Лаълҷубаи Мирзоҳасан, шоир ва устоди донишгоҳи Хоруғ, мегӯяд, ки ҳар боре ба бунёдкориҳову созандагиҳо, хиёбону гулгаштҳои зебои шаҳр назар меафканад, нақши дастони занро мебинад. Ба гуфти вай кохи ҷавонон, литсейи президентӣ, бозори нав, театри навсозишуда, бинои идораи радио ва телевизиони Бадахшон, ки симои вилоятро куллан тағйир додаанд, ба шарофати сулҳу оромиш ва Ваҳдати миллӣ арзи вуҷуд кардаанд, ки дар истиқрори он бонувон на камтар аз мардон саҳм гирифтаанд.
Баҳодур Саодатшоев, журналисти собиқадор, бар ин назар аст, ки дар солҳои ноамнӣ ва бесару сомонии кишвар занон бештар аз дигар нерӯҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ баҳри оромии ҷомеа аз худ нақши бориз гузоштанд. Ба бовари вай дили ҳассоси зан-модар, ки ба хотири зиндагии осуда ва шоистаи фарзандон ба ҳама гуна худфидоиҳо тайёр аст ва болотар аз масабталошиву манфиатҷӯии гурӯҳӣ қарор доштани зан боис гардидааст, ки дар фазои сиёсии ҷумҳурӣ чун як нерӯи муташаккил аз худ дарак диҳад. Раҳпаймоиҳои занон бар зидди силоҳ ва нашъамандӣ-ду омили асосии бадбахтии мардум дар он давраи душвору ноором, дар дигаргун сохтани афкори ҷомеа ба сӯйи созандагӣ аз аҳамияти муҳиме бархурдор буда, нерӯҳои солими ҷомеаро водор сохт, ки ба мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб мавқеи фаъолтар гиранд.
Анҷирбегим Мақбулшоева, собиқ раиси кумитаи занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи вилоят, гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ занон аз замони оғози ҷанг, садои эътироз баровардаанд, вале таъсиси кумитаи занон барои муттаҳид намудани занон чун як нерӯи муташаккил мусоидат кард.
Бо талабу дархост воҳидҳои кории кумита дар навоҳӣ таъсис ёфт.Вале дар вилоят дар ин давра бештар аз 60 ҳазор гурезаи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ паноҳ бурда буд ва кумитаи занон лозим донист, ки аз ниҳоди ҷумҳуриявӣ дархости кӯмак кунад. Соли 1994-ум бо сарварии раиси кумита Низорамо Зарифова гурӯҳи занон ба вилоят омад ва баъди ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа ин сафари дуюми намояндагони ҳукумати марказӣ буд, ки ба манзури мулоқот бо мардум ва шиносоӣ бо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ хати ҷабҳаи ҷангро убур кард.
Дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Осоишгоҳи «Гармчашма» пур аз гурезагоне буд, ки пиёда тавассути қаламрави Афғонистон ба ин ҷо омада, интизори баргаштан ба макони зисташон буданд, вале идомаи муқовиматҳо барои амалӣ шудани ин ормону орзуҳояшон имкон намедод ва мулоқот бо онҳо таассуроти ҳузнангез боқӣ гузошт.
Дар гуфтугӯ бо раиси вақти кумитаи иҷроияи вилоят Балхиёр Замиров фикре ба миён омад, ки роҳбарони мухолифин, ки дар ин давра дар Дашти Шери ноҳияи Дарвоз қарор доштанд, ба ҳамоиш даъват шаванд. Бо онҳо тамос гирифтем ва иддае ба ин мулоқот ҳозир шуд. Мухолифин хашму ғазаб ва норизоиашонро бар сари намояндагони ҳукумати марказӣ фурӯ рехтанд ва ҷониби дигар бо сабру таҳаммул онҳоро гӯш мекард.Ба андешаи ман, чунин мулоқотҳои намояндагони ҳукумат ва мухолифин зина ба зина барои ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшандагӣ замина гузоштанд. Давлатсултон Раҳмихудоева, сокини Хоруғ, ки фаъолона дар ташаббусҳои шаҳрвандии бонувон ширкат варзидааст, чунин изҳор дошт:
– Ҳаёт ва маргро танҳо Худованд ба инсон ато мекунад ва ҳеҷ каси дигар ҳуқуқ надорад, ки шахсро аз ҳаёт маҳрум намояд. Марги фарзандон дар кадом тарафи ҷабҳае, ки онҳо қарор надоштанд, бештар аз ҳама модаронро ҷигарсӯхта мекард ва аз ин рӯ, на ба хотири мансабу манфиатҷӯйӣ, балки чун як модар довталабона дар маҳофил ва маъракаҳои баргузорнамудаи кумитаи занон ширкат меварзидам.Занон ягона нерӯе буданд, ки муттаҳидии бештареро аз худ нишон медоданд ва бисёре аз модароне ҳам, ки фарзандонашон узви фаъоли гурӯҳҳои мухолифин буданд, дар ҳаракати бонувон барои истиқрори сулҳу амният ширкати фаъол меварзиданд.
Анҷирбегим Мақбулшоева изҳор дошт, ки ҷангро одатан мардҳо оғоз мекунанд, вале барои хомӯш намудани алангаи он тамоми нерӯҳои солими ҷомеа худро масъул мешуморанд ва дар ин байн занон рисолатеро анҷом доданд, ки табиатан аз ниҳод ва сиришти зан-модар бахшандаи ҳаёт бармеомад.Ба ақидаи вай, дар истиқрори сулҳу Ваҳдати тоҷикон абармардони кишвар ҷаҳду талошҳои бештаре ба харҷ додаанд. Дар он лаҳзае, ки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дасти ҳам фишурданд, ба дигар афрод ва гурӯҳҳо чорае ҷуз аз пайравӣ намудан ба бузургтарин фазилати бахшандагии ин инсонҳои шариф боқӣ намонд ва модарон воқеан Ваҳдату ҳамгироиро атои худовандӣ мешуморанд.
Бо чанд бонуе, ки дар пешорӯи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру навоҳии Бадахшон хамсӯҳбат шудем, мегӯянд, ки бо гузашти 15 - сол аз истиқрори сулҳу Ваҳдат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, аммо таҳким ёфтани амнияту субот ва фароҳам гардидани фазои осоишта ва созандаро барои шаҳрвандони мамлакат аз арзишҳои бузургтарини ин падидаи беназир арзёбӣ мекунанд.
Ш.Мирзоҷалол