Аз рӯзҳои аввали барқарор шудани сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари мамлакат барои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа тадбиру барномаҳои муассире андешид. Зани тоҷик акнун дар баробари мардон дар рушду нумуи давлати навистиқлоли хеш камари ҳиммат баст. Яке аз муҳимтарин ғамхории давлат нисбат ба бонувон ин таъсис додани квотаҳои президентӣ барои духтарони боистеъдод аз навоҳии кӯҳистон ва дурдасти кишвар буд. Тадқиқоту пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин гуна ба донишомӯзӣ ҷалб намудани духтарон аз деҳот, ҳатто дар солҳои шӯравӣ, ки онро айёми озодии зани тоҷик унвон медоданд, ба назар намерасид. Кушодани корхонаҳои хурду бузург дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҳисоби қарзҳои бидуни баҳра ба тиҷорат ҷалб намудани бонувон низ аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар нисбати занон ба ҳисоб меравад. Имрӯз бонувони фаъол дар тамоми соҳаҳо ҳамқадами мардон ба хизмати Ватан камар бастаанд ва сидқан кори худро иҷро мекунанд.
Акнун бонуи тоҷик дар роҳи саодат қадам мезанад, хушбахт аз он аст, ки ҷигарбандонаш дар фазои озоди ватан зиндагӣ карда, илм меомӯзанд, тараққӣ мекунанд, пеш мераванд. Оё барои модар беҳтарин неъмат ҳамин нест? Бузурге гуфтааст, ки ба даст овардани истиқлол осон асту нигаҳдории он мушкил. Мо бояд аз ин ҳикмат панд бигирем, ин атои худовандиро чун гавҳараки чашм муҳофиз бошем. Мутаассифона, байни мо нохалафоне низ ҳастанд, ки ҳама ин ободию созандагиро бо чашми кам мебинанд. Аз ин хотир ҳар ватандор, хоса модаронро лозим аст, ки дар ниҳоди фарзандон меҳру муҳаббат ба ин марзу буми аҷдодиро бедор намоянд. Занон оинаи чеҳранамои ҳар миллат ҳастанд. Мегӯянд, ки агар вазъи зиндагии халқеро муайян кардан хоҳӣ, ба бонувони он назар андоз. Дугонаҳои азиз, мо бояд бо пиндори нек, кирдори нек, гуфтори нек ҳамчун оинаи ибратомӯзи аҳду овони соҳибистиқлолии кишвар таҷаллӣ кунем.
Ҷавҳари Саидназар