01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ


 

Пажӯҳиш ва мутолиаи ҳадди ақал ду қарни ахири таърихи рушди иҷтимоъ ва пешрафти иқтисоди кишварҳои Авруосиё гувоҳ бар он аст, ки авомиле, ба мисли дарёфти идеяи миллӣ, ба роҳ мондани тавлидот ва такомули бозаргонии хурду миёна иллати ташаккул ва пешрафти ин ва ё он кишвар гаштаанд. Илова бар ин, расидан ба ҳувияти миллӣ ва ё талош барои сохтмони як мамлакати арзанда ҷиҳати рушди маориф дар ҳамбастагӣ бо аносири дигар, тавонистаанд миллатҳоро ба сатҳи худшиносӣ бирасонанд. Дар навбати худ ин замина бунлоде таҳия ва шароите фароҳам сохтааст, то онҳо худро аз вобастагиҳои сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодӣ раҳо намоянд ва тайи як муддати кӯтаҳ миёни кишварҳои аз назари иқтисодӣ ва сатҳи зиндагӣ пешрафта ҷойгоҳи сазоворе касб кунанд.

          Мароҳили расидан ба ҳувият ва ё худшиносии миллӣ дар ҳар кишваре ҳар гуна сурат мегирад. Миллате ба он тайи чанд даҳсола мерасад ва барои дигаре ҳам сад сол ҳанӯз басанда нест. Дар касби ҳувият як рукни хеле муҳим - маориф нақши бориз дорад. Маърифат аст, ки афроди ҷомеаро чашм мекушояд ва онҳоро мусаллаҳ бо донишҳои фаннӣ ва иқтисодӣ месозад, то ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ талош варзанд. Мароҳили чашмраси рушди иқтисод ва дастрасӣ ба захоири зерзаминӣ ва рӯзаминии кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Испониё, Бритониёи Кабир, Олмон ва ИМА ба қарнҳои 19 -20 рост меояд. Кишварҳои аврупоӣ бо истифода аз неруҳои пешрафтаи ҳарбӣ - баҳрии худ ба мамолики Африқо, Осиё ва Ҳинд лашкар кашиданд ва онҳоро барои муддати мадиде ба мустамлика табдил дода, ғановати табиии ин кишварҳоро барои пешрафти худ мавриди истифода қарор доданд.

Русия тақрибан дар нимаи дувуми қарни 19 бо таҳияи барномаи геополитикии ғасби кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дастрасӣ ба масолеҳ ва ашёи хоми ин давлатҳои аз назари иқтисод вомонда ба такомул ва бозсозии иҷтимоъ, иқтисод ва бахши умда ҷиҳати пешрафт, яъне риштаи низомӣ оғоз бахшид.

Ҷангҳои ҷаҳонии дар қарни 20–ум рухдода низ танҳо ба хотири ғасб ва тақсими манобеи табиии дунё сурат гирифтанд. Илова бар ин, ибтидои асри 20 кишварҳои дунёро ба ду бахш - сотсиалистӣ, таҳти сарварии Иттиҳоди Шӯравӣ ва сармоядорӣ, таҳти роҳбарии ИМА қисмат намуд. Кишварҳои сармоядор фурсатро барои андӯхтани сарват истифода сохтанд ва мамолики сотсиалистӣ бошад, бештар рӯйи идеология такя заданд, ки он бевосита ба иқтисод ва сатҳи зиндагии онҳо асари манфӣ бар ҷой гузошт. Бо аз байн рафтани як лагер (сотсиалистӣ) таносуби қувваҳо дигар гашт ва талоши кишварҳо ҳам ҷиҳати бозсозии иқтисод ва пешрафти он самт иваз кард.

Охири қарни 20 ва ибтидои асри 21 барои расидан ба ҳувияти миллӣ ва пешрафти иқтисод шароити наверо пеш гузошт. Ба тадриҷ ҷойи истихроҷ ва фурӯшу истифодаи манобеи табииро тавлид ва рушду такомули фаннӣ мегирад. Дигар пешрафти як кишвар на аз рӯйи миқдори аслиҳоти низомӣ ва фурӯши нафту газ муайян мегардад, балки кишварҳои тавлидгар дар муқобили мамолики масрафгар қарор гирифтаанд. Агар мамолики масрафгар ҳанӯз гирифтор ба фурӯши нафту газ ва манобеи дигари табиии худанд, кишварҳои тавлидгар бо истеҳсоли маводи фаннӣ ва такомули бозаргонии хурду миёна сатҳи зиндагии атбои хешро ба тадриҷ беҳтару хубтар мекунанд ва ҷолибияти онҳо барои сармоягузорони мамолики дигар мушаххас аст. Намунаи чунин пешрафт дар қарни 21 бештар дар кишварҳои Осиё ба чашм мехӯрад. Ҷопон, Малайзиё, Чин, Эрон ва Ҳиндро метавон ба унвони мисол овард.

Хонум Юкие Мокуо, сарвари вақти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, дар мусоҳибае бо камина солҳои баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳониро ба ёд оварда гуфт: «Баъд аз бомбборон шудан кишвари мо аз ҷониби Амрико ва шикаст хӯрдан дар ҷанг иқтисод дар бунбаст қарор дошт. Ҳукумати вақт баъд аз машварати созанда бо донишмандони кишвар ҷиҳати рушди маориф ва бозаргонии хурду миёна шароит фароҳам овард ва барои ин бахшҳо авлавият қоил шуд. Тақрибан дар давоми ду даҳсола Ҷопон аз назари рушди иқтисод дар ҷаҳон дар ҷойи дувум қарор гирифт».

Агар Ҷопон намунаи пешрафти иқтисод ва беҳ гардидани сатҳи зиндагии мардуми як кишвари осиёӣ дар асри 20 бошад, Малайзиё ва Чин намунаи дигар аз қарни наванд, ки имрӯз сармояи аксар мамолики дунё рӯ ба ин кишварҳо овардаанд. Ҳанӯз чанд сол қабл буд, ки Малайзиё демократитарин ва пешрафтатарин кишвари мусалмонони дунё эълом гардид ва Чин аз назари рушди иқтисод аз мақоми савум ба дувум гузашт ва бо Ҷопон ҷой иваз намуд.

Чунин сурат гирифтани кор далолат бар он менамояд, ки механизмҳои пешрафт кардани иқтисод ва иҷтимои кишварҳои дунё тағйир ёфтааст ва имрӯз танҳо мамолике дар ҳоли рушданд, ки фасодро то ҷойе саркӯб намудаву тавлидотро ба роҳ мондаанд. Як сабаби рушд намудани ин кишварҳо ба ҳам омадани қишрҳои мухталиф ва миллатҳои гуногунанд, ки онҳоро як андеша ва шиор - ваҳдати миллӣ муттаҳид сохтааст. Танҳо ваҳдати миллӣ метавонад иллати шукуфоии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бошад.

Чанд соли ахир дар Тоҷикистон ҳам дар ҳама гуна ҳамоишу нишастҳо масъалаи идеяи миллӣ мавриди матраҳ қарор гирифтааст ва дар ҳолати таъйин шудани он аз ҷониби донишмандони шуҳратёр ва ҷомеаи маданӣ Ваҳдати миллӣ устувортар ва муассиртар хоҳад шуд, ки меваҳои ширину хушмаззаи он баҳри баргардонидани муҳоҷирини меҳнатӣ ва баланд бардоштани иқтисоду иҷтимоъ ва сатҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат менамояд. Зеро барои ҳар як фарди худшинос ва аз фарҳангу тамаддун бархурдор мафоҳими Ватан, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият ва ҷомеаи мардумсолорӣ азиз ва муқаддас буда, ояндаи собит ва хушбахтии фарзандон ба он бастагӣ дорад. Устод Халилуллоҳи Халилӣ дар мавриде фармудаанд:

Донад Худо, ки баъди Худо мепарастамат,

Ҳон, ай Ватан, мапурс чаро мепарастамат.

Дар нимашаб, ки боз кунад осмон дараш,

Бо сад ҳазор дасти дуо мепарастамат.

 

Меҳриннисо Шоева, омӯзгори мактаби

таҳсилоти миёнаи умумии №54 ш. Душанбе

:.  Сиёсат 22.07.2013 07:15 3659

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz