Имсол дар таърихи халқи тоҷик соли фаромӯшношуданӣ ва воқеан таърихӣ аст. Бист сол муқаддам, аз 16 ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, саҳифаи наверо дар китоби давлатдории тоҷикон боз кард. Маҳз дар ин иҷлосия пояи мустаҳками давлатдории навини тоҷикон гузошта шуда, заминае барои барқарории сулҳу субот дар ҷомеа гузошт. Кишвар аз вартаи нобудиву парокандагӣ, хараҷу мараҷ, беҳокимиятӣ, даргириҳои бемаънӣ раҳо ёфта, сохти конститутсионӣ барқарор ва волоияти қонун таъмин гардид. Ин аст, ки мардуми вилояти Суғд чун тамоми сокинони кишвар барои таҷлили шоиста аз бистумин солгарди баргузории он иҷлосияи тақдирсоз омодагӣ доштанд.
Қасри Арбоб, ки 55 сол муқаддам бо ибтикори сарвари хоҷагӣ, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз рӯйи тарҳ ва лоиҳаи меъморони ленинградӣ мушобеҳ ба маҷмааи Петродворетс бунёд ёфтааст, симои худро комилан идона тағйир дода, бо ҳашамати ба худ хос мунтазири меҳмонон аз ҳама гӯшаву канори кишвар буд.
Рӯзи 19-уми ноябри соли равон дар ин қасри боҳашамат ба ифтихори 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Қабл аз оғози ҷамъомади мутантан дар қасри фарҳангии Арбоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон осорхонаҳои таърихиро, ки бозгӯйи воқеияти он рӯзҳои сарнавиштсозанд, тамошо кард. Сипас, дар толори бузурги қасри Арбоб, дар ҳамон толоре, ки бист сол муқаддам ӯро вакилони мардумӣ ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ баргузида буданд, ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бори дигар аз рӯзҳои пурдаҳшати соли 1992 ёдовар шуд, ки пур аз кашмакашҳои сиёсӣ, даргириҳои бемаънӣ ва ҳаводиси даҳшатбор буданд. Ӯ ба вакилони даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олӣ ва ҳамчунин ба ҳамаи он шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ки дар ташкил ва баргузории иҷлосияи таърихӣ ва барқарорсозии сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, изҳори сипос ва ташаккур намуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар барқарории назму субот, сулҳу оштӣ ва пешрафту шукуфоӣ дар кишвар, саҳми халқи ватандӯсту сулҳпарвари тоҷик хеле бузург аст. Маҳз дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар буд, ки он рӯзҳои фоҷиабор паси сар шуданд ва ҷумҳурӣ ба як марҳалаи нави рушд ворид гардид. Бо таъкид ба хиради азалии сулҳофаринӣ ва заҳматдӯстии мардуми тоҷик, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирини ҷамъомад хитоб намуд: «Чӣ гуна мо ба ин халқу Ватан хизмат накунем?»
Зимни суханронии хеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардиданд. Нахустин қонун дар бораи авфи иштирокдорони муноқишаҳои мусаллаҳона, қонуну санадҳои дигар, ки барои баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани хонаҳои сӯхтаю валангори онҳо нигаронида шуда буданд, қабул гардиданд. Парчам ва Нишони нави Тоҷикистони соҳибистиқлол низ баъд аз 1 соли расидани кишвар ба истиқлоли давлатӣ, қабул карда шуданд.
Таъкид гардид, ки музаффариятҳои бист соли баъди иҷлосия ба осонӣ ба даст наомадаанд ва мо бояд ба қадри ин неъматҳо бирасем ва ҷавонони кишварро дар руҳияи хидмат ба халқу Ватан тарбият намоем.
Бо таъйид ва пуштибонӣ аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд тан аз собиқ вакилони даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олӣ, аз ҷумла, аз ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қозидавлат Қоимдодов, аз ноҳияи Фархор Ҷӯрахон Неъматов, аз ноҳияи Ҳисор Абдувоҳид Мирзоев, аз ноҳияи Исфара Гулафзо Савриддинова, аз шаҳри Душанбе Рафиқа Мӯсоева, аз ноҳияи Қубодиён Аҳлиддин Афғонов ва ҳамчунин муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода суханронӣ намуданд. Онҳо сари як андеша ҳамдилу ҳамназар буданд. Халқи тоҷик, дар симои вакилонаш дар иҷлосияи 16-ум дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ хато накарданд.
Бузургсолори вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Бердиев ба намояндагӣ аз ҳамаи иштирокдорони иҷлосияи таърихӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷома пӯшонда, ба ӯ барои матонату шуҷоат ва фидокорияш арзи сипос намуд.
Баъдан, Сарвари давлат ба маҷмааи чойхонаи миллӣ, ки дар шафати бинои Қасри Арбоб ба тозагӣ бунёд ёфта буд,ташриф овард. Ин маҷмаа аз иморати боҳашамати дуошёнае иборат аст, ки аз рӯйи меъмории анъанавии тоҷикон бо фаро гирифтани охирин дастовардҳои илмию меъмории муосир бунёд шудааст. Дар дохили чойхона толор барои баргузории ҷашну маъракаҳои бузург мавҷуд аст.
Бояд мутазаккир шуд, ки барои бунёди ин маҷмааи бузург аз буҷети вилоят 55 миллион сомонӣ маблағ масраф шудааст. ҳамчунин дар назар аст, дар паҳлуи он як меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ эъмор гардад. Қобили тазаккур аст, ки бинои Қасри Арбоб ва иншооти атрофи он, аз ҷумла фаввораҳои саҳни он ба таври куллӣ таъмиру тармим гардида, дар атрофи он беш аз 1200 адад ниҳолҳои сояафкан ва зиннатбахшу ороишӣ шинонида шуданд.
Пас аз анҷом ёфтани ҷамъомад бо ду бонуи шинохтаи кишвар роҷеъ ба аҳамияти таърихии иҷлосияи 16-ум ва нақши он дар сарнавишти баъдинаи тоҷикон ҳамсуҳбат шудем.
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ муовини раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Аминзода иброз дошт, ки соли 1992 ӯ ба ҳайси раҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии «Зебо»-и назди Кумитаи радио ва телевизион фаъолият дошт. Гирдиҳамоиҳои давомдор, даргириҳо, кушторҳои бераҳмона, беназмиҳо ва бесарвариҳо миллати тамаддунофар ва фарҳангии моро ба фоҷиаи бузург рӯ ба рӯ карда буд. Мардум, аз ҷумла, аҳли ҳунар мехост ҳарчӣ зудтар ба ин ҳама бесарусомониҳо хотима бахшида шавад. Баргузор шудани иҷлосияи навбатӣ ва дар он интихоб шудани вакили мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ фоли неке дар он даврон буд. Зеро вай бо як самимияти хос дар назди ҳозирин эълон дошт: «Ман ба шумо сулҳ меоварам».
– Мо ба самимияти ӯ бовар мекардем ва воқеан хато накардем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо сулҳ овард, – таъкид медорад Зебо Аминзода. – Иҷлосияи 16-ум маҳз ба он хотир таърихӣ буд, ки саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон боз кард. Маҳз дар ҳамин иҷлосия заминаҳои устуворе барои барқарории ҳукумати қонунӣ гузошта шуданд. Баробари ба сарварии давлат баргузида шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сохторҳои фалаҷшудаи шохаҳои ҳукумат дубора фаъол гардиданд. Муҳимтар аз ҳама, дар сарзамини тоҷикон даргириҳои бемаънӣ хотима ёфта, кишварро фазои сулҳу оромӣ фаро гирифт. Ҳоло кишвари мо рӯ ба тараққӣ ниҳодааст ва ҷиҳати ноил шудан ба комёбиҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ корҳои зиёде ба анҷом мерасанд.
Собиқ вакили мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова иброз медорад, ки дар солҳои барои миллат фоҷиабор моро сарваре лозим буд, ки ҳамагонро сарҷамъ намояд, ба даргириҳо хотима бахшад. Ҳама чашми умед ба ин иҷлосия дӯхта буданд. Шахсе барои миллат даркор буд, ки ҷасуру фидокор ва устувору матинирода бошад. Он замон вакилон чунин сифатҳои ҳамидаи инсониро дар симои вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон диданд. Ӯ Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шуд. Вакилони мардумӣ ҷавонмардеро сарвари хеш интихоб карданд, ки дар гуфтор ва рафтор басо самимӣ буд. Вай дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қавл дод, ки ба ин кишвар сулҳ меоварад, ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонад, волоияти қонунро дар кишвар таъмин месозад. Аз уҳдаи ваъдаи додаи хеш сарбаландонаю ҷавонмардона баромад. Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ ва ризояти комили миллӣ аз худ фидокорӣ ва ҷасорату матонат нишон дод, аз ҳеҷ гуна мушкилот наҳаросид ва ба мухолифони сиёсияш дасти дӯстию оштӣ дароз кард.
– Дар маҷмуъ ҳамаи ормонҳо ва ҳадафҳое, ки иҷлосияи 16-ум пеши худ ва таърих гузошта буд, амалӣ гардид, – таъкид медорад Гулафзо Савриддинова. – Имрӯз дар кишвар суботи комили сиёсӣ ҳукмфармо аст. Вақте мо дар иҷлосияи 16-ум менишастем, чунин як рӯзҳои пурсаодатро орзу мекардем ва шукри Худо, ба он орзую ниятҳоямон расидем, –ёдовар мешавад Гулафзо Савриддинова.
Воқеан, ин орзую омоли ҳама пиру барно буд ва пас аз гузашти 20 сол мардуми кишвар боз ҳам эътимоду эҳтиромаш ба Сарвари худ ва меҳру муҳаббаташ ба ин хоку диёр афзун шуд. Иҷлосия оғози оғозҳо ва ибтидои созандагию бунёдкориҳои тоза гардид…Он шоҳроҳеро барои миллату давлат боз кард, ки сол аз сол кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон сӯи ояндаи дурахшон устуворона қадам мениҳад
Тилав Расулзода