Вақте шумораи навбатии маҷалларо хондед, шояд як нуктаи бисёр аҷибро эҳсос намудед, ки аксарияти матолиби ин шумора ба маҳал ва мушкилоти он бахшида шуда буд. Албатта, дар шумораҳои пешин ҳам мушкилоти шаҳру навоҳии манотиқи дурдаст, аз мадди назар дур намемонд. Вале ин дафъа, ба назари мо, чунин намуд, ки масъалаҳои аслии ҷомеаамон маҳз дар музофот ҷамъ шудаанд. Шояд хонандаи ҳушманд хулоса кунад, ки дигар хел шуданаш имкон надорад, чун беш аз 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар рустоҳо ба сар мебаранд. Аз ҷониби дигар, ин танҳо вижагии кишвари мо нест, ки мушкилоти аслӣ дар деҳот пайдо мешаванд. Ҳатто дар Русия барин кишвари абарқудрат мақомоти марказӣ маҳз аз музофоти дурдасти худ ва мушкилоти доштаи онҳо ҳамеша хавотиранд. Зеро борҳо аз ин ҳолат олигархҳои губернаторшуда ё сиёсатмадорони фурсатталаб истифода ва сӯиистифода низ кардаанд.
Маълум аст, ки Русия аз нигоҳи сохти давлатдорӣ федеративист. Аммо Тоҷикистон мамлакати воҳид (унитарӣ) буда, ҳамаи сохторҳо ба Ҳукумат тобеанд. Вале чӣ ҷои пинҳон кардан, ки дар аксар ҳолатҳо маҳз мақомоти маҳаллӣ мушкилоти мардуми шаҳру навоҳии худро сарфи назар менамоянд ва одамон маҷбур мешаванд ба Президенти Тоҷикистон ё Дастгоҳи иҷроия шикоят баранд. Ҳадди ақал муроҷиати худро тариқи матбуоти даврӣ ба мақомот расониданӣ мешаванд. Президенти Тоҷикистон дар ин бора чандин маротиба дар ҷаласаҳо масъалагузорӣ намуд ва аз раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо тақозо кард, ки бо мардум бештар дар тамос бошанду ба ҳарфи онҳо гӯш бидиҳанд. Дастур ҳам дода шуд, ки ҳар рӯзи шанбе бо мардум мулоқот таъин кунанд. Мутаассифона, ин чора ҳам шумораи арзу шикоятро коҳиш надод. Ҳоло ҳам аксари мушкилоти мардум дар ин вохӯриҳо ҳалли худро намеёбанд ва шаҳрвандон боз ҳам рӯ меоранд ба расонаҳои хабарӣ. Ҳатто вакилони парлумон низ, ки баромада аз миёни халқ ва интихобкардаи мардуми маҳалҳои гуногунанд, ин масъаларо гӯё ҷиддӣ намегиранд. Далели ин ҳолат ҳамоно теъдоди ками муроҷиати мардум ба шохаи қонунгузор дар нисбат ба Дастгоҳи иҷроияи Президент аст. Ҳамин ҳоло, вақте ин сатрҳо навишта мешаваду шумораи навбатии мо ба нашр мерасад, вакилони Маҷлиси намояндагон ба таътил баромадаанд ва як қисмати муҳими ин таътил мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон аст. Шояд ин дафъа вакилон дар кӯлвори худ чизе меоранд, ки шумораи муроҷиатҳоро камтар гардонад?
Бояд ба назар гирифт, ки муроҷиат ба ин ё он нафар ё ниҳод маънии салоҳияту итминон дар назди мардумро ҳам дорад. Бад аст агар иддаи бештаре аз мардум ба сохтору мақомоти маҳаллӣ итминон надошта бошанд. Худо накунад, ки ин эҳтимол ҳақиқат пайдо кунад. Таври маълум, воқеият пайдо накарданаш як роҳ дорад: мардумро гӯш кардану мушкилоташро сареъ ҳал кардан. Магар ин кори душвор аст?