Собиқ сардори идораи фарҳанги вилоят Асадбек Пӯлодов аз рӯзҳое ёдовар шуд, ки ҷойи навои рубобу доира ва садои овозхонҳоро тир гирифта буд. Муддате садои мутрибон хомӯш гардид. Бархе аз ҳунармандон хонашин шуданду гурӯҳи дигаре зери фишори омилҳои иҷтимоӣ бозорнишин, вале ҳунармандони ҳақиқӣ баста шудани забони ҳунармандонро ба фоҷиаи миллӣ баробар медонистанд. Бино ба мушоҳидаи сармуҳаррири идораи радио ва телевизиони Бадахшон Файзӣ Мирҳасан дар давраи душвортарин ҳофизон Душанбе Паллаеву Олим Каримов, Заррина Мамадасанова, Шодигул Мамадсодиқова, ҳунармандони мардумӣ Сафарбегим Тошхӯҷаева ва Майсара Дилдорова садо баланд карданд ва малакаву салиқаашонро ба хотири зудудани кудурат аз дилҳо ва баргардонидани эътимод ва боварӣ ба ҳамдигар дар хидмати мардум қарор доданд.
Ҳунарманди мардумӣ Маҳингул Назаршоева пас аз як соли гусаста будани равобити фарҳангӣ ширкати нахустин гурӯҳи ҳунармандони театри вилоятӣ дар озмуни наврӯзии соли 1994-ум бо номи «Сайидон» -ро дар маркази ҷумҳурӣ ба инқилоби фарҳангӣ баробар медонад.
– Ҳанӯз тарафҳои даргир дар сангарҳо муқобили ҳам меистоданд, вале ҳунармандон алорағми фишорҳо даъватро пазируфта, ба озмун рафтанд. Ба маҳрумиятҳо нигоҳ накарда, дастагуле аз созу наворо омода намуданд ва бо худ армуғон бурданд. Майсара Дилдорова шеъри «Ба ҳам ой»-и Варқа Охонниёзов-ро бо оҳанги Д. Худоназаров хеле зебо, дилнишин, хотирмон, ҷаззоб ва равон иҷро кард:
Эй оби зи ҳам рафта ба ҳар ҷӯй ба ҳам ой,
Эй шамъи пароканда ба ҳар кӯй ба ҳам ой.
Эй тоҷики саргаштаву шӯридасари ман,
То чанд парешониву танҳоӣ, ба ҳам ой.
Вазири фарҳанг дар ҷамъбасти озмун гуфт: «Ба мисли Майсара бояд суруд, ки суханон ва сабку овозаш касро ба умқи андеша мебаранд ва ба ваҳдату хушбинӣ ва боварӣ ба ҳаёт даъват мекунанд».
– Суруд вақте ба дили шунаванда мешинад, ки аз қалби ҳунарманд барояд, – мегӯяд Майсара. – На ҳама чизе, ки дар бораи ваҳдат суруда мешавад, мақбул аст. Аз таъсири эҷод, матн, оҳанг ва тарзи иҷрои суруд вобаста аст. Вақте ки суруд мавқеи фаъоли шаҳрвандии эҷодкорро ифода мекунаду ба дарду омоли ҷомеа мехӯрад ва зебову равон, орӣ аз сохтакорӣ хонда мешавад, ба шиори мардум табдил мегардад. Дар бораи сулҳу ваҳдат ва Ватан хушку холӣ ва бидуни эҳсосоти баланд хондан мумкин нест.
Намоиши «Отелло»-и театри Хоруғ дар Душанбе ба рӯзҳои имзо шудани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Маскав рост омад. Рӯзи имзои созишнома ҳунармандони бадахшонӣ дар шаҳру навоҳии Хатлон бо намоиш ва барномаи консертӣ зери мавҷи кафкӯбиҳои мухлисон баромад мекарданд ва ҳузурашон ба фазои тантанавии ин рӯзи деринтизор барои мардуми тоҷик дар ин минтақаи аз ҳама зиёдтар осебдида шукӯҳи бештаре мебахшид. Пас аз чанде ҳунарманди мардумӣ Давлатманд Холов ҷавобан ба ин пайғоми сулҳ, бо корвони созу суруд меҳмони саҳнаи театри Хоруғ шуд ва риштаҳои гусастаи табодули фарҳангии тарафайн барои ҳамешагӣ ба ҳам пайваст гардиданд.
Шодигул Мамадносирова, ҳунарпешаи ансамбли «Навои Бадахшон», ҳофизаи хушадои дигарест, ки чун вассофи сулҳу ваҳдат эътироф шудааст. Ба гуфти Шодигул, вай ҳанӯз аз синфи нуҳум суруд мехонад ва дар сурудҳояш бештар ишқ, ватан, модарро ситоиш мекунад. Вале агар чун вассофи ваҳдат ном баровардааст, пас ин ба он маъност, ки дар ҳамкорӣ бо коргардонҳову оҳангсозон муваффақ шудааст. Мухлисонаш худро шефтаи овози хуби бурои ҳунарманд мешуморанд, ки матни суруд дар иҷрояш бо сабки сабук ва дилнишини лирикӣ садо медиҳад.
–Шунаванда бо қалб эҳсос мекунад, ки то чӣ андоза суруд ба тинати сарояндаи он мувофиқ аст. Аз ин рӯ, то суфта шудани суруд болояш кор мекунаму онро сидқан месароям, – баён медорад ҳунарманд. Дар ҷашни ҷаҳонӣ шудани Наврӯзи хуҷаста шеъри Шариф Раҳмон бо оҳанги Мавлодод Бахтиёров аз забони ин сароянда хело шево ва мутантан садо дода, ба яке аз сурудҳои маҳбуби бинандагони оинаи нилгун табдил шуд:
Мо халқи худододем, озодаву озодем
Созандаву сулҳовар, эҳёгару ободем.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фарҳанг беш аз ҳама дар инзивоъ қарор гирифт. Як мутахассиси риштаи фарҳанг нақл кард, ки пас аз анҷоми як маърака дар ноҳияи Ванҷ танҳо бо фаро расидани шом барои хушбошии меҳмонон аз маркази вилоят пинҳонӣ сароянда даъват намуданд ва пардаҳои тирезаро поин кашиданду овозхон оҳиста ва паст ба рубоб нохун мезад. Аммо корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Дарвоз Сулҳия Мирзоева то ба ҳол қариб ягона бонуи ҳунарманд мемонад, ки дар чорабиниҳои фарҳангии минтақавӣ ва ҷумҳурӣ ширкати фаъол меварзад.
Ба гуфти мудири хонаи методии назди шуъбаи фарҳанги вилоят Бозича Бозичаев натиҷаи омодагӣ ба озмуни «Сапеда» ва «Ғунчаҳои умед» аён сохт, ки санъатварӣ байни наврасон дар ноҳияи Дарвоз хеле рушд кардааст ва вай метавонад ду нафар санъаткори наврасро ном барад, ки аз ҷиҳати ҳаракат дар саҳна, чеҳра, овози хуб ва иҷрои касбии суруд байни ҳамсолонашон дар вилоят назир надоранд.
Майсара Дилдорова мегӯяд, ки мафҳуми ваҳдат ихтирои замони мо набуда, ҳанӯз аз оғози бунёди сухан аҳли ҳунар сулҳ, осоиш, некӣ, накӯкорӣ, саховат, бародарӣ, баробарӣ, дӯстӣ, бахшоиш ва дигар сифатҳои хуби инсониро ситоиш кардаанд. Ҳунарманд ашъори Мавлои Балхро саропо саршор аз аҳдофи бузурги ба ҳам овардани инсонҳо, адён ва афкору андешаи мухталиф дарёфтааст ва онро раҳнамое барои аҳли ҳунар медонад:
«Маснавӣ» худ ин дӯкони ваҳдат аст,
Ғайри ваҳдат ҳар чӣ гӯйи он бут аст.
Ба андешаи ҳунарманд тараннуми ғояи арзишманди миллӣ ва амалҳои писандидаву хисоли ҳамидаву хуб, ки ба тарбияи инсони комил ва ҷомеаи мутамаддин нигаронида шудааст, ваҳдат аст ва ҳунармандони тоҷик дар иҷрои ин рисолат хизмати шоиста анҷом доданд ва дар ҳифз ва тарғиб намудани ин дастоварди бузургтарини миллат бояд ҳар фарди ҷомеа худро масъул шуморад.
Ш.Мирзоҷалол