.
Сӯҳбати Тилав Расулзода, хабарнигори махсуси «Бонувони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд, бо олими сиёсатшинос Мунира Акмалова
– Аз касби истиқлолият кардани Тоҷикистон наздик ба 21 сол мегузарад. Аз нигоҳи як бонуи сиёсатшинос, Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ чӣ кишваре буд ва ҳоло он дар кадом марҳила қарор дорад?
– Тавре ки маълум аст, тӯли зиёда аз 70 сол мо дар ҷомеаи шӯравӣ қарор доштем, ки дар баробари он ҳама хубию дастовардҳояш камбудиҳои фаровон низ дошт. Яке аз дастовардҳо ва хубиҳои давлати шӯравӣ ин дар амал пиёда сохтани адолати иҷтимоӣ ва таъмини баробарҳуқуқии воқеии шаҳрвандон ба шумор мерафт. Зани тоҷик маҳз дар даврони шӯравӣ тавонист аз ҳама зулму истибдод комилан озод шавад ва ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварро пайдо намояд. Дастоварди дигари Тоҷикистон ин дар харитаи сиёсии ҷахон ҳамчун як давлат арзи ҳастӣ намудани он маҳсуб мегардид.
Қафо мондани низоми ҷомеаи шӯравӣ аз равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ, сарфи назар кардан аз масъалаҳои доғи миллӣ, фарҳангӣ, динӣ, идеологӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ давлати абарқудрати шӯравиро дучори парокандагӣ кард. Истиқлолияте, ки мо ҳоло чун ганҷ дар даст дорем, бар ивази маҳрумиятҳо ва талафоти зиёд ба даст омад. Дар натиҷаи даргириҳо беш аз 55 ҳазор бача ятим ва 25 ҳазор зан бешавҳар монд. Он солҳо сохторҳои иқтисодие, ки дар онҳо занон фаъолият мекарданд, кам маблағгузорӣ мешуданд. Теъдоди зиёди занон бекор буд. Вале вазъ талаб мекард, ки бачагони ятим, шавҳарони осебдида таҳти ҳимояту ғамхорӣ қарор бигиранд. Дарёфти роҳи ҳалли он ҳама нобасомониҳо ба дӯши занон афтод.
– Чӣ бояд кард, то бонуи даврони истиқлол зиндагии шоиста дошта бошад?
– Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш қарор дорад.Таҷрибаи ҷаҳонӣ баёнгари он аст, ки давраи гузариш мушкилоти худро дорад. Роҳи гузариш ноҳамвор аст. Мо аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар гузаштем. Ба низоми иқтисоди бозаргонӣ ворид шудем. Сохти нави ҷамъиятӣ муносибати инсонро ба маҳсулот, ба ашё, ба арзишҳои маънавӣ тағйир дод. Замону фурсати муайян лозим буд, то мардум ба ин ҳама дигаргуниҳои куллӣ тавофуқ ёбад. Қабл аз ҳама, таҳаввулоте дар шууру зеҳни мардум лозим буд. Аз ҷумлаи мушкилоте, ки то кунун садди пешрафти кишвар мегардад, ин мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ аст. Маҳз тангдастию камбизоатӣ бонувонро водор месозад, ки рӯй ба тиҷорати сарикӯчагӣ, корҳои сангини саҳроӣ, кӯчарӯбию муздурӣ ва муҳоҷират оваранд. Онҳо маҷбуранд, ки барои дарёфти як пора нон аз субҳ то шом дар бозор нишинанд. Аз таълиму тарбияи фарзандон дар канор мондаанд, ки оқибатҳои басо нохуш ба бор хоҳад овард. Барои ҷомеаи кунунии тоҷик ҷавонони боақлу солиму меҳанпараст лозиманд. Тавре ки маълум аст, пас аз имзои Cозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ тадобири зиёдеро ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишвар кор гирифта, то кунун ин сиёсати созанда ва сарнавиштсоз идома дорад. Итминони комил аст, ки дар солҳои наздиктарин бонувон аз ҳама гуна корҳои сангину барои саломатиашон зарарнок озод хоҳанд шуд ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қабл аз ҳама барои беҳбуд ёфтани вазъи бонувон равона хоҳад гардид. Онҳо ба амалӣ сохтани рисолати аслию азалӣ ва муқаддаси хеш: таваллуд ва тарбияи инсони солиму меҳанпараст ва ояндасоз, ба илму тиҷорату сиёсат шуғл хоҳанд варзид. Рӯзгори ободу пурсаодат бештар ба саъю кӯшиши худи бонувон марбут аст.
Агар гуфтаҳои ба соҳаи иҷтимоиёт марбутро хулоса кунем, бори дигар собит мегардад, ки рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Файласуфи арабтабори асри XII Абуаҳл Валида ибни Рушд дар мавриди мавқеи зан дар олами Шарқ иброз дошта буд, ки бонувон қодиранд бузургтарин корҳои зеҳнию ақлиро ба анҷом бирасонанд. Вале дар аксари мавридҳо хурофот ва анъаноти носолими ҷомеа садди роҳи камолот ва зуҳури истеъдодҳои фавқулоддаи онҳо мешаванд. Ҳоло барои зуҳури истеъдод ва кашфи дастовардҳои ҳарчӣ бештари зани тоҷик ҳама гуна заминаҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ фароҳам омадааст. Барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, парвариш ва интихоб намудани кадрҳои варзида ба вазифаҳои масъулиятнок аз ҷумлаи бонувон шаҳодатгари иддаои мо ҳастанд. Вале вақти он расида, то баъзе андешаҳои қолабию шахшуда ва хурофотие, ки дар ҷомеа ҳамоно пойбарҷостанд, чун «Зан бояд таваллуд кунаду дар хона нишинад», «Духтар хонда чӣ хоҳад шуд?», «Аз зан раҳбари хуб намебарояд» ва «Сиёсат кори зан нест» бояд решакан шаванд. Ҷомеа бояд дарк бикунад, ки бидуни ширкати фаъолонаи зан наметавонем ба дастовардҳои иқтисодию сиёсӣ ва маънавӣ ноил гардем.
– Ояндаи ҷумҳуриро чун олими сиёсатшинос чӣ гуна мебинед?
– Мӯътақидам, ки ояндаи Точикистони мо дурахшон аст. Шарти ҳама музаффариятҳои мо даст ба дасти ҳам додан, якпорчаю ҳамдилу хамраъй будан аст. Мо бояд Ватани худро бо дастони худ бисозем ва обод намоем. Бидуни шак, саодат дар дасти худи мост. Роҳи давраи гузариш барои ҳеҷ як кишвар ҳаргиз ҳамвор набуда ва нахоҳад буд. Ҳама давлатҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла, ҳамсояҳои мо низ мушкилоте доранд.
Тилав Расулзода