Дар бораи нобовариҳои мардум нисбати роҳбарияти шаҳри Ваҳдат матлабҳои зиёде навишта шудаву баъдан, вақти дар сафари хидматӣ будани мо дар ин ҷо, одамон зиёд ҳам мегуфтанд. Бархе аз сокинон сароғози нобоварии худро ба муносибати номуносиби зердастони раиси шаҳр нисбати мардум рабт медиҳанд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст: Чаро дар ин марҳилае, ки фикру андешаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нисбати корбарии давлат муҳиму тақдирсоз менамояд, то ин ҳад сокинони як шаҳри аз лиҳози сиёсӣ «гарми» Тоҷикистон аз коргузории намояндаи Президент норозианд? Дар поёни матлаб мисолҳои фаровон аз норозигии мардум нисбати мақомот ва пеш аз ҳама раҳбарияти шаҳри Ваҳдат оварда хоҳад шуд, аммо ҳоло аз ҷузъиёти сафари хидматии нақшавии ҳайати маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба ин шаҳр хоҳем гуфт.
Мақомоте, ки дараш на танҳо барои мардум баста аст…
Як вижагии мақомдорони шаҳри Ваҳдат ин будааст, ки то расидан ба ҳузури раис ва ё ҳар масъуле, ки ақаллан дар бинои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр менишинад, бояд аз 2 посгоҳ гузашт. Ҳайати эҷодии ба сафари хидматӣ рафтаи маҷалла ҳам бо посбони поси аввал ним соат «баҳсу мунозира» кард, то ин ки ба ҳузури роҳбари дастгоҳи ин шаҳр шарафёб гардад. Муносибати принсипиалии милисаҳои даромадгоҳи бинои ҳокимияти маҳаллии шаҳри Ваҳдат далели баъзе гуфтаҳое буд, ки миёни мардум ва намояндаи Президент чӣ фарсахҳо фосила аст. Дар рӯзҳои сафари ҳайати эҷодии маҷалла (7 -8 июн) милисаҳо ҳатто корманди шӯъбаи фарҳангро, ки илтиҷо мекард: «Бояд сенарияи Рӯзи Ваҳдатро бо мақомот мувофиқа кунад», иҷозаи ба он ҷо ворид шудан надоданд. Ду бонуи ин шӯъбаро, ки санадҳо оид ба лоиҳаи китобхонаи навро ба мақомот оварда буданд, аз назди дарвоза худи милиса «ҷавоб» дод. Аҷабо, лоиҳаашонро ҳам онҳо тасдиқ карда бошанд?
Вақте Эркамоҳ Мирзоева, мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳр мехост аз мақомот пуштибонӣ кунад, аз ӯ пурсидем, ки оё худи вай метавонад ба назди дилхоҳ масъули мақомот бе мамониат ворид шавад? Мирзоева ҷавоби аҷибе гуфт: «Албатта, ман иҷозатномаи махсус дорам». Дар ҳоле, ки мудири шӯъбаи фарҳанг бо иҷозатномаи махсус вориди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шавад, пас сокинон ба раиси шаҳр ва дигар масъулин чӣ гуна дастрасӣ доранд?
Роҳбари дастгоҳ Маҳмадӣ Неъмонов иброз медорад, ки аз ҳисоби 17 ҳазор эҳтиёҷманд, ки барои дарёфти қитъаи замини сохтмони манзил навбат мепоянд, ҳамарӯза аз 100 то 170 нафар ба мақомот муроҷиат менамояд. Ба гуфти ин масъул омаду рафти пайвастаи шаҳрвандон ба кори ҳукуматдорон халал мерасонад. Аз ин рӯ, мақомот водор шуд, дидбонгоҳро «мустаҳкам» намояд. Аҷаб роҳи ҳал!!! Кори мақомот ғайр аз бо мардум кор кардан, боз чӣ бошад?
Шояд ин ҳама мардумгурезиҳои ҳукуматдорони шаҳри Ваҳдат ба идораҳои болоии ҳокимияти давлатӣ расида бошад, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ваҳдат ба Анвари Вайсиддин хитоб кард: «Ман Шуморо намояндаи худ дар маҳал барои он таъйин намудаам, ки мушкили мардумро ҳаллу фасл намоед. На барои қонуншиканию сӯистифода аз мансаб. Ман имкони қабули 8 –миллион аҳолиро дар ҳуҷраи кориам надорам. Агар арзи мардумро сари вақт иҷро намоед, фасод низ аз байн меравад». Дар ин мулоқот ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокурори генералии Тоҷикистон таъкид намуд, ки қонунҳо, қарору супоришҳо (вобаста ба қабули шаҳрвандон)-ро таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд. Кадом роҳбари вилоят ва шаҳру ноҳияҳое, ки онҳоро иҷро намекунад, аз вазифа озод хоҳад шуд. Мо махсус нашри ин матлабро як моҳ ба таваққуф гузоштем, то бори дигар бубинем, ки баъди сафари Президент ба шаҳри Ваҳдат ва таъкидҳои Роҳбари давлат нисбати камбудиҳои эшон, ин эродҳо ислоҳ шудаанд, ё хайр? Гарчанде баъди ташрифи Президент ба Ваҳдат монеаҳои даромадгоҳи аввали мақомоти ин шаҳр бартараф шуда бошад ҳам, аммо то кунун раиси шаҳр барои мардум дастнорас аст. Ҳатто маротибаи сеюми сафари мо бобати сӯҳбати рӯ ба рӯ бо шаҳрдорӣ натиҷае набахшид. Зимни се сафари корӣ мо мушоҳида кардем, ки раиси шаҳри Ваҳдат одамони «калон»-ро қабул мекунаду қабули дигаронро ба муовинонаш «бовар» кардааст. Бошад, ки муовинон ҳоҷати мардумро бароварда карда тавонанд. Вагарна боз…
Аз сӯҳбат бо Фотима Табарова, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, маълум гардид, ки масъулини ин бахш бо сокинон вохӯриҳои зиёд доир менамоянд, аммо омӯзиши афкори умумро дуруст ба роҳ намондаанд. Дар ҳоле, ки муовин оид ба маънавиёт шаҳрдориро аз номи мардум таъриф мекард, шояд намедонист, ки даҳҳо нафар сокинони аз ҷониби мо пурсидашудаи шаҳри Ваҳдат нисбати раиси шаҳр ва муовинонаш чӣ андеша доранд? Иддае аз пурсидашудагон ҳаллу фасл нашудани мушкилоташонро аз дастнорас будани раиси шаҳр дониста, иллати бемасъулиятии масъулини сатҳи маҳалла ва Ҷамоати деҳоту дигар мансабдоронро дар шахси Анвари Вайсиддин мебинанд. Зеро ба гуфти бонувони кордони Ваҳдат чӣ гунае, ки шаҳрдор бо мардум муносибат дошта бошад, зердастонаш аз ӯ ибрат мегиранд.
Пушти дарҳои баста чист?
Тавре ишора рафт, сабабҳои ноқаноатмандии сокинон аз мақомот гуногун аст. Вале ба таври мушаххас бархе аз сокинон ба ин омилҳо ишора мекунанд: «Киҳо ва дар кадом асос ҳудудҳои боғи маданию фароғатии маркази ноҳияро аз худ мекунанд?».
Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба унвони Президенти кишвар сол ба сол меафзояд. Вобаста ба ин таъкид месозам, ки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳар як хизматчии давлатӣ бояд муносибати худро ба ин масъала куллан тағйир диҳанд ва барои такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
20 апрели соли 2012)
Ин далелу арқом ҳам эроди мардумӣ аст, ки заминҳои ҳудуди боғи марказии ноҳия, қитъаи замини наздиҳавлигии мактаби мусиқӣ, заминҳои атрофи биноҳои баландошёна, ки замоне мавзеи сайругашт ва фароғати мардум буд, ҳамакнун бо иҷозаи мақомот ба марказҳои савдову дигар ҳадафҳои шахсӣ истифода мешаванд. Мутаассифона, бештари мусоҳибони мо аз тарси мансабдорони маҳаллӣ аз ифшои номашон худдорӣ менамоянд. Ҳатто Бибигул Қодирова, ки ба гуфти ӯ фарзанди беморашро гӯё ба ҷойи як сокини дигар «облава» карда, ба хизмати ҳарбӣ фиристодаанд, тарс аз он дошт, ки мабодо ошкорбаёниаш хатаре ба сараш биёрад.
– Шавҳарам, ки мисли ман собиқадори соҳаи коммуналӣ буд, ҳангоми тоза кардани дарахтони шаҳр аз баландии 13 метр афтода, ба ҳалокат расид. Ба ҷойи он ки барои зану фарзандони бепарастор мондаи оилаи мо «ҷубронпулӣ» диҳанд, боз писари беморамро «облава» карда, ба ҷойи фарзанди як доранда ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Сокинони маҳалла «облава» ва зӯроварии масъулини ин «амалиёт» - ро дар телефонҳо сабт кардаанд, аммо дар ин шаҳр чашми ҳақбину гӯши фарёдшунав нест, ки бо истифода аз чунин далелҳои воқеӣ поймолкунандагони ҳуқуқҳои инсонро танбеҳ диҳад, – мегӯяд ӯ.
Адвокат Хол Қурбонов иброз медорад, ки вақте баҳси 28 нафар соҳибкор бо мақомот ба миён омад, барои бардоштани мағозаҳои соҳибкорон мақомоти шаҳр аз ҳисоби 6 метр паҳнои заминҳои ҳудуди боғи марказӣ ба онҳо ҷойи мағозаҳои навро пешниҳод намуд:
– Мо оид ба ин пешниҳоди мақомот аз Вазорати фарҳанг машварат пурсидем. Дар вазорати мазкур иддао карданд, ки заминҳои дар тобеияти муассисаҳои фарҳангӣ бударо ҳич кас ҳаққи ба дигар ҳадафҳо истифода кардан надорад. Ҳамин тавр, соҳибкорон аз тарси ғайриқонунӣ будан, ин пешниҳоди мақомотро қабул накарданд ва бе мағозаву дӯкони тиҷоратӣ монданд. Аммо имрӯз дар ин қитъаи замине, ки замоне ба боғи фарҳангӣ шомил буд, мағозаву марказҳои тиҷоратӣ сохта истодаанд. Агар адолат бошад, чаро Прокуратураи генералӣ манзилҳои ғайриқонунӣ сохтаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро бо булдозер вайрон карда, ин манзараро тавассути телевизион намоиш доду «ғасби заминҳо» дар шаҳри Ваҳдатро сарфи назар кард? –суол мегузоранд ҳамсӯҳбатҳои мо.
Наим Ҳасанов, муовини прокурори шаҳри Ваҳдат, иброз медорад, ки мақомоти мазкур дар самти ошкору бартарафсозии қонунвайронкунии замин кори зиёд кардааст. Аммо то куҷо оғози корҳои сохтмонӣ дар заминҳои ҳудуди боғи марказӣ қонунӣ аст, чизе гуфта наметавонад. Зеро дар ин бора то кунун шикояте ба прокуратура ворид нашудааст. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки «статус»-и боғи марказиро маълум намоем, баъд метавонем оиди истифодаи марзҳои боғ санҷишҳо гузаронем». Аммо суоле пеш меояд, ки чаро то ҳол масъулинро масъалаи «статус»-и боғ ва ё ҳудудҳои он ба ташвиш наовардааст, дар ҳоле ки мардум нигаронанд. Ба гуфти онҳо ин боғ беш аз 40 сол аст, ки арзи вуҷуд дорад. Ва умуман чаро барои қонуншиканиҳои дидаву дониста «касе» бояд ариза нависад? Магар худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чашму гӯши давлат нестанд? –суол мегузоранд ҳамсӯҳбатони мо, ки аз ин азнавтақсимкуниҳо зарар дидаанд.
Раҷабалӣ Ганҷалов, сармутахассиси кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат, гилагузорӣ аз он дошт, ки мо, рӯзноманигорон, «профессионал» нестем ва як чизи оддиро намефаҳмем, ки замин моликияти истисноии давлат асту ҳукумат онро ба кадом мақсад хоҳад, қонунӣ карда истифода мебарад. Вақте иҷозати сохтмон дода шуд, ин маънои онро дорад, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо таҳия гардида, дигар сухани зиёдатӣ гуфтан зарурат надорад. Вақте ин ё он мавзеъ дар нақшаи генералӣ ҷо гирифт, фарқ намекунад, боғи марказӣ аст он ё манзили истиқоматӣ, – мегӯяд Раҷабалӣ Ганҷалов.
Моликияти истисноии давлат будани заминро бачаҳои мактабхон ҳам медонанд, вале аз мутахассис пурсидани журналист танҳо ба хотири овардани андешаи масъулон аст. Ҳамсуҳбати мо шояд ҳақ ҳам бошад, вале чаро инро ба мардум намефаҳмонад?
Эраҷ Зоиров, сармеъмори шаҳри Ваҳдат, низ иброз медорад, ки корҳои сохтмонӣ дар як гӯшаи боғ тибқи Нақшаи генералии шаҳр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Пеш аз он ки корҳои сохтмонӣ дар мавзеи мазкур оғоз шаванд, аз ҷониби Агентии сохтмон дар мувофиқа бо тамоми вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута қарору санадҳои лозима бароварда мешаванд. Аммо аз раёсати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, ки баҳсҳои доманадори боғи марказии шаҳри Ваҳдат аллакай паси сар шудаанд. Вале дар он шабу рӯз боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Ваҳдат ягон ҳуҷҷати расмие надошт, ки дар он марзаш муайян шуда бошад. Мақомоти марбутаи шаҳри Ваҳдат ҳудуди маъмурии боғи фарҳангиро 3 гектар муайян намуда, атрофи онро панҷара гирифтаанд. Ба кадом мақсад истифода бурани заминҳои аз панҷара берун дигар дар салоҳияти шаҳрдории Ваҳдат аст.
Соҳиб Суяров, cармуҳандиси Институти «Шаҳрофар», мегӯяд: «Баъди ҳар 25 сол зарурати аз нав таҳия намудани лоиҳаи генералии шаҳру ноҳияҳо пайдо мешавад. Вақте ки пажӯҳишгоҳ лоиҳаи генералии шаҳри Ваҳдатро таҳия мекунад, нахуст онро аз шӯрои меъморон гузаронида, бо тамоми мақомот мувофиқа намуда, сипас барои баровардани қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристанд. Пас оё имконе набуд, ки шаҳрдорӣ ин ҳама иқдомҳои қонунии хешро ба мардум бифаҳмонад, то норозигӣ камтар гаштаву ҳақ ба ҳақдор бирасад? Зеро пушти дарҳои баста чист, мардум намедонаду ба шӯр меояд.
«Таҷрибаи судӣ»- и бесобиқаи раис
Бармегардем ба мавзӯи норизоӣ ва баҳсҳои судӣ миёни раиси шаҳри Ваҳдату 28 нафар соҳибкор. Меҳрӣ Саидова, соҳибкори шаҳри Ваҳдат, нақл мекунад, ки дар моҷарои мағозаҳои мавриди баҳси мазкури соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ шавҳарам аз фишори хун ва ғаму андӯҳи аз даст додани мағоза ва хатари муфлисшавӣ ба бемории дил мубтало шуда, билохир қалбаш аз тапидан бозмонд:
– Мо инро аз қисмат дидем. Аммо вақте мақомоти давлатӣ дар баҳсҳои судӣ «зӯр» омад, раиси шаҳр - Анвари Вайсиддин, як ҷониби баҳс - сокинони шаҳри худро, ки оид ба ноадолатиҳои мақомот, дар матбуоти даврӣ матлабу номаҳои шикоятӣ нашр карда буданд, ба суд дода, аз мо 500 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ талаб намуд. Далели Анвари Вайсиддин барои ин даъво ин будааст, ки гӯё бар асари таъсир ба шахсияташ аз баҳсу мунозираҳои матбуотӣ, гирифтори бемории қанд шудааст. Акнун ҳуқуқҳои мани шавҳаргумкардаро бо ҳуқуқҳои раис, ки гӯиё гирифтори бемории қанд шудааст, қиёс намоед ва хулоса бароред, ки агар адолат бошад, мо бояд ба раиси шаҳр товони маънавӣ бидиҳем ё баръакс? – меафзояд Меҳрӣ Саидова.
Абӯбакр Гулов, соҳибкори маҳаллӣ, мегӯяд, ки барои мо ҳайратовар буд, ки раиси шаҳри Ваҳдат ба ҳайси шаҳрванди гӯё таҳқиршуда, соҳибкоронро ба суд дод. Аммо дар ду рӯзи мурофиа аз ҷониби даъвогар роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон, сармеъмор ва ҳуқуқшинос ширкат доштанд. Дар рафти мурофиа мо ба намояндагони даъвогар эрод гирифтем, ки чаро масъулин дар соати корӣ вазифаҳои давлатии худро канор монда, барои ҳимоя ва шоҳидии як шаҳрванд (раис) дар зали суд нишастаанд. Ин амали онҳо обрӯйи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҷомеа коста намегардонад?
Аммо ваколатдори раиси шаҳри Ваҳдат дар мурофиа, Ислом Ниёзӣ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат, мегӯяд: «Шаҳрдор хело ҳам инсондӯст аст, ки баъдан аз даъвои ситонидани зарари маънавӣ аз шаҳрвандон даст кашид. Анвари Вайсиддин гуфт, ки ман раиси шаҳрам ва чӣ хел шаҳрвандони худамро товон мекунам».
Воқеан дилхоҳ сиёсатмадори дурандеш чунин рафтор мекунад, аммо афсӯс, ки вақте Анвари Вайсиддин инро дарк кард, ба андешаи мардум аллакай каме дер шуда буд.
Дар интизори «масъули багурда»
Ба назари адвокат Хол Қурбонов, иллати ин ҳама беадолатиҳо дар он аст, ки назорат аз болои фаъолияти мақомоти маҳаллӣ суст ба роҳ монда шудааст. Ӯ боварии комил дорад, ки ин ҳама қонуншиканиҳое, ки дар Ваҳдат мушоҳида мешаванд, беҷавоб намемонанд. Бахусус, дар масъалаи тақсимоти замин ва ё ҷудо кардани қитъаҳои замин дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат. Ба гуфтаи Хол Қубонов «Бояд як масъули содиқи Ҳукумати Тоҷикистон ҷасорат намуда, дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷҷатҳоро бардошта, ошкор созад, ки ин ё он замин нахуст дар номи кӣ буду имрӯз дар номи кист?»
Меҳрӣ Саидова иброз медорад, ки ҳарчанд аз тариқи расонаҳо оид ба ободонию азнавсозии мавзеъҳои фарҳангӣ - истироҳатии кӯдакона таъкиду супоришҳо мешавад, аммо баръакс дар ҷойи майдончаи кӯдаконаи назди бинои кӯчаи Фирдавсӣ-64, воқеъ дар рӯ ба рӯи мақомоти шаҳр сохтмони бинои тиҷоратие давом дорад.
Хулоса, мардуми шаҳри Ваҳдат арзи бисёре доранд, аммо мунтазири як масъули «багурдае» ҳастанд, ки ҳарфи онҳоро бишнаваду ҳуҷҷатҳои ноҳияро ба қавле «тагурӯ» кунад. Зеро ба идораи мақомоти ин шаҳр на ҳар кас метавонад ворид шавад. Наход дар мақомоти шаҳр масъалаи «Худам шоҳу табъам вазир» -ро то ҳанӯз воқеияти асри 21 донанд?
ҷ. Сайфиддинов,