01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАЪРИХЕ АЗ НИГОҲИ ЗАНОН

          Ҳарчанд пурсарусадотарин ҳодисаи сиёсии асри 20 пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолият пайдо кардани ҷумҳуриҳои он буд, вале барои мо, тоҷикон, ин гардиши кулии ҳаётӣ ба ҷуз хунрезиву бародаркушӣ дар ибтидо чизе надод. Замони пуртаҳлукаву хатарҳои геополитикӣ, гуруснагиву қашшоқии мардум, пояҳои ларзону фурӯравии ҷумҳурии пешин, тарсу воҳимаи халқе, ки хушунату таҳқир ва хунрезиву даргириҳоро таърихан қабул надорад, дар ватани мо анархияеро ба дунбол оварданд, ки касе дар як муддати кӯтоҳ аз он раҳоиро итминон надошт.

            Вале мо роҳи наҷоту якпорчагиро дарёфтем. Хиради азалии тоҷикон, иқдомҳои раҳнамунсози тозасарварон ва қабули дурусти баъзе аз саркардагони гурӯҳҳои даргир ва хушбахтона, ба ҳам омадан ба хотири якпорчагии Тоҷикистон, самари неку меваи ширин ба бор оварданд.

            Ва инак, аз он иҷлосияи таърихӣ 20 сол сипарӣ гашт. Иҷлосияе, ки тоҷикони ду сангарро якдилу якмаром карда тавонист. Иҷлосияи сарнавиштсозе, ки муҳимтарин қарораш ин эътимод ба ақл буд. Муҳимтарин тасмимаш ба ҳам омадан буд ва сарнавиштсозтарин интихобаш бехатову тақдирсоз гашта миллати пошхӯрдаро боз пайваст.

            Оре, баъдан ҳам кам сарҳо ба бод нарафтанду кам шахсиятҳо қурбони ин роҳ нагаштанд, ки метавонистанд аз сутунҳои давлатдории мо бошанд. Вале ҷанг бе қурбонӣ ва гузариш ба сохти дигар бе сахтиҳо намешавад. Муҳимтар аз ҳама натиҷа буд. Натиҷаи ин саргардониҳову сахтиҳо ва ҷонфидоиҳои мардони асил буд, ки имрӯз мо аз он истифода менамоем.

            Дар ин маъракаи таърихии тақдирсоз занони барӯманди ҷумҳурӣ, сиёсатмадорбонувон низ саҳми арзишманде доштанд. Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо Гулафзо Савриддинова, Адолат Раҳмонова, Бозгул Додхудоева, Қиматгул Рустамова ва чандин занони шинохта муколамаву мусоҳибаҳо доир кардаву аз ин боб андешаҳои эшонро то имрӯз ба нашр расонда буд.

            Дар ин шумора андешаҳои як ишитрокчии бевоситаи ин воқеоти таърихӣ, вакиле, ки шахсан иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, гузашта аз ин, узви комиссияи таҳияи Сарқонуни нав – Мӯсоева Рафиқа Ғаниевнаро пешкаши хонандагон мегардонем. Имрӯз бо гузашти солҳо ин бону чун узви Шӯрои ҷамъиятӣ, бонуи шинохта ва сарвари Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза» ба ҷавонон аз воқеияти он солҳо чун як шоҳиди бевосита даҳҳо мулоқотҳои судманд доир кардаасту мехоҳад ба хонандагон низ аз он хотирот ёдовар шавад.

:.  Сиёсат 20.11.2012 11:24 2075

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz