01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАҚШИ БОНУВОН ТОҶИК ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Руқия Қурбонова, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи доимамалкунандаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  зимни суханронии хеш дар ин конфронс зикр намуд, ки ҳадафи асосии ҲХДТ дар меҳвари худ гирд овардани неруҳои солимификри ҷомеа мебошад, ки дар пешрафти давлатдорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа саҳм гузошта метавонанд. 

Дар конфронс бону-сиёсатмадорони сохторҳои гуногуни давлатӣ ширкат дошта, атрофи мавзуъҳои «Ваҳдат кафили осоиштагии миллат», «Нақши ваҳдатсозии зан дар ҷомеа» ва «Ваҳдат сарчашмаи комёбиҳои ҷавонони кишвар» ибрози андеша намуданд.

Махфират Хидирова, раиси фраксияи ҲХДТ дар Парлумони кишвар, зимни маърузаи хеш дар мавзуи «Ваҳдат асоси рушди давлат» иброз дошт: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии занон нақши босазо гузошта, ба тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои рушду такомули бонувон дар шароити тағйирёбии сохти давлатдорию ҷамъиятӣ мусоидат намуд».

Бозгул Додхудоева, ходими давлатию ҷамъиятӣ, зимни суханронии хеш дар мавзуи «Ваҳдат кафили осоиштагии миллат» оид ба нақши таърихии имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таъмини амнияту осоиштагӣ ва рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон» ибрози андеша намуд.

Мавсуф аз бонувони Тоҷикистон, ки дар оила ва ҷомеа рисолатҳои бузургеро ба уҳда доранд, даъват ба амал овард, ки дар ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ, дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар саҳми босазои худро гузоранд.

Зимни баҳсу музокираҳо дар мавзуи  «Нақши зан –модар дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» Нуқра Раҳматова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, иброз дошт: «Бонувони фаъоли ҷомеа муваззафанд, ки дар таҳкими Ваҳдати миллӣ  ва ҳифзи фазои ороми кишвар саҳми босазо гузоранд. Зеро зан неруе мебошад, ки дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ нақши муассир дошта, суботу оромии ҷомеа аз онҳо вобастагии калон дорад».

Дар анҷоми конфронс иштирокчиён иброз намуданд, ки аз соҳибистиқлолии кишвар, фазои амну субот ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳори сарфарозӣ дошта, бо такя ба неруи созанда  минбаъд низ ҷиҳати ободию созандагиҳо дар Ватан саҳмгузор хоҳанд буд.

 

Ҷамолиддин С.

 

 

:.  Сиёсат 25.06.2013 09:34 2618

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz