Ин тарзи масъалагузории раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосияи нӯҳуми даъвати чорум сурат гирифт, ки рӯзи 14 – июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор шуду баррасии 57 масъаларо дар бар мегирифт. Дар ин иҷлосия ба 36 – қонун тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки яке аз ин тағйиротҳо пазируфтани - 9 декабр ҳамчун рӯзи геологҳо ба ҳисоб мерафт.
Ҳарчанд наметавон иддао кард, ки шунидани суханрониҳои қолабии (протоколӣ) бархе аз раисони кумитаҳои Маҷлиси Миллӣ имкони дарки моҳияти тағйиротро ба 36 қонун доданд, вале шояд иттилои ночизе аз зарурати ворид намудани ин қадар тағйирот насиби ҳозирин гардид.
Масалан аз шарҳи норӯшани Маҳмадшо Илолов – раиси кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ дарк кардан душвор буд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро барои ҳимояи моликияти зеҳнӣ Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо дар Кодекси гумруки ҶТ» мушаххас мекунад, ё тағйиротҳои воридгашта ба Кодекси ҷиноятии ҶТ?
Дар ҳар сурат, бо исрори зиёди раиси Маҷлиси Миллӣ перомуни норӯшан баррасӣ шудани моҳияти тағйиротҳои воридшуда, чанд маротиба суханрониҳои раисони кумитаҳо бурида шуду таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси Миллӣ бояд аз қолабҳо баромада, фаҳмову ошкоро сухан гуфтанро омӯзанд. Ҳамин тариқ, суханронии М.Илолов оид ба 22 қонуни барои тасдиқ пешниҳодшудаи дигар низ бо усули номуваффақи қолабӣ ва қироати матни тайёри нофаҳмо поин ёфт. Раис аз ин ҳолати ногувор, ки тағйири он дар ин ичлосия ғайриимкон буд, ошуфта гашта, супориш дод, ки дар иҷлосияҳои баъдӣ баромадкунандагон омодагии ҷиддӣ бигиранд. Зеро бо сабаби аз доираи матни тайёр баромада натавонистани «шореҳон», ҳанӯз ҳам сабаб ё зарурати ворид кардани тағйироти ба зиндагии мардум то кадом андоза таъсиргузор будани ин қонунҳо, кадом паҳлӯҳои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонро беҳтар кардани ин теъдоди калони қонунҳои баррасишаванда боз ҳам барои аҳли толор норӯшаниҳои зиёде дошт.
Дар ҷомеаҳои маданӣ нафаҳмидану пурсидан айб набуда, баръакс рафтори муқаррарӣ ва ҳатто оқилона аст. Ёд дошта бошед, замони мактабхонӣ муаллим дар анҷоми дарс ба аҳли синф муроҷиат намуда, мегуфт: «Кӣ, чиро нафаҳмид? Савол доред?» Бепосухии аҳли нишастро устод чунин ташреҳ медод: «Ё ҳамаро фаҳмидед, ё ҳеҷ чизро нафаҳмидед!». Варианти сеюмро муаллим шарҳ намедод, зеро медонист, ки талабаҳо ҳарчи зудтар пароканда шуданианду барояшон чизе муҳим нест.
Ба назар мерасад, ки дар маҷлису иҷлосияҳои мо низ ин ҳолатро дарк кардан душворӣ надорад. Ҳади ақалл барои он ки кас ба суханронии бисёрии музокиракунандагон сарфаҳм намеравад. Бар илова, чун аз толорбудагон мепурсанд, ки «касе суол дорад?», ё «нофаҳмие нест?», нафаре пурсиданро ба худ муносиб намебинад. Гӯё ҳама чиз фаҳмосту суолу пурсише нест.
Дар ҳоле, ки кулли аъзои Маҷлиси Миллӣ намояндагони касбу корҳои гуногун буда, бештар дар маҳалҳо рисолати сарвариро ба ӯҳда доранд ва барои ошноӣ бо маводи иҷлосия тамоман вақти кам дода мешавад, кӣ кафолат медиҳад, ки ҳама чиз барои ин қонунгузорон фаҳмост?
Дигар ин ки бо мутолиаи якбораи маводи ҳуқуқие чун қонун, ҳатто ҳуқуқшиносон барои фавран дарк намудани моҳияти он душворӣ мекашанд. Вале оё кафолате вуҷуд дорад, ки бо як назари сатҳӣ (маъзарат) ҳар кадоме аз аъзои Маҷлиси Миллӣ ба ин қонунҳои тозаэҷод ё бо тағйироти бешумори ба қонунҳо воридшаванда моҳияти қонунҳоро дарк кардаанд? Ва солҳост, ки тӯли 3–5 дақиқа маъмулан руасои кумитаҳо номи қонун, аз ҷониби кӣ пешниҳод шудани он, кай қабул шудан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва илова кардани ибора ё калимаеро чун тағйирот ба қонун «маънидод» мекунанд. Дигарон бо пахши тугмача онро мепазиранд ва суоле ҳам намекунанд. Аҷиб аст, албатта…
Аммо дар иҷлосияи охирин аҷибтар он буд, ки бо исрори чандинкаратаи М. Убайдуллоев низ кадоме аз раисони кумита берун аз матни ба ибораи раис «трафаретӣ» - и суханрониаш берун шуда, чор ҷумлае гуфта натавонист, то касе чизе бифаҳмад. Чаро нафароне дар ин сатҳи баланд бо ду сухани тоҷикӣ фаҳмонида наметавонанд, ки моҳияти ин қонун ва ё тағйироти ба он воридшуда чист? (Ин ҷо ба тариқи истисно метавон аз собиқ узви Маҷлиси Миллӣ Матлубхон Давлатов ёдовар шуд).
Пас, дар ду-дуюним соат «бо як овоз»,-и «зид нестам» тасдиқ намудани 43 қонун, бар пояи ҳақиқате ки: «ҳама чиз фаҳмост» буда метавонад?
Даъвои он ки дар кумитаҳо ин лоиҳаҳо васеъ муҳокима мешаванд низ дар ҳоле, ки Маҷлиси Миллӣ доимоамалкунанда нест, бовар нокарданист. Бо мутолиаи якдафъаина қонунро пурра фаҳмидан (боз 40-50 қонунро) ва болотар аз он бо эътимоди комил ба дурустии он овоз додан, ғайриимкон наменамояд? Фикр намекунам барои аъзои Маҷлиси Миллӣ, ки аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ меоянд ва масъули масъултарин корҳоянд, ҳазми чунин миқдор маводи сирф ҳуқуқӣ осон бошад. Суоли матраҳ ин аст, ки барои қонунгузорони сатҳи болоии Парлумон моҳият, зарурати қабули қонунҳо ё тағйирот, муҳим нест, ки таваҷҷӯҳе аз ҷонибашон намешавад?!
Шояд тӯли солиёни мавҷудияти парлумону шакли батағйири кори дастгоҳҳои он расм шудааст, ки аъзои Маҷлиси Миллӣ ё аниқтараш раисони кумитаҳо, ки дар иҷлосияҳо салоҳияти аз минбар шарҳ додани қонунҳоро доранд, чанд ҷумлаи қолабиро аз рӯйи коғаз бихонанд? Агар чунин аст, чаро то имрӯз аз ин шакли камтаъсир ё беаҳамияти сирф расмӣ берун нашавему ба шакли муосири коргузорӣ ё баргузории иҷлосияҳо нагзарем? То воқеан ҳозирин (хоса нафароне, узви Маҷлиси Миллианд) бифаҳманд, ки ба чӣ хотир ин қонун ё тағйиротро қабул мекунанд?
Ба ҳар сурат, дар ин иҷлосия низ агар ташреҳи саривақтии раиси Маҷлиси Миллӣ ба аксари лоиҳаҳои қонунҳои баррасишаванда намебуд, барои ширкатдорони иҷлосия нофаҳмиҳои зиёде боқӣ мемонд.
Шояд ба рафти иҷлосияҳо, аниқтараш усули ташреҳи қонунҳо ба назари интиқодӣ нигоҳ кардан, ё назари дигар доштан дар мавриди тағйири протокол, ё дар бораи тарзи норӯшани қабули қонунҳо иброз намудани назарро баъзеҳо то ҳанӯз «хатои сиёсӣ»» мешуморанд. Вале хомӯшу бетараф буданро ҳатто дигар худи раис ҳам қабул надорад. Зеро маҳз бо ин сабаб ё бо ин айб фаъолияти парлумон, хоса Маҷлиси Миллӣ тӯли солҳои мавҷудияташ ношаффоф монда аст. Ҳатто аксари воситаҳои ахбори омма ба ҷуз як хабари хушк ба мардум чизи дигаре дар ин маврид дода наметавонанд.
Мо низ дар ин маврид то шахсан изҳори назар кардани Раиси Маҷлиси Миллӣ, солиёни зиёде сабурӣ кардем, ки шояд вазъ рӯзе тағйир мехӯрад. Оё касе метавонад бигӯяд, ки шарҳи қонунҳои қабулшаванда барои мардум зарурат надорад? Дар ҳоле, ки ба иҷлосия хабарнигорон даъват мешаванд, чаро то ҳол боре касе ба ташвиш намеояд, ки онҳо бо чӣ иттилое берун мераванд? Ба хонандаву бинандаву шунавандаи хеш чӣ хабару далелу арқоме пешниҳод месозанд? Чаро то имрӯз касе пешниҳоде надорад, ки беҳтар аст масъулин баъд аз иҷлосия ҳадди аққал тӯли 30 дақиқа бо хабарнигорон мисли нишасти матбуотӣ суолу ҷавоб дошта бошанд, то онҳо моҳияти масъалаҳои баррасишудаи ин маҷлисро ба мардум дуруст расонанд?
Чаро ҷомеа то ҳол аз нақши Маҷлиси Миллӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии хеш огоҳии сатҳие беш надорад? Дар ҳоле, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Миллиро тариқи барномаи «Ахбор»-и телевизион тибқи иттилои Самариддини Айниддин, сармуҳаррири идораи мазкур, аз 30 сония то 1 дақиқа ба истилоҳи телевизионӣ «немой», яъне «гунг» нишон медиҳанд, бинанда, яъне мардум дар 30 сония чиро мебинад? Агар, иттилое ҷуз баргузории иҷлосия намегирад, пас бояд аз куҷо дарёбад, ки чӣ масъалаҳои ҳаёташонро дар ин сатҳи олии қонунгузорӣ баррасӣ кардаанд?
Бо ин қадар беиттилоии ҷомеа аз фаъолияти Парлумон баъдан менолем, ки чаро рӯзноманигорон ё бархе аз мардум парлумониҳоро «тугмачазеркунак» меноманд? Ку шарҳу эзоҳе, ку мақолаву матлабҳои ташреҳии ҳуқуқӣ барои ҷомеа? Бо ин усули инъикоси ба қавли Убайдуллоев «трафаретӣ» - и рӯзномаи «Садои мардум», ки стенограммаи иҷлосияҳост, бисёриҳоро норӯшаниҳои фаъолияти қонунгузорӣ нигарон месозад. Фарз кардем 5% ҷомеа аз рӯзнома ё аз сарчашмаи дигаре иттилоъ пайдо намуд, ё бархе аз онҳо парвои кори қонунгузорон надорад, оё 95 % дигар ба Парлумону қонунэҷодкуниҳояш коре надорад?
Пас чаро нигаронӣ аз он мекунем, ки тӯли солиёни зиёде эътимоди мардум ба вакилону аъзои Маҷлиси Миллӣ намеафзояд, ё нақши эшонро дар ҳаёти худ камранг мебинанд? Наход то имрӯз ин шохаи ҳокимияти давлатиро масъалаи идроки сиёсии ҷомеа ба ташвиш наовардааст?
Шояд касе ёфт мешавад то бигӯяд, ки зарурат нест, ки ҷомеа ба кори парлумон пурра сарфаҳм равад?!
Пас, бо ин тарзи фаъолият осонакак метавон парлумонро аз халқ, вакилро аз интихобкунанда, қонунҳоро барои гурӯҳи хос ҷудо карда, саводи сиёсии ҷомеаро ба сатҳи аз ин ҳам поинтар бурд.
Дар ин ҳол ташвишовар нест, ки чаро сухани воизони динӣ аз иттилои сиёсиву ҳуқуқиву идеологӣ ба мардум пештар мерасад? Пас ҳоло ҳам тааҷҷуб кунем, ки баъзеҳо нафарон чаро дар ҷомеа ихлосмандони зиёд доранду барзе аз мансабдорон не? Ба болои ин чаро акнун мансабдорон бояд биноланд, ки барои чӣ фалониву бисмадонӣ шинохтаанду эътироф мешаванду онҳо не?
Ҷавоб якест: Барои он ки чунин нафарон чун аксар соҳибмақомони мо «серкор», «махфӣ», «дастнорас» ва «нестандарҷаҳон» нестанд! Кору фаъолияти хешро ба қавли имрӯзиён PR, яъне таблиғ карда метавонанд. Дигар ҳеҷ! Аз рекламаи як доруе хулоса баровардан мумкин, ки тарғиб чӣ таъсире дорад. Пас чаро барои тарғиби фаъолияти як шохаи ҳокимияти давлатӣ, ки амаликунандаи муҳимтарин бахши сиёсати давлатӣ-қонунгузорист, то ҳол ба таври муосир роҳандозӣ намегардад? Ё муҳимтар аз ҳама риояи протокол аст?
Шояд то ба ҳол касе фикр накардааст, ки узви Маҷлиси Миллӣ, бонуе аз Мурғоб, аз садҳо километр роҳ бо азобе зимистони сарду тобистони гарм ба Душанбе омада, аз чунин иҷлосияҳо чӣ мефаҳмаду бо чӣ кӯлборе ба минтақааш бармегардад?
Ӯ ба унвони як бонуи парлумонӣ ба мардум аз чӣ сӯҳбат мекунад? Сиёсати давлатро чӣ тавр шарҳ медиҳаду дигаронро аз пушти худ то куҷо мебарад?
Агар ин ва ҳама масъалаҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқии дигари кишвар, ки метавонанд ҷомеаи моро ба даҳсолаҳо аз лиҳози сиёсӣ, зеҳнӣ ва идеологӣ пеш бубаранд, касеро ба ташвиш наорад, пас дигар на дар бораи Парлумон менависему на ба қавли мансабдоре «хатои сиёсӣ» мекунем. Ё чун дигарон хомӯшу осуда зиндагӣ кардан беҳтар аст?