Чаро дар Бадахшон гурӯҳҳои манфиатхоҳ доим аз занону кӯдакон ба сифати нерӯи пешбар сӯистифода мекунанд?
Албатта, ҳаводисе, ки дар шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифтанд, таҳлилу баррасии ҷиддиро талаб мекунанд. Бовуҷуд, таҳлилгарони зиёди дохиливу хориҷӣ дар бораи сабабҳои аслии сар задани ин ҳодисаҳо ба сарчашмаҳои хориҷӣ таъқиди бештар доранд. Бо ин ҳама, набояд мо танҳо ин авомилро ба назар бигирему аз сабабҳои дохилӣ ва ё заминаҳое, ки дар авҷгирии ин фоҷиа нақш бозиданд, чашм бипӯшем.
Бардошти аввалине, ки дар ин замина мешаваду бояд рӯяш таъкиди бештар намуд, ин аст, ки ахиран аз қисмати Бадахшони Тоҷикистон низ тир аз камон берун ҷаҳид ва куштаҳо дар пай гузошт. Дуруст аст, ки замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам дар Бадахшон садои тир баланд шуда, ҷони одамон аз даст рафта буд. Аммо ин ҳам ҳақиқат аст, ки осори воқеии ҷанги нангини шаҳрвандӣ ба ин минтақа раҳ наёфт. Тавре коршиносон баъдан дар таҳлили ҳодисаҳои ахир гуфтанд, 120 соли ахир, яъне пас аз ҳузури русҳо ва ҳал кардани масоил бо Хитою Афғонистон дар нимаҳои асри 19, ин минтақа ҷангро надида буд. Бешак, мо ҳам гуфта наметавонем, он чи ки дар Хоруғ гузашт, ҷанг буд. Балки сухан аз бедодгариҳои як гурӯҳи хурди қумандонҳои собиқ мерафт, ки новобаста аз афвҳои паёпай ҳаёти мулкиро қабул намекарданду ахиран мақомоти интизомиву амниятӣ барои барқарор кардани қонуният, хоса, пас аз ноҷавонмардона кушта шудани сардори Раёсати амнияти ВМКБ, генерал Абдулло Назаров, амалиёти вижаро роҳандозӣ карданд. Ин дар ҷомеаҳои мутаммадин ва қонунписанд меъёри дуруст аст. Вале масъалаи фикрзое, ки аз ҳодисаҳои августии ахир ва пеш аз ин, дар тобистони соли 2008 ба вуҷуд омад, ин аст, ки ҳам он замон ва августи соли равон ҳам нерӯҳои қонуннописанд тавонистанд занону модаронро ба бозӣ бикашанд. Ҳамин буд, ки аз рӯзҳои аввали оғози амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ ин гурӯҳҳо тавонистанд теъдоди начандон бузурги мардум, ба вижа бонувонро ба майдон бароранду «талаби ҳақиқат» намоянд. Ҳол он ки ҳамагон медонистанд ва баъди таслим шудани он чанд нафари ба истиллоҳ қумандон онҳо низ иқрор шуданд, ки кушта шудани генерал Назаров фоҷиаи нангинесту бояд қотилон муҷозот шаванд.
Худоро шукр, ахиран бо дермонӣ ҳам бошад, ақли солим ғалаба карду гумонбаршудагони ин ҷиноят ҳоло таҳти ба саволу ҷавоби мақомот қарор дорад. Вале саволи дигар ва асосӣ ҳамоно кушода боқӣ мемонад: оё то куҷо гуфтан мумкин аст, ки ба сифати «сипари зинда» сӯистифода кардани занону модарон аз ин пас ба кор намеравад? Зеро модарони бадахшонӣ ҳам бисёр хуб медонанд, ки фарзанд барои ҳама азиз аст. Барои модару пайвандони генерал Назаров низу барои волидони аскарону кормандони сохторҳои қудратӣ ҳам. Дар миёни кормандони ин ниҳодҳо бошад, аз ҷумла, зодагони модарони бадахшӣ кам нестанд. Бештар аз ин, ахиран бояд ҳама дарк кунанд, ки қонун барои ҳама ягона аст ва Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, амали қонун ба ҳама нигаронида шудааст.
Хушбахтона, дар он рӯзҳои бӯҳронӣ на ҳамаи модарон ба доми гурӯҳҳои қонуннописанд афтоданд. Аз ҷумла, дар ҳайати гурӯҳи 20-нафараи таҳлили вазъ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта буд, шумораи занону модарон кам набуданд. Масалан, Бибиноз Мирзоева дар ин гурӯҳ хеле фаъол буду барои ҳалли низоъ кӯмаки худро дареғ надошт.
Хишолбегим Нурмамадова, ки ба духтари соҳибкораш кӯмак мерасонад, дар қатори аввалинҳо ба бозор баромад. Ӯ мегӯяд, на ба хотири пайдо кардани даромади муфт, балки мехост бо ин амалаш мардумро бо оромии вазъ дилпур созад ва ба зиндагии осоиштаву созанда талқин намояд. «Зеро дар ҳама ҷо авзои шаҳру мамлакатро маҳз аз низому рӯҳияи бозор баҳогузорӣ мекунанд» мегӯяд ӯ.
Натиҷа ҳамин шуд, ки дар муддати кӯтоҳ вазъи бозоргонӣ дар минтақа ба эътидол омад. Танҳо дар давоми рӯзҳои 24 июл – 10 август ба хабари идораи гумруки вилоят аз тариқи роҳи Чин – Бадахшон ба кишвари мо ба миқдори 3 миллион доллар маҳсулот ворид гардид.
Сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ба Бадахшону мулоқоти онҳо бо мардум ва ширкати эшон дар маъракаи тақсимнамоии кӯмакҳои расида аз марказ, дар роҳи истиқрори оромиш нақши мусбат бозид.
Ҳамчунин фаъолияти созмонҳои иҷтимоии вилоят, ки дар байнашон ташкилотҳои занона кам нестанд, дар қатори ашхоси барӯманд ва солхӯрдаи Бадахшон ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медоданд. Онҳо собит намуданд, ки принсипи ҳамкории иҷтимоӣ дар чунин вазъият хеле асаргузор аст. Барои ин қавитар сохтани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле манфиатовар мебошад.
Хулоса, дарсу таҷрибаи аслии ҳаводиси рухдода барои бонувону занҳо бояд ин бошад, ки барои бозидани нақши сипари зиндаву воқеӣ имконот басандагӣ мекунад. Танҳо ин нерӯро мебояд дар корҳои созандаву ватандӯстона масраф намуд. Ба ҳар сурат, зан нерӯи сӯзанда не, созандаву офаранда аст.
Ин рисолат дар ягон давру замон иваз намешавад!
«Бонувони Тоҷикистон»