидматӣ ба маҳаллоти дурдасти он сӯзишворӣ ва маблағ мехоҳад. Буҷети солонаи сафархарҷӣ на фақат барои раиси ноҳия, балки барои фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо мешавад ва кӯшиш мекунам, ки аз ҳисоби сарфа намудани маблағ дар лаҳзаҳои зарурӣ мутахассисони мақомотро ба маҳалҳо ба сафари хидматӣ фиристам.
Мегӯянд, ки «Худованд ба як рангу банда ба сад ранг». Хонаводаи мо дар баробари дигарон маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва ба қадри давлату зиндагии серу пури имрӯза бояд расем.
– Мегӯянд, ки Шумо дар баробари роҳбар будан, кадбонуи хуб ҳам ҳастед.Оё раиси ноҳия вақт пайдо мекунад, ки дар баробари корҳои идорӣ ба хоҷагидорӣ ҳам машғул шавад?
– Зиндагии оилавии ман аз ҳаёти занони ноҳия тафовуте надорад. Субҳ барвақт мехезаму хона ва ҳавлиро ҷорӯб мезанам. Баъзан худам дар танӯр нон мепазам. Ду-се сар чово ва 15 мурғ дорам. Ҳар хонаводаи ноҳия мекӯшад хоҷагии ёрирасон дошта бошад ва дастранҷи хешро рӯйи дастархон гузорад. Маҳсулоти худӣ ҳамеша аз чизи бозор хубтар ва баракаташ зиёдтар аст. Дар тарбияи худ набера дорам. Ба бахти ман модари 85 -солаам ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт аст ва бо мо зиндагӣ мекунад.
– Дар фаъолияти корӣ аз падар пайравӣ кардаед ё аз модар?
– Падарам шахси фозил ва донишманд буданд, вале аз пайи модар рафтам. Модарам котибаи прокурор буданд ва ман ҳам бо тақозои тақдир ёвари калони прокурори вилоят шуда кор мекардам. Модар чанд муддат дар вазифаи мудири шуъбаи кумитаи ҳизбӣ ифои вазифа кардааст ва ман ҳам дар раъси шуъбаи умумии мақомоти вилоятӣ масъулият доштам. Баъдан, модар раиси колхоз таъин шуд. Бо гузашти айём ба ман низ пешниҳод шуд, ки идораи хоҷагии оби вилоятро роҳбарӣ кунам. Модар 20 соли фаъолияти меҳнатиашро дар вазифаи котиби сеюми ҳизбӣ гузаронд. Дар он солҳо макотиб ва нуқтаҳои фарҳангӣ дар маҳаллоти дурдасти ноҳия асосан бо тариқи ҳашар бунёд мегардиданд ва ӯ ба ҳайси ташкилотчӣ ва тарғибгари сиёсати давр дар ободонии ноҳия саҳм гузоштааст. Панҷ сол қабл раиси ноҳияи Рӯшон таъин гардидам ва тавре мебинед, фаъолияти меҳнатии ману модарам ба ҳамдигар монанд аст.
– Сокинон ба раиси ноҳия бештар барои ҳалли кадом масоил муроҷиат мекунанд?
– Бештари муроҷиатҳо марбут ба заминанд. Комиссия аризаи 417 сокинро барои сохтмони манзили истиқоматӣ санҷида, дархости 300 нафарро қонеъ намуд. Ба дигарон аз рӯйи навбат ва имконият аз ҳисоби заминҳои захиравӣ ҷо ҷудо мешавад.
Вақтҳои охир муроҷиатҳо марбут ба вазъи оилавӣ афзудаанд. Баъзан шаҳрвандон вобаста ба масоиле, ки бояд аз тариқи додгоҳ ҳал шаванд ва ё ёрии мутахассиси равоншиносро талаб мекунанд, ба мақомот муроҷиат менамоянд. Як зани серфарзанд барои додхоҳӣ омад, ки шавҳараш дар Русия зани дигар ёфта, ба хотири қайди истиқомат бо вай издивоҷ кардан мехоҳад ва ҳамарӯза тариқи телефон талаб мекунад, ки ҳар чи зудтар асноди талоқро ба расмият дарорад. Лозим омад, ки бо шавҳари муҳоҷир ва ҳатто маъшуқааш бо телефон ҳамсуҳбат шавам ва оқибатҳои талоқро барои хонаводаи серфарзанд барояшон фаҳмонам. Бо суханони хуб тавонистам ҳамсуҳбатонамро ба дуруст андеша кардан водор созам. Ахиран, шавҳари муҳоҷир аз раъяш гашта, ба назди зану фарзандонаш ба ноҳия омад. Аз тарафи мақомоти маҳаллӣ 0,5 ҳисса замин барои ташкили боғдорӣ ба ӯ ҷудо шуд ва ба кор дар сохтмонҳои ноҳия ҷалб гардид. Акнун рӯзгори хонаводаашро пеш мебарад.
– Рӯзе мерасад, ки шумо ба нафақа мебароед ва идомаи зиндагию ҳадафҳо пеши рӯ меоянд. Дар ин бора андеша мекунед ё не?
– Обрӯву иззатро ба шарофати мардуми азизам ёфтам ва ин қадршиносиро гиромӣ медорам. Аз давлат миннатдорам, ки барои сабзидани ман ҳамчун як кадр мусоидат намуд ва ба чунин як вазифаи баланди роҳбарӣ сазовор донист. Одатан ашхосе, ки ба синни бознишастагӣ расиданд, худро бо киноя «офтоби сари кӯҳ» меноманд. Вале аз вазифа рафтан маънои тарки ҳамкорӣ бо мақомот ва мардумро надорад. Ба тарбияи набера ва нигоҳубинӣ модарам машғул мешавам, вале ҳамеша дар ҳамкорӣ бо мақомот ва мардум мемонам ва чун узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти ноҳия ширкат хоҳам варзид.
М. Ҷалол