Ваҳдат арзиши муқаддас будаву онро барои пойдории давлату сарҷамъии миллати тоҷик ба мо Худованд дар мавриди мувофиқе ато намуд. «Инак, Ваҳдати 15-солаи мо!» – гуфта метавонем бо ифтихор. Ваҳдате, ки дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ ба миён омада, аз ҳастии миллати бузургу тамадунофари тоҷик ба ҷаҳониён паём расонд.
Мутаассифона, тӯли ин муддат ҳамасола иддае аз норозиёни раванди сулҳ ҳаққи мардум будани Ваҳдати моро сарфи назар карда, иддао пеш меоранд, ки гӯё: «Ваҳдат зери хатар аст», «Созишномаи Сулҳ дуруст иҷро намешавад» ё чизи дигар. Вале, мутаассифона, ин афрод як чизи аз ҳама муҳимро ба инобат намегиранд, ки ҳадафи аслии сулҳ ин фақат тақсими вазифа набуд. Қаҳрамонони Сулҳи тоҷикон ҳадафҳои асоситар ва арзишмандтар доштанд. Мебоист, сангарҳоро аз миён бардоранд, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, кинаву адоват аз дилҳои мардум бизудоянд. Ин нуктаро ҳанӯз чанд сол қабл ҳам метавонистем бигӯем, ки эшон ба мақсад ноил гардиданд. Дар давоми ин 15 сол фардҳое аз гурӯҳҳои алоҳида кӯшиши зери шубҳа қарор додани Ваҳдати моро доштанду доранд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардуми ба ваҳдатрасида ин суботу осудагии Ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунанд. Зеро барои ин зумра инсонҳо Ваҳдат ин суботи ҷомеа, сарҷамъии мардум ва амнияти сарзамини аҷдодист.
Ваҳдати миллат ба хотири он буд, ки модарон осуда фарзандонашонро ба хизмати Ватан фиристанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун модар барояшон муқаддас аст. Ваҳдат ба хотирест, ки оянда аз хандаи беғаши тифлон оҳанги сурур эҳсос шавад. Ваҳдат ба хотири он буд, ки гурезаҳои дар дашту саҳроҳои хориҷи кишвар мотамбасару дастнигар ба хонаи худ, ба Ватан баргардонида шаванду қатли бародар бо дасти бародар хотима ёбад. Ваҳдат ба хотири якпорчагии марзу буми тоҷикон буд. Ваҳдат на танҳо ба хотири раҳоӣ аз гушнагиву қашшоқӣ, балки обод сохтани вайронаҳои ҷанг, малҳам шудан ба реши дили модарони фарзандшаҳид буду ҳаст. Ваҳдат ин на танхо хони пурнон, ҳамчунин осудагии виҷдон ва пойдории имон аст. Ваҳдат ин аст, ки мо ба фардои будани худу насли оянда эътимод дорем.
Барои Ваҳдате, ки тоҷикон аз ҷодаи хештаншиносӣ ба он расидаанд, пешвоёни мардумии мо гузаштҳои зиёде кардаанд. Роҳе, ки ба Ваҳдат мерасонад, азхудгузаштанхо, қурбонии мансабу қудрат ва ҳатто фидои ҷонро металабид. Қаҳрамонҳои Ваҳдати миллии тоҷикон ба сари баланд онро гузаштанд. Сафар Саидов, нафақагири ифтихорӣ, ки дар солҳои нооромии Тоҷикистон раисии ноҳияи Ҷалолиддини Румиро ба ӯҳда дошт, мегӯяд: «Зимни як сафар ба Афғонистон бародарони ҳамзабони афғон ба мо гуфта буданд, ки он иқдомеро, ки дар роҳи Сулҳу Ваҳдат пешвои шумо - Эмомалӣ Раҳмон гузошт, таърихи ҷаҳон ёд надорад. Дар он рӯзи тақдирсоз ду маротиба чархболи Тоҷикистон кӯшиши дар Афғонистон нишастан кард, аммо дар поён тирпаронии шадид мерафт. Билохира чархбол дар хоки Афғонистон фуруд омад. Наметавон истисно кард, ки шояд он лаҳзаҳо мили садҳо яроқ тарафи чархболи Президенти Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Вале дар чунин вазъи хатарнок ҳам ӯ аз роҳаш нагашт. Аз ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон, ки паёми сулҳу зиндагӣ дар пай дошт, рӯҳияи мардум нисбат ба Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон дигаргуна гашт. Он рӯз ҳайати ҳукуматӣ ва қумандонҳои аршади Афғонистон толиби сулҳи тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмонро мисли як қаҳрамони миллии худ истиқбол намуданд. Зеро ба хотири фардои халқу миллат дар мавзеи ҷанг вуруд омадану ҷониби силоҳбадастон оғӯши сулҳ кушодан як қадами бузурге барои расидан ба Ваҳдати миллӣ буд, мегӯяд мардуми Афғонистон».
Онҳое, ки ба фишору хатар нигоҳ накарда, мардумро ба Ватан баргардониданд, имрӯз ҳақи онро доранд, ки бигӯянд: «Дигар касе ин Ваҳдати миллии моро, ки парвардаи орзуву омоли мардуми тоҷик аст, халалдор карда наметавонад». Зеро мақсад аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таъмини пойдории амнияту оштӣ буд. Миллати ранҷбару азиятдидаи мо тамоми мушкилоти даврони баъдиҷангиро паси сар намуда, акнун тоза ба марҳилаи ободию созандагии Ватан ворид шудааст, то дар ояндаи наздик зиндагии шоистаеро бисозад.
Оре, Ваҳдати миллӣ моли халқ аст, ки бо ҷоннисорӣ ва сарвариву роҳбарии мардони хирад ба даст омад. Ва ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба он сояи шубҳа андозад. Баръакс, ҳар инсони худогоҳро мебояд барои пойдории Сулҳу Ваҳдат, ки ҷумлаи комёбию муваффақиятҳои мо дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулият дошта бошад. Зеро ҳамин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки миллати моро аз шармандагии бародаркушӣ наҷот дода, ҷомеаро сӯйи ободонию пирӯзиҳо мебарад. Ваҳдатро фарзанди зодаи хиради тоҷикон метавон номид. Тоҷиконе, ки дар таърихи башар ба инсондӯстиву хайрхоҳӣ шинохтаву эътироф гаштаанд, ба ҳайси як миллате ҳамчунин хоҳанд монд.
Эҳдои худовандӣ буд андешаи дасти сулҳу оштӣ ба ҳам додани ду тоҷике, ки барои муддате дар ду сангар қарор дошт. Раҳми Парвардигор ба халқи азияткашидаву бегуноҳи тоҷик, ки ба даргириҳои нозарури мансабхоҳон кашида шуда буду пайи оташ задани зодбуми хеш раҳгум зада, қодири ҳар амали зишт мегашт, омад ва ҳушёраш намуд, ки аз роҳи хато баргардад. Ва дар ин роҳ фозилмардоне аз худ гузаштанҳо кардаву иқдоми нахустин гузоштанд, пеш даромаданд, хатову гуноҳи ҳам бахшиданд. Ва ояндаи миллату меҳанро бо чашми адолату ҳақ дида тавонистанд, ба мардуми хеш такя карданро дарк намуданд ва то имрӯз баҳри пойдории сулҳ ва истиқрори он сарсупурдагиҳо намуданд.
Зиҳӣ сулҳи пойдори тоҷикон, Ваҳдати мо ҷовидона хоҳад монд.
«Бонувони Тоҷикистон»