.
Ба назар чунин мерасад, ки баъзе аз мансабдорон аз нишастҳои матбуотӣ хаста шудаанд. Агар дар аввал онҳо кӯшиши хуб гузаронидани чунин чорабиниҳои муҳимро мекарданд, ҳоло як нав бепарвоие зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби масъулин эҳсос мешавад. Гӯё баъзеҳо танҳо ба хотири анҷом додани «масъулият» нишаст доир менамоянд.
Саволҳои «ноҷо»-и журналистон, қайдҳои махсуси мансабдорон
Вақте бори нахуст тасмими гузаронидани нишастҳои матбуотӣ (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2009, № АГ- 1677) ба тасвиб расид, ҷомеаи журналистӣ аз ин иқдом хеле хуб истиқбол кард. Ҳавасманди гирифтани иттилоъ аз шахси аввал буд, ки рӯзноманигорон бо саволҳои зиёду посухталаб ба нишаст ҳозир мешуданд.
То ҳадде «ҳисобот додан» дар пеши журналистон барои баъзе аз роҳбарон «нофорам» буд, ки бар ивази ҷавоб ба саволҳои «ноҷо» сари қаҳру ғазаб сурху сафед шуда, исми саволдиҳанда ва ҷои фаъолияташро пурсида, дар дафтарҳояшон сабт мекарданд(?!). Таҳаммулпазириро, ки аз сифатҳои асосии роҳбар дониста мешавад, мақомдорон камтар риоя менамуданд. Як суол аз ҷониби чанд журналист батакрор садо додаву бо сабаби «писанд» набуданаш ба мансабдор ҳамоно бе ҷавоб мемонд.
Журналистон наомаданд
Шурӯъ аз 9-уми июл то 26-уми июли ҳамин сол нишастҳои матбуотӣ барои ҷамъбасти нимсолаи аввал баргузор гардиданд.
Иштироки журналистон дар муқоиса бо дафъаҳои қаблӣ хеле камтар ба назар мерасид. Ҳатто чанде аз мақомдорон ба тобеонашон суол карданд, ки: «Барои чӣ журналистон кам омадаанд? Хабар карда будед? Чаро 4 нафар?» (М.Илолов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон), «Ҳамеша чунин аст? Дар телевизион иштироки журналистонро дар нишастҳо зиёдтар нишон медоданд, аммо имрӯз кам…» (Х.Абдураҳимов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ), «Гумон карда будам, ки журналистон зиёд меоянду ба суолҳояшон фурсати посухгӯӣ намешавад, вале…» (Ш.Салимзода, прокурори генералӣ).
Сабаб чист?
Иштироки ғайрифаъоли журналистонро дар нишастҳои матбуотӣ ҳамкасбони ман бо чанд омил вобаста медонанд:
– Ман се фарзияро метавонам ин ҷо биёрам, ки сабабгори таваҷҷӯҳи камтари журналистон ба нишастҳо буда метавонад, –мегӯяд яке аз иштирокчиёни фаъоли нишастҳои матбуотӣ Абдулазизи Восеъ, хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон». Якум: айёми тобистон вақти таътилу истироҳат аст, шояд қисме аз журналистон дар рухсатӣ бошанд, дуюм: гармои тоқатфарсо журналистонро каме танбал кардааст, сеюм: журналистон дигар аз нишастҳои қолабиву орӣ аз иттилои лозима хаста шудаанд.
Ҳисоботи қолабӣ ва «забондонӣ»-и мансабдорон
Зимни нишаст, қисми зиёде аз вазирону раисон вақти ҷудогардидаро бо хондани ҳисоботи қолабии хастакунанда мегузаронанд. Дар сурате, ки он ҳисобот дар шакли варақаи иттилоотӣ ба журналистон баробари ворид шудан ба маҷлисгоҳ дода мешавад.
Дар баробари ин иддае аз роҳбарон он қадар печидаву муғлақ ҳарф мезананд, ки на танҳо журналистон, ҳатто кормандонашон ҳам намефаҳманд, ки онҳо чӣ мегӯянд. Аввал бо забони тоҷикӣ, баъд ба русӣ ва ҳамин тавр то охири нишаст тоҷикиву русиро ҳамчунон омезиш медиҳанд, ки маълум мегардад: на тоҷикӣ хуб баладанду на русиро олӣ медонанд.
Қосим Қосимов ба нишасти матбуотӣ намеояд
Яке аз махсусиятҳои нишасти матбуотӣ ин аст, ки иштироки роҳбари аввал (ба истиснои дар сафари корӣ будан ё дар маҷлису ҷаласаҳои ҳукуматӣ қарор доштан) ҳатмист. Журналистон ҳам ба хотири аз наздик дидан ва гирифтани иттилоъ бевосита аз худи мансабдори зинаи болоӣ ба нишаст меоянд. Дар дигар ҳолатҳо онҳо ҳамеша имкони сӯҳбат оростанро бо муовинони вазирону раисон доранд. Аммо Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Гурез Зарипов, сардори Хадамоти гумрук, Амонуллои Ҳукуматулло, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» солҳои охир дар нишастҳои матбуотӣ бо журналистон шахсан иштирок намекунанд. Масъулияти гузаронидани нишастҳои матбуотии ниҳоди зери назари эшонро муовинонашон бар зимма мегиранд.
Ниҳодҳои мавриди назари журналистон
Новобаста аз серкорӣ Нуриддин Саидов, вазири маориф, Шерхон Салимзода, прокурори генералӣ, Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ, Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохила, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ва Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша соатеро барои мулоқот бо журналистон пайдо мекунанд.
Журналистон ба баъзе аз нишастҳо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир месозанд. Масалан, ҳамеша нишастҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохила, Вазорати корҳои хориҷа, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, Бонки миллӣ, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф бо ширкати журналистони зиёд мегузаранд.
Сарлавҳаҳои воҳиманоку бемаънӣ
– Журналистон асосан ба ҷойҳое мераванд, ки манбаи иттилои бештаре ҳастанд ва сарчашмаи хабарҳои ҷолиб буда метавонанд. Масалан, ниҳодҳои қудратӣ барои баъзе аз расонаҳо воқеан манбаи иттилои арзишманде ҳастанд. Бо истифода аз хабарҳои ин мақомот журналистон метавонанд матлаби ҳангомадоре барои саҳифаи аввали ҳафтаномаҳояшон омода намоянд, – мегӯяд Шариф Мисайидзод, корманди Радиои Тоҷикистон.
Воқеан ҳам борҳо шоҳиди он гаштаем, ки аз баъзе хабарҳои хеле кӯтоҳ баъдан дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳо матлаби калони дусаҳифа ё ба қавле «разворот» омода месозанд. Он қадар зери сарлавҳаи воҳиманок мавзӯи дуюмдараҷаву сеюмдараҷа обу ранг мегирад, ки хонанда бо харҷи вақт (!) ва маблағ (!) онро мутолиа карда, чизе намефаҳмад.
Беадабии журналистони телевизион
Як мавзӯи дигари муҳим, ки бо одоби журналистӣ рабт мегирад, иштироки журналистони телевизион дар нишастҳост. Онҳо меоянд, гӯё ба навор мегиранду ҳатто роҳбар ба қисмати асосии нишаст нагузашта, як-як аз толор баромада мераванд. Дар натиҷа, як хабари «буду гузашт» бо нишон додани 5-10 сония кадри такрор ба такрор пахш мегардад. На аз забони мансабдор сухане, на берун аз қолабӣ «протоколӣ» ҳарфе. Офарин!
Нишастҳои маҷбурӣ
– Баъзе аз нишастҳо барои журналистон шавқовар нестанд ва ба онҳо намераванд. Дар ин маврид ВАО аз донишҷӯёну таҷрибаомӯзон истифода мебарад. Аз ин гуна нишастҳо дар бисёр ҳолат ҳатто хабар ҳам пахш намешавад, - мегӯяд Шариф Мисайидзод.
Масалан, дар нишасти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳадде Мамадшо Илолов беҳавсала сухан кард, ки ба ғайр аз иттилое дар масъалаи вобаста ба сохтмони Роғун дигар хабаре ҳам омода нашуд.
Варақаҳои иттилоотии шубҳанок
Ҳар дафъа (6 моҳ пас) дар варақаҳои иттилоотии вазорату идораҳо муқоисаи фактҳо дида мешавад. Ҷолибаш ин аст, ки қариб дар аксар ҳолат омодакунандагони ахбор мекӯшанд дар давраи ҳисоботӣ фоизҳоро аз давраи гузашта зиёду кам (вобаста ба самти фаъолият) нишон диҳанд. Масалан, «нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулот зиёд истеҳсол шудааст, варзишгарон пешсафанд, сатҳи таваррум паст, молҳои содиротӣ зиёд, ҷиноят кам, барқ зиёд истеҳсол шудааст, шумори доктору профессорон афзоиш ёфтааст, табибон беш аз пеш масъулиятшиносу беморхонаву мактабҳо сохта шудаанд…».
Аҷиб ки бо ин ҳама «зиёдшавиҳо» мушкили мардум кам намешавад. Чаро? Кадоме аз мансабдорон ба суоли охирини ҷамъбасти нимсола посух мегуфта бошанд?
Гулноза БОБОМУРОДОВА